Куштори бераҳмона дар Конибодом
Дар шаҳри Конибодом ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд.
Ҳодиса 30-юми март, тахминан соати 15:00 дақиқа рух додааст.
Шаҳрванд Муҳиддинбой Шарипови 65 — сола, сокини шаҳри Конибодом дар манзили истиқоматиаш ҳамсараш Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова ва наберагонаш Абӯбакр Шарипов, хонандаи синфи 3 ва Азиза Шарипова, хонандаи синфи 1-умро бо роҳи эҳтимоли буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Баъди ин ҳолат номбурда худашро низ бо роҳи овехтан ба ҳалокат расонидааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ набуда, пеш суд нашудааст. Номбурда соҳиби 3 писар буда, онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштаанд.
Ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳолати мазкур ва сабаби куштор мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ