Кумитаи бехатарии озуқаворӣ: Моли ҳароммурда ба кабобхонаҳо ворид нашудааст, аммо…
Имрӯз дар толори Маркази матбуотии “Ховар” таҳти роҳбарии раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он чанд масъала мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон қарор гирифт.
Аз ҷумла, роҳбари ин ниҳод оид ба вазифаҳои кумита маълумот ироа намуда, таъкид намуд, ки чун ин сохтор нав аст, он вазифаи дигар сохторҳои назоратиро ба душ надорад ва танҳо ба таъмини бехатарии маводи озуқаворӣ машғул аст. Ба саволи хабарнигори Pressa. tj оид ба ворид гардидани гӯшти моли ҳароммурда ба кабобхонаҳои Душанбе чунин ҷавоб дод, ки дар ин маврид маълумоти дақиқ дар кумита нест, вале ҳолатҳои зиёди ворид гардидани гӯшти пастсифат ва зараровар, аз ҷумла гушти мурғ пешгирӣ карда шудааст.
Раиси кумита гуфт: ”Аз рӯи маълумотҳое, ки мо дорем, дар сарҳад бо Қирғизистон 127 гузаргоҳи ғайриқонунӣ ҳаст ва мумкин аст, ки аз ҳамон ҷо ягон чиз ворид кунанд. Мо вазифа гирифтаем ва комиссияи махсус дар сарҳад амал мекунад. Комиссия барои пешгирӣ аз ворид намудани маҳсулоти пастсифат амал мекунад. Ба гуфтаи раис, ҳамчунин, дар муддати 6 моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисони кумита 33865 кило гӯшти пастсифат, 5 731 кило маҳсулоти ширии ба талаботи бехатарии озуқаворӣ ҷавобгӯнабуда ошкор ва безарар гардонида шудааст.Чунин ҳолат дар дигар намудҳои озуқаворӣ ҳам ошкор гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ