Конор Макгрегор: Ҳабиб аз ман сахт метарсад
Конор Макгрегор изҳор намудааст, ки Ҳабиб аз ӯ сахт метарсад ва аз ин рӯ рақобати такрориро намехоҳад, хабар медиҳад MMA Fighting.
Конор Макгрегор охирин бор тирамоҳи соли 2018 вориди майдони набард шуд ва аз ҳарифи худ размандаи доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов шикаст хӯрд.
Аз он замон то имрӯз Конор дар ҳасрати баргузор кардани рақобати такрорӣ бо Ҳабиб мебошад. Ба гуфтаи Макгрегор ҳамаи ҷонибдорони ин намуд варзиш дар орзуи дидани боз як рақобати ӯ ва Ҳабиб мебошанд.
«Ин рақобатро ҳама мехоҳанд, роҳбарияти UFC… ҳамаи мо… танҳо Ҳабиб намехоҳад, чун сахт метарсад. Вай аз ман мегурезад, вале роҳи пинҳон шуданро надорад. Ман дар интизори вохӯрӣ бо Ҳабиб ҳастам», — изҳор намудаст Конор Макгрегор.
Бояд гуфт, ки охирин бор Конор Макгрегор 6 — уми октябри соли 2018 вориди Октагон шуд, вале аз ҳарифи худ размандаи доғистонӣ шикаст хӯрд.
Ҳарчанд Ҳабиб ӯро бо роҳи буғӣ кардан мағлуб намуд, аммо Конор то ҳол дар орзуи баргузор шудани рақобати навбатӣ мебошад.
Ҳабиб бошад, даъвати ӯро борҳо рад намуд ва изҳор дошт, ки зарурати баргузор кардани муҳорибаи такрориро намебинад.
Зимнан, размандаи ирландӣ рӯзи 18 — уми январи соли ҷорӣ дар Лас- Вегас бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Серроне вориди муҳориба мешавад.
Ҳамзамон, Ҳабиб низ рӯзи 19 — уми апрел дар Амрико барои ҳифзи камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни сабук бо Тони Фергюсон рақобат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ