Куштори даҳшатнок дар Зафаробод
Дар ноҳияи Зафаробод марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, сипас ҷасадҳоро оташ задааст.
Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҳодиса 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода, кӯдак шоҳиди кушта шудани модараш мешавад.
“Кӯдак мебинад, ки падар модарашро кушта истодааст, ба бобояш занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Падар барои ин рафтораш кӯдак ва дар як вақт, шоҳиди ҳодисаро ба қатл расонида, ҷисми ӯро низ оташ мезанад”,- изҳор дошт номбурда.
Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот нагуфт. Ҳоло бошад, нисбат ба мард парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ