Кордкашӣ дар Турсунзода: Бо корд ба гарданаш задааст
Маркази матбуоти ВКД бо такя ба маълумоти ШВКД дар шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки 13-уми май дар шаҳри мазкур ҳодисаи кордкашӣ рух додааст.
Бино ба маълумоти дарёфтшуда, ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Турсунзода марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо корд ба гарданаш зада, захмӣ кардааст.
Ҳодиса дар ҷойи кори ҷабрдида, дӯкони таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар дохили бозори “Баракат”-и шаҳри Турсунзода ба вуқуъ омадааст.
Ба гуфтаи кормандони милитсия, сабаби куштор ҳамдигарнофаҳмӣ будааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ