Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз, 10-уми июли соли 2023 корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз шаҳру навоҳии кишвар вориди ноҳияи Айнӣ гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Айнӣ, дар маросими истиқболи меҳмонон раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршеда ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

— Пас аз пазироии меҳмонон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки васеи меҳмонон, занони фаъоли ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардид. Дар маҷлис раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба нақши занон дар пешрафти ҷомеа маълумоти муфассал дод. Қайд карда шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия баланд бардоштани нақши занон ба маротиб афзуда, сафи занони коргар сол то сол зиёд гардида истодааст. Ҳамзамон фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил дар деҳоти дурдасти ноҳия дар ҳоли афзоиш аст. Гуфта шуд, ки ин ҳама пешравиҳо аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан — модар гувоҳӣ медиҳад. Зеро, имрӯз зан дар мақоме қарор дорад, ки дар ҳеҷ давру замон чунин ҷойгоҳи баланду эҳтиром ва ғамхорӣ насибаш нагардида буд,- меафзояд манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, баъдан раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршеда доир ба нақши занон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа ва иҷроиши Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо суханронӣ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *