Корномаи таърихии Темур Раҳимов: Аввалин медали тиллои Гранд Слам
Ҷудокори саршиноси кишвар Темур Раҳимов дар рӯзи охири баргузории мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» миёни сангинвазнҳо (+100), ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардид, аввалин нишони тиллои мусобиқоти Гранд Сламро ба даст овард, ки нахустин медали тиллои ин мусобиқот дар таърихи ҷудои кишвар маҳсуб меёбад.
Темур дар даври ниҳоӣ ҷудокори ӯзбек Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон мағлуб кард ва ғолибият ба даст овард. Ин музаффарият ба Темур 1000 имтиёзи олимпӣ дод ва рейтинги ӯро дар садри аввали беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон қарор дод.
Даври аввалро Темур Раҳимов озод паси сар кард. Рақобатро дар даври дуюм ба муқобили ҷудокори исроилӣ Серафим Компаниез оғоз кард ва ба ӯ бо усули осаикоми пирӯзӣ ба даст овард.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо Саба Инанейшвили — ҷудокор аз Гурҷистон ва дар даври ниманиҳоӣ бо Мартти Пуумалайнени 25 солаи финӣ рақобат кард. Аз авалӣ имтиёзи вазарӣ ситонд ва дуюмиро бо усули иппон шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори 23-солаи ӯзбек Алишер Юсупов барои ба даст овардани нишони заррини мусобиқа қувваозмоӣ кард. Темур дар поёни дақиқаи сеюм тавонист рақибро аз пой афтонад. Ба ғайр аз медали тилло ва имтиёзи олимпӣ ӯ соҳиби 5000 евро гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки аз 4 то 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 оид ба гӯштини ҷудо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Кишвари моро дар ин мусобиқа 12 ҷудокор намояндагӣ карданд ва аз миёни онҳо танҳо Муллораҷаб Халифаев зери вазни то 66 кг ба гирифтани нишони нуқра ва Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо ба гирифтани нишони тилло даст ёфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ