Куштор дар Темурмалик
Бино ба маълумоти ВКД 22-юми майи соли 2017, муайян карда шуд, ки дар ин рӯз тахминан соати 14:00-дақиқа, дар кӯчаи И.Шарифи ноҳияи Темурмалик, сокинони ноҳия, марди 22-сола бо марди 29-солаи қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшуда, бо якдигар вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардаанд. Сипас, марди 29-сола бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси сина ва як маротиба ба миёни марди 22-сола задааст.
Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ