Коронавирус дар ҷаҳон: Давоми як ҳафта зиёда аз 21 миллион нафар сироят ёфтаанд
Дар як ҳафтаи охир мизони гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон панҷ дарсад ва фавт як дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора шаби чоршанбеи 26-уми январ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст.
«Теъдоди умумии ҳолатҳои нав дар ҳафтаи гузашта (аз 17 то 23-юми январ) беш аз 21 миллион нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 5% зиёд аст»,- гуфта мешавад дар бюллетени ҳарҳафтаинаи СҶТ.
Дар тӯли ҳафт рӯз табибон аз саросари ҷаҳон 21 362 288 сирояти навро муайян кардаанд ва дар ин давра 49 890 фавт ба қайд гирифта шудааст. То шоми сешанбеи 25-уми январ шумораи умумии мубталоён аз оғози пандемия 352 796 704 нафарро ташкил дода, дар маҷмуъ 5 600 434 нафар аз оқибатҳои COVID-19 фавтидаанд.
Тавре қаблан “Комсомолская правда” бо истинод ба назари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ дода буд, “омикрон” метавонад ба пандемияи коронавирус дар Аврупо хотима бахшад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ