Кумаки равонӣ ба осебдидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб
Тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳаи равонпизишкӣ, равоншифоӣ ва равоншиносии сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва барои расонидани кӯмаки равонӣ ба осебдидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва наздикону пайвандони фавтидагон ба шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аз ҷониби мутахассисон ҳар як бемор ва осебдида ҷудогона аз муоинаи равонӣ гузаронида шуда, ҳолати баъди садамавии онҳо муайян гардидааст.
— Боиси қайд аст, ки табиби равонпизишки минтақа саривақт дорую дармонҳои лозимаро барои беморон ва осебдидагон таъйин намуда, ҳолати равонии онҳоро зери назорат гирифтааст. Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо мақсади суст гардонидани омили садама дар шуури беморони осебдида суҳбатҳои равонӣ гузаронида, барои табибони минтақа тавсияҳои табобатӣ-профилактикӣ пешниҳод намуданд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки нисбати ҳар як бемор бо табибони минтақа маслиҳату машварат сурат гирифта, тавсияҳои табобатӣ — профилактикӣ дода шудааст.
Инчунин, мутахассисони соҳа бо наздикону пайвандони фавтидагони садамаи нақлиётии мазкур низ суҳбат гузаронида, ба онҳо кумаки равонӣ расонидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ