Коронавирус боз ҷони як табиби тоҷикро гирифт

Боз як табиби тоҷик аз бемории коронавирус даргузашт. Ризвона Ҳаётова, табиби шинохтаи тоҷик ҳамагӣ  56 – сол дошт, имрӯз, 10-уми август  бар асари бемории  коронавирус дунёро падруд гуфт. Номбурда  дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе  фаъолият менамуд. Пайвандони марҳум марги ӯро аз илтиҳоби шуш мегӯянд, вале як манбаъ ба Pressa.tj гуфт, ки чанд рӯзи охир ин табиби шинохтаи тоҷик аз бемории коронавирус ранҷ мебурд.   

Ризвона  Ҳаётова 13 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ  ба дунё омада,  дар мактаби миёнаи  №8 шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1982    ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ   ибни   Сино дохил шуда, онро  соли 1988  бо баҳои  аъло     хатм намуда, аз соли 1988  то соли 1991 дар ординатураи клиникӣ таҳсил намудааст. Баъди бомуваффақият  хатми ординатураи клиникӣ бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 то соли 2010 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон, ҳамчун табиб акушер гинеколог фаъолият намуда,  дар ин муддат ду маротиба ба вакили мардумии  вилоят интихоб гардидааст.

Ризвона  Ҳаётова аз соли 2010 то ин ҷониб дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе  фаъолият менамуд. 

Корбарони  шабакаи иҷтимоии Фейсбук менависанд, ки имрӯз фарзандону пайвандон, наберагон, шогирдону дӯстону ҳамкорон бо ҳисси пурандуҳу  ҳасратомез  дарк  намуданд,  ки ҷои ӯ аз дида ба дилҳо рафтааст. Надидани  ӯ,  меҳрубониҳои  ӯ,  барои  аҳли  хонавода, ёру дӯстон, шогирдону наздикон, хеле мушкил аст.

Гуфта мешавад, ки ҷанозаи марҳум 11 августи соли равон,  соати 7.00 дар Масҷити Сари Осиё баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *