Корманди масъули 39 солаи фурӯдгоҳ фавтид

Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, масъули қайду гусели мусофирони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар синни 39-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Яке аз ҳамкорони Ҷаҳонгирзода дар суҳбат бо хабарнигорон Тоҷикистон гуфтааст, ки марҳум тайи панҷ рӯзи охир дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буд. Маросими ҷанозаи марҳум баъди зуҳри дирӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор гардидааст.

Сабаби даргузашти Ҷаҳонгирзода гуфта нашудааст, аммо дар шабакаҳо аз қавли ҳамкоронаш иттилоъ дода шуд, ки дар бадани ӯ коронавирус пайдо гардидааст.

Ҳамкорон аз Ҷаҳонгирзода ҳамчун инсони хоксор, хушчақчақ, зиндадил ва хайрхоҳ ёд мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Рӯзи гузашта ин омор 18 нафарро ташкил дода буд.

Расман аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13 499 нафар гирифтори ин вабо шуда, то ҳол 13 302 кас шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон аз коронавирус ҳамоно 90 нафар арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *