Конститутсияи нави Ӯзбекистон эътибор пайдо мекунад, агар…

Дар таҳрири нави Конститутсияи Ӯзбекистон шумораи моддаҳо аз 128 ба 155, меъёрҳои конститутсионӣ аз 275 ба 434 зиёд шуданд.

Рӯзи чаҳоршанбе мушовири сафорати Ӯзбекистон дар Маскав Зокир Зоитов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар Ӯзбекистон рӯзи 30-юми апрел дар сурати тасвиби раъйпурсӣ фавран эътибор пайдо мекунанд.

«Конститутсия ягона қонуне хоҳад буд, ки бидуни имзои президент эътибор пайдо мекунад. Пас аз эълони натоиҷи раъйпурсӣ»,- посух дод ӯ дар брифинг ба саволи хабарнигорон дар бораи он, ки кай ин тағйирот дар сурати тасвиби он эътибор пайдо мекунад.

10-уми март палатаи қонунбарор (поёни) парлумони Ӯзбекистон лоиҳаи қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро тасдиқ намуда, тасмим гирифт, ки санаи 30-юми апрел рӯзи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ таъин карда шавад. Ин қарор баъдтар аз тарафи сенат (палатаи болоӣ) низ тасдиқ карда шуд.

Дар таҳрири нави Конститутсия шумораи моддаҳо аз 128 ба 155, меъёрҳои конститутсионӣ аз 275 ба 434 афзоиш ёфт. Ҳамчунин моддае ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он дар баробари мансаби президент як шахс наметавонад беш аз ду муҳлат пай дар пай вазифаҳои Раиси Маҷлиси қонунгузор, Раиси Сенат, Раиси Суди Олӣ, Раис ва Муовини Раиси Шӯрои Олии Судяҳо, Раиси Комиссияи марказии интихобот, Прокурори генералӣ ва чанд вазифаи дигарро ишғол намояд.

Ташаббускори ислоҳоти конститутсионӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *