Кормандони медиахолдинги “Оила” ваксина гирифтанд
Бо дастгирии вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода пас за нисфирӯзии имрӯз, 5-уми июл кормандони бемористони рақами 15-и шаҳри Душанбе ба кормандони медиахолдинги “Оила”-ро ваксина гузаронданд.
Малика Сангова, табиб, Ганҷина Шомирзоева ва Мадина Абдуллоева ҳамшираҳои шафқат тамоми кормандони ҶДММ “Оила”-ро ваксина карданд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар 24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19 эмин нигоҳ нигоҳ дорад.
Боиси зикр аст, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон ва марҳилаи дуюми он 25 май оғоз гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ