Латукӯб ва куштори беш аз 240 рӯзноманигор

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, ки дар камтар аз як соли гузашта беш аз 240 хабарнигор кушта ва захмӣ шудаанд.

Бар асари ҳамагуна табадуллоту ҳаводиси сиёсӣ беш аз ҳама хабарнигорон мавриди  латукӯбу таҳдиду куштор қарор мегиранд. Бечора рӯзноманигоре, ки танҳо ва танҳо мехоҳад, ки аз рафти ҳаводис иттилло бидиҳад , ӯро аз нигоҳи ҷонибҳо душман пиндошта, қасд ба ҷонаш мекунанд. Дар пайи ҳаводиси кишвари Афғонистон  рӯзноманигороне, ки мехостанд, рафти ҳаводисро ба мардум шарҳ бидиҳанд ва ё нуқтаи назарашон хилофи Толибон буд, мавриди шиканҷаву азобу кулфату куштори бадхон қарор гирифтанд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон  дар ин кишвар ахиран ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хатми маофият аз ҷароими хабарнигорон гуфт, ки аз ноябри соли гузашта ба ин сӯ 12 хабарнигор кушта ва 230 хабарнигори дигар мавриди азобу шиканҷа, хушунатҳо (захмӣ, латукӯб, таҳдид, тавҳин ва соири хушунатҳо) қарор гирифтааст.

«Аз ин ҳодисаҳои хушунат, як мавриди куштор ва 67 мавриди хушунат дар замони ҳукмронии Иморати Исломии Афғонистон ва боқимонда дар замони режими қаблӣ рух додааст», — омадааст дар баёния.

Дар изҳорот гуфта шудааст: «Аз он ҷое, ки хабарнигорон нақши умдаро дар иттилоърасонӣ ба шаҳрвандон бозӣ мекунанд, маофият аз ҷароим алайҳи хабарнигорон таъсироти манфиро бар ин раванд ворид намуда ва огаҳии омма аз воқеа ва баҳсҳои созанда барои рафъи чолишҳоро маҳдуд месозад”.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорони Афғонистон аз Имороти Исломӣ хостааст, то як механизми мушаххасе барои таъмини дахлнопазирии рӯзноманигорон таҳия ва парвандаҳои хушунат алайҳи хабарнигорон, бахусус ҳодисаҳои куштор ва латукӯби хабарнигоронро дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ кунад, то гунаҳкорон ба ҷавобгарй кашида шаванд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Вазорати умури дохилии “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ду рӯз қабл дар як нишаст гуфта буданд, ки Имороти Исломӣ ба озодии баён ва дахлнопазирии хабарнигорон пойбанд аст ва бо хабарнигорон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Тибқи омори ҷаҳонӣ, аз ҳар 10 омили ҷиноят алайҳи хабарнигорон дар саросари ҷаҳон танҳо як нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 9 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *