Корхонаи сементи Душанбе баста мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад.

Бино ба иттилоъ аз ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон, “ҳадафи ин тасмим, пеш аз ҳама, софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахт, шаҳри Душанбест. Зеро корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст. Гузашта аз ин, тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад”.

Гуфта мешавад, ки агар дар гузашта корхонаи сементи Душанбе бузургтарин ва ҳатто ягона чунин корхона дар ҷумҳурӣ буд, солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент», «Тоҷ-Чайна» ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. “Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намуда, содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд”,- гуфта шудааст дар ҷаласаи ҳукумат.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор аст, ки дар маҳали корхонаи сементи Душанбе як силсила биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шаванд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *