КОНИБОДОМ Боздошти гумонбарони кушторҳои пайиҳам
Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом «кушода шуда», алайҳи чанд нафар парванда боз шудааст.
Дар робита ба кушторҳо алайҳи
- Худойбердиев Солеҳҷон Набиевич, таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ;
- Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович, таваллудаш 10 майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ;
- Равшанов Бахтиёр, таваллудаш 29 майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор;
- Одилов Манучеҳр Солиҷонович, таваллудаш 22 апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоев
парванда боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд.
«Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад», -хабар медиҳад Прокуратураи генералӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ