Конор Макгрегор дар соли 2021 чӣ қадар маблағ кор кард?

Ҳарбкори ирландӣ Конор Макгрегор дар сабқати UFC ду маротиба аз Дастин Поре шикаст хӯрд. Аммо, тибқи фарзияи Forbes, даромадҳои дигар Конорро сарватмандтарин варзишгари ҷаҳон карданд.

Гуфта мешавад, ки моҳи апрели соли 2021 Макгрегор аксарияти саҳмияҳои бренди худ — вискии Proper Twelwe-ро ба ширкати Proximo Spirits фурӯхта, 150 миллион доллар ба даст овардааст.

Тибқи маълумоти Forbes, даромади Конор дар соли 2021 аз шартномаҳои сармоягузорӣ 158 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Дороии умумии Конор дар соли 2021-ум 400 миллион доллар гуфта мешавад. Мувофиқи маълумоти Forbes, фоидаи соф (пас аз пардохтани андозҳо)-и ба даст овардаи ӯ дар як сол 180 миллион долларро ташкил додааст. Ин маблағ аз дороии дилхоҳ варзишгар дар тамоми ҷаҳон бештар будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *