Кушта шудани як раҳбари “Ал-Қоида” дар Яман
Шуъбаи арабистонии “Ал-Қоида” марги яке аз раҳбарони маъруфи худро дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти Маъриб дар маркази Яман, шаби якшанбе таъйид кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА аз Анадолу, дар баёнияи ин гурӯҳ эълом шудааст, ки «Ҳамуд бин Ҳамуд ат-Тамимӣ мулаққаб ба «Абу Абдулазиз ал-Аднонӣ» дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар манзили худаш дар вилояти Маъриб кушта шудааст”.
Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Ал-Тамимӣ масъули иттилоот ва расонаҳои “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон будааст. Дар якҷоягӣ бо Ат-Тамимӣ, яке аз дӯстони расонаии ӯ Абуносир Ал-Ҳадрамӣ низ кушта шудааст.
То ҳол Амрико ва ҳукумати истеъфои Яман ба куштори ин раҳбари “Ал-Қоида” вокуниш нишон надодаанд.
Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Маъриби Яман рӯзи душанбеи гузашта (27-уми феврал) эълом карданд, ки шаби пеш (якшанбе) дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар ин устон 2 нафар кушта шудаанд.
Дар ин ҳамла «Ҳасан Ал-Хадрамӣ», яке аз раҳбарони аршади гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” ва бародараш кушта шудаанд.
Ин манобеи маҳаллӣ афзудаанд: “Ин дувумин ҳамла дар ду моҳи ахир аст. Дар як ҳамлаи мушобеҳ рӯзи 30-юми ноябри соли гузашта ба як манзиле дар маҳаллаи Ҳадба ал-Ошан дар вулусволии Ал-Водӣ дар шарқи шаҳри Маъриб, ки Ал-Ҳазрамӣ онҷо зиндагӣ мекард, ӯ аз ҳамла ҷон ба саломат бурд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ