Корҳои бостоншиносӣ дар Ховалинг идома доранд
Бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва геологҳою бостоншиносони Федератсияи Россия дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон корҳои бостоншиносии мавсими навро оғоз намудаанд.
Дар ин бора Машраби Абдуллоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, илова кард, ки ҳайати гуруҳро бостоншиносон бо роҳбари Шарипов А., Ашурмадов И., Бурҳонов Ғ., аз Тоҷикистон, геологҳову бостоншиносон Қурбанов Р. К. н. и. т., Анойкин А. А. д. и. т., профессор Чистиков П., Филатов Ё. А. Мещерякова О. А., Токарева О. А., Кулакова К. П аз Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.
— Муҳаққиқони Тоҷикистону Россия дар ёдгориҳои Лоҳутӣ, Обимазор ва Хонақоҳ корҳои геобостоншиносиро оғоз намуда, дар бошишгоҳи Лоҳутӣ IV ду ҳафриёт гузоштанд. Ҳафриёти якум дар қабати палеолити панҷум ва ҳафриёти дувум бошад, дар қабати палеолити шашум гузаронида шуд. Ҳангоми ковиш зиёда аз сад олоти сангӣ дарёфт гардид, ки маҳсули дасти инсони замони палеолит буда, дар дохилашон олотҳои меҳнат, аз ҷумла чопер, нуклеус, пластина, атшеп ва дигар намуди олоти меҳнат, инчунин устухонпораҳо ва як дандони ҳайвонот пайдо ва дастраси мутахассисон гардид. Ин натиҷаи хуби рафти корҳои бостоншиносӣ аз чунин як ёдгории замони қадимтарини таърихи кишвар мебошад. Бозёфтҳо дар озмоишгоҳҳои дохили кишвар ва дигар марказҳои илмӣ мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд гирифт,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки корҳои геобостоншиносӣ то санаи 10.06.2022 идома меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ