Латукӯби директори мактаб дар Ховалинг

Дар ноҳияи Ховалинг хонандагон директори мактабро латукӯб кардаанд.

Нашрияи “Пайк” хабар додааст, ки “тайи як моҳи ахир ду омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Ховалинг аз бегона не, балки аз ҷониби хонандагони худи ҳамин муассиса мавриди латукӯб қарор гирифтанд”.

Гуфта мешавад, ки аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ хонандаи синфи 11 -и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ҷамоати Мирзо Ғаффори ноҳияи Ховалинг Муродзода Муҳаммад зимни як муноқиша директори ин мактаб Аловуддинро латукӯб кардааст. Дар натиҷа директор ҷароҳат бардоштааст.

Пас аз як моҳи ин ҳодиса,  24-уми май хонандаи дигари ҳамин мактаб Самадов Султоншоҳ муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Давлатова Гавҳарбиро задааст.

Тағоймурод Холов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ  гуфт, ки “сабаби аз ҷониби хонандагон латукӯб шудани омӯзгоронро намедонам. Нисбати ҳодисаи дуюмӣ чораандешӣ шуда, хонанда Самадов Султоншоҳ аз мактаб хориҷ карда шуд. Нисбати ҳодисаи аввал бошад, ин кирдор дар назди шӯрои маориф баррасӣ шуда, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *