Кушта шудани 17 террористи ДИИШ дар ғарби Ироқ
Артиши Ироқ эълон кард, ки 17 террорист, аз ҷумла 3 раҳбари ДИИШ дар ғарби ин кишвар кушта шудаанд.
Ба гузориши шабакаи “Рудав”-и Ироқ, Яҳё Расул — сухангӯи фармондеҳии кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ, ки дар як конфронси солона дар Эрбил суханронӣ мекард, гуфт: “Мо тақрибан ҳамарӯза амалиёти вижа ва пешгирикунанда дорем, ки ин охирини онҳо буд. Амалиёти мазкур дар минтақаи «Акашат»-ро воҳиди зиддитеррористӣ дар шарқи шаҳри Ар-Рутбаи Анбор анҷом дод ва 17 террорист кушта шуданд, ки 3 нафарашон саркардаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ мебошанд”.
Генерал Яҳё Расул афзудааст: “ДИИШ дар як макони танг қарор дорад ва қудраташ пас аз ҳамлаҳои гирифтааш ба маротиб коҳиш ёфтааст. Таваҷҷуҳи артиш ба таъмини амнияти марзи Ироқу Сурия аст, ки ҳоло, албатта, қавӣ аст ва марзбонони Ироқ дар ин манотиқ ҳузур доранд. Амнияти марзи Ироқу Сурия дар ҳолест, ки манотиқи шимолу шарқи ин кишвар ҳамчунон таҳти назорати гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад”.
Вай гуфтааст: “Воҳидҳои артиши Ироқ дар паси марзбонон қарор доранд ва онҳо тамаркуз ба ин манотиқ доранд ва мо фаромӯш накардаем, ки зиндони Ал-Ҳасака ҳамагӣ 10 километр дуртар аз марзи Ироқ, маҳбасест, ки ҳазорон террористро дар бар мегирад ва таҳдид аст. Ин барои мо муҳим аст, бинобар ин, мо ин минтақаҳо ва тамоми ҳаракатҳои гурӯҳҳои террористии ДИИШ-ро назорат мекунем”.
Куштори ин 17 ҷангҷӯи ДИИШ як ҳафта пас аз анҷоми амалиёти неруҳои 57-уми Ал-Ҳашд Ал-Шаъбӣ дар музофоти Анбор низ алайҳи террористҳои ДИИШ дар минтақаи “Ал-Ҳавза”, воқеъ дар ғарби ин вилоят сурат мегирад. Музофоте, ки дар он як саркардаи ДИИШ кушта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ