Лағзиши ярч дар Лахш. Модар ва ду фарзандаш ба ҳалокат расиданд

Бар асари лағзиши ярч дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Лахши (Ҷиргатоли собиқ) Тоҷикистон се нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Фоҷиа шаби 1-уми июн рух додааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, заминлағзиш болои манзили зери теппа бархӯрдааст. Дар натиҷа як зан — Маҳбубаи 38-сола ва ду фарзандаш — Маликаи 15-сола ва Насриддини 12-сола ба ҳалокат расидаанд.

«Ҷасадҳое, ки бар асари ярч пайдо шуда буданд, рӯзи 1-уми июн дар қабристони маҳаллӣ ба хок супурда шуданд»,- гуфтааст яке аз кормандони МИҲД-и ноҳия.

Хотиррасон мекунем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо нафар қурбони обхезиву сел, тарма барф, заминларза ва ярч мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, дар се моҳи соли ҷорӣ дар пайи офатҳои табиӣ беш аз 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *