Конор Макгрегор мехоҳад рекорди баландарини нокаутро шиканад

Яке аз муштзанҳои машҳуртарини UFC Конор Макгрегор дар шабакаҳои иҷтимоии худ изҳор дошт, ки омода аст рекорди нокаутҳои баландтаринро шиканад.

Варзишгари ирландӣ навишт, ки Матт Брауни 42-сола ахиран пирӯзии 13-уми нокаути худро ба даст овард ва дар ин нишондод бо Деррик Люис баробар шуд. Конор қайд кард, ки вай ба осонӣ ин рекордро мешиканад.

“Ман дар 34-солагиам ҳашт нокаут дорам. Ман ин рекордро дар UFC ба даст хоҳам овард”,- афзуд Макгрегор.

Ёдовар мешавем, ки Конор Макгрегор дар тӯли фаъолияти худ 22 пирӯзӣ ва 6 шикаст дорад. Бори охир ин муштзани аҷибу ғариби ирландӣ моҳи июли соли 2021 вориди ринг шуда буд. Пас аз он Конор дар муҳориба бо Дастин Поре аз пояш осеб дид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *