Лимит баргашт? Яхмосҳо об шуданду насосҳо корношоям

Сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд рӯзҳои охир аз бебарқӣ шикоят мекунанд. Ҳарчанд дар кишвар расман маҳдудияти барқ эълон нашудааст, вале аз шикояти мардум бармеояд, ки ҳамарӯза чанд соат аз барқ бенасиб ҳастанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояти аҳолии Спитамену Конибодом ва Деваштичу Истаравшан низ аз бебарқӣ зиёд шудааст. Сокинон дар ин рӯзҳои гармои тоқатфарсо қатъ шудани барқро зарар ба саломатӣ ва иқтисоди оила арзёбӣ мекунанд.

Вале набудани барқ бештар савдогаронро ба ташвиш овардааст, зеро аксари мағозаҳо яхдону таҷҳизоти хунуккунанда доранд ва дар ин рӯзҳои тафсон молу маҳсулоти худро дар он ҷой мекунанд. Бархе соҳибкорон бо истифода аз барқ хӯрок омода кардаву мефӯрушанд. Аммо бебарқии тобистона кори онҳоро суст кардааст.

Юлчӣ Умаров, як тан аз соҳибкорони зарардида ба “Озодӣ” гуфтааст, ки “ҳасибҳо аз гармӣ вайрон мешаванду яхмосҳо об. Инҳоро ба соҳибонаш баргардонда наметавонам. Маҷбур дар дохили яхдон меистад. Дигар яхмос гирифта наметавонем. Гардиши савдоямро нест кардааст. Моли пастсифатро ҳеҷ кас намехарад ва савдои ман суст мешавад».

Ин вазъ ба кори деҳқонон ҳам халал расонидааст. Дар шаҳри Конибодом сокинонаш асосан ба кишоварзӣ машғул ҳастанд ва бештар аз пойгоҳҳои обкашии барқӣ истифода мебаранд. Ба гуфтаи соҳибони пойгоҳҳои обкашӣ, ноогоҳона қатъ шудани барқ таҷҳизоти обрасонии онҳоро чандин бор сӯзонидааву зиёни молӣ овардааст.

Ҳакимбой Юлдошев, сокини Конибодом мегӯяд, ки насоси обшакии деҳаи онҳо дар се моҳ ду маротиба аз кор баромад. Ҳар маротиба барои таъмири он аз мардум ҳазор сомонӣ ҷамъ кардаанд.

Нигаронии асосии сокинон дар он аст, ки бар замми номураттабии барқ масъулони ин ниҳод боре ҳам онҳоро огоҳ намекунанд ва мардум пешакӣ ба бебарқӣ омодагӣ намебинанд. 

Масъулини “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки расман дар кишвар лимит ҷорӣ нашудааст. Вале касе аз масъулини ин ниҳод шарҳ надод, ки чаро сокинон дар тамузи тобистон аз барқ маҳрум мешаванд? 

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *