Корхонаи коркарди тибит дар ноҳияи Роштқалъа
Чанде пеш дар деҳаи Занудҷи ноҳияи Роштқалъа корхонаи коркарди тибити кашмирӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Ин иқдом аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Бунёди Оғохон маблағгузорӣ гардида, барои корҳои сохтмонӣ маблағи 15 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Корхона бо таҷњизоти нави замонавии истеҳсоли давлати Олмон муҷаҳаз гардонда шуд. Имрӯз дар ноҳия дар заминаи ин корхона коркарди тибити бузи кашмирӣ роҳандозӣ гардида, 18 нафар занону духтарони хонашини деҳаи Занудҷ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.
Ба гуфти масъулини корхона маҳсулот ва ашёи хом барои коркард сари вақт дастрас гардида, коргарон ба замми ресидан боз ба бофтану тайёр намудани ҳар гуна ҳунарҳои дастӣ, ба монанди ҷӯробу тоқӣ, либосҳои гарми зимистонаи мӯинагӣ шуғл меварзанд, ки аз ин ҳисоб рӯзгорашонро пеш мебаранд.
Шаҳнавоз Маҳбатшоев,
шаҳри Хоруғ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ