Кумаки Ҳакимзода ба хонаводаи сарбози шаҳидшудаи тоҷик (аудио)

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хонаи Суннатулло Маҳмадов, афсари дар марз кушташудаи тоҷик рафтааст.

— Сунатулло Маҳмадов зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар дидбонгоҳи Хоҷаи аълои отряди исфарагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи 10-уми марти соли 2022 қаҳрамонона ҳалок мегардад,- мегӯяд дафтари матбуоти вилояти Хатлон.

Тавре зикр мегардад, Маҳмадзариф Маҳмадов — падари Суннатулло гуфтааст, ки писараш 8-уми январи соли 2001 дар деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Марҳум муассисаи таълимии №3-ро хатм намуда, соли 2020 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст.

— Қурбон Ҳакимзода ба волидони Суннатулло тасаллият баён карда, гуфтааст, ки корномаи ӯ барои ҳазорон ҷавони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардӣ аст. Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидою ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунад,- меафзояд манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки Қурбон Ҳакимзода ба хонаводаи сарбози шаҳидшудаи тоҷик ваъда кардааст, ки дар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии хонаи нимсохташон ба онҳо кумак мекунад. Бо мақсади қадрдонӣ ва пос доштани хотираи неки муҳофизи шуҷои ватан, бо пешниҳоди коллективи меҳнатии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муассисаи таълимии рақами 3 ба номи Суннатулло Маҳмадов гузошта мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *