Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 30-сола шуд

Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиш доир шуд.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Раиси  ВМКБ Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки Бадахшон  яке аз осебпазиртарин минтақаи мамлакат нисбат ба ҳолатҳои фавқулода буда, ҳаёти бехатар ва фаъолияти босамари хоҷагии халқро дар ин минтақа бе фаъолияти пурсамари кормандони ин соҳа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳодисаҳои зиёди рухдода дар ҳудуди вилоят ва раванди бартарафсозии онҳо нишон дод, ки раёсат ҳамчун маркази ягонаи муттаҳидкунанда ва ҷалбкунандаи қувваҳо барои рафъи оқибатҳо аз уҳдаи вазифааш ба хубӣ мебарояд.

«Ҳодисаи селфароӣ дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим, ки бар асари он 13 хона пурра ва 26 хона қисман ва сабук зарар диданд, нишон дод, ки сари вақт пешгирӣ намудани ҳодиса ва дидани тадбирҳои муфид натиҷаи самарабор дорад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 17 августи  соли 1994 бо Қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода табдил дода шуд. Пас аз таҷдиди сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *