Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳоҷи Абдуллоҳ Ансорӣ (1006-1088)

Абдуллоҳ Ансорӣ 10 майи 1006 дар Куҳандижи Ҳирот дар оилаи дӯкондори суфимашраб ба дунё омадааст. Забони арабиро дар кӯдакӣ ёд гирифта, фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми адабро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур омӯхтааст.

Имом Шарифи Марғазӣ дар фиқҳ устодаш буд. Ҳадисро дар Ҳирот аз Абулфазл Муҳаммади Ҷорӯдӣ (ваф. 1022) фаро гирифт. Илми тафсир ва ҳадисро Абдуллоҳ Ансорӣ дар назди донишманди замон Хоҷа Яҳёи Аммор (ваф. 1031) такмил кард. Соли 1020 Абдуллоҳ Ансорӣ бо Абуабдуллоҳи Тоқӣ (ваф. 1025), ки аз бузургони мазҳаби ҳанбалӣ буд, вохӯрда, фиқҳи ҳанбалиро омӯхт. Абдуллоҳ Ансорӣ дар эътиқодот даставвал пайрави аҳли калом буд.

Абдуллоҳ Ансории чаҳордаҳсола ба Балх омад ва минбаъд шаҳру вилоятҳои Хуросону Эронро сайру сайёҳат намуда, муддатҳо дар Балх, Нишопур, Тус, Бистом истиқомат кардааст.

Ӯ дар Рай бо Бобо Кӯҳӣ вохӯрда, дар Нишопур ба мулоқоти Абусаиди Абулхайр мерасад. Ниҳоят Абдуллоҳ Ансорӣ дар 27-солагӣ дар Рай бо суфии машҳур Абулҳасани Харақонӣ вохӯрд. Баъди ин аз ҷамъоварӣ ва тавҷеҳи ҳадис, таълимоти калом даст кашид. Вай соли 1080 бо номи «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ» («Дар мазаммати калом ва аҳли он») асаре навишта, таълимоти Ашъариро роҷеъ ба калом танқид кард ва онро бидъату ботил шумурда, бар зидди мӯътазила низ қиём намуд. Хусусан тафсири ақлонии Қуръонро напазируфт, зеро ба ақидаи ӯ Қуръонро мувофиқи далелҳои созгори ақли инсон шарҳ додан дараҷаи раббонии онро паст кардан будааст.

Ошноӣ бо Харақонӣ эътиқоди Абдуллоҳ Ансориро дар тасаввуф устувор гардонд ва аз ин ҷиҳат мухолифати ӯ бо аҳли калом ва ҳанафиёну ҳанбалиён шиддат гирифт. Соли 1049 мухолифони Абдуллоҳ Ансорӣ ӯро ба зиндон партофта, дар ҳабсхонаи Фушанҷ, ки дар беруни Ҳирот воқеъ буд, нигоҳ медоранд. Ба ҳамин сабаб ӯро боз ду бор зиндонӣ ва се бор бадарға мекунанд, вале аз ин эътиқоди ӯ ба тасаввуф суст нашуд. Минбаъд ӯ фақат чун орифи тайкунандаи манзилҳои муҳаббат ва мурағғиби ин маслак фаъолият нишон дод. Абдуллоҳ Ансорӣ ду бор ба ҳаҷ рафт ва ҳангоми сафарҳо бо бисёр ҳаммаслакони хеш мулоқот намуд. Абдуллоҳ Ансорӣ соли 1088 Козургоҳи Ҳирот вафот кардааст.

Бояд гуфт, ки Абдуллоҳ Ансорӣ аз суфиёни эътидолӣ буд, шариат ва тариқатро аз ҳам ҷудо накарда, онҳоро дар роҳи дарёфтани ҳақиқат ба ҳамдигар ёвар шумурда мекӯшид, ки тасаввуфро бо исломи расмӣ оштӣ бидиҳад.

Абдуллоҳ Ансорӣ дар радду қабули самоъ боэҳтиёт буда, дар ин бора ошкоро чизе намегӯяд. Назариёти тасаввуфии Абдуллоҳ Ансорӣ чун тамоми тасаввуф поя ва асоси илмӣ надорад. Бо вуҷуди ин дар таълимоти Абдуллоҳ Ансорӣ ҷиҳатҳои муҳим ва арзишманд низ ба назар мерасанд, ки ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Инсондӯстӣ аз ҷумлаи ҳамин ҷиҳатҳои салими ақоиди ӯст, ки дар танқиди беадолатиҳои замон, зулму золимии давр ва арбоби айём, дар мазаммати ахлоқи замима ва суфиёну рӯҳониёни риёкор, дар тарғиби адолат, ахлоқи ҳамида, ҷавонмардию накӯкорӣ, дӯстӣ зоҳир мешавад.

Дар бисёр мавридҳо ин ғояҳо дар омезиш бо таълимоти ирфонӣ ва ақоиди мазҳабии ӯ баён мегарданд. Тамоюлоти халқию мардумпарварӣ дар ҳаҷвияҳои нешдори Абдуллоҳ Ансорӣ, ки ба унвони аъёну сарватмандон, вазирону амирон ва зоҳидони риёкору қаллоб нигаронда шуда буд, бештар аён мегардад. Андешаҳои ахлоқии Абдуллоҳ Ансорӣ, ки рафтори некро тарғиб ва кирдори зиштро маҳкум мекунад, имрӯз ҳам судманданд.

Абдуллоҳ Ансорӣ ба тоҷикӣ ва арабӣ таълифоти бисёре дорад. Тамоми асарҳоеро, ки имрӯз ба Абдуллоҳ Ансорӣ нисбат медиҳанд, ба се гурӯҳ ҷудо бояд кард:

-асарҳое, ки Абдуллоҳ Ансорӣ навиштааст;

-асарҳое, ки шогирдонаш ва ё пайравони ӯ аз рӯи гуфтаҳои Абдуллоҳ Ансорӣ ба риштаи таҳрир даровардаанд;

-асарҳое, ки аслан моли Абдуллоҳ Ансорӣ нестанд, вале ба ӯ нисбат медиҳанд.Аз гурӯҳи охир се девони ашъорро бояд ном бурд, ки ба Абдуллоҳ Ансорӣ нисбат дода мешаванд, вале дар асл ҳовии ашъори суханварони гуногун мебошанд.

Ду гурӯҳи аввали асарҳои Абдуллоҳ Ансорӣ аз инҳо иборатанд: «Илоҳинома», ки бо номҳои «Муноҷот» ва «Малфузот» низ маълум аст, «Ганҷнома», «Қаландарнома», «Рисолаи дилу ҷон», «Канз-ус-соликин», «Зод-ул-мусофирин», «Муҳаббатнома», «Рисолаи воридот», «Ҳафт ҳисор», «Сад майдон», «Насоеҳ», «Табақот-ус-суфия», «Манозил-ус-соирин» (бо ин унвон Абдуллоҳ Ансорӣ ду асар дорад – яке форсӣ, дигаре арабӣ), «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ» ва ғайра Абдуллоҳ Ансорӣ адиби форс-тоҷик бошад ҳам, бештар аз 6 ҳазор байт шеъри арабӣ гуфта будааст, ки аз ин миқдор ба ҷуз шеърҳои алоҳида ва абёти пароканда чизе боқӣ намондааст.

Асарҳои дигари арабии Абдуллоҳ Ансорӣ инҳоанд; «Манозил-ус-соирин илал ҳаққ-ул-мубин», «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ», «Китоб-ул-арбаин», «Ал-Форуқ фӣ сифот» (Ду асари охир роҷеъ ба исботи сифатҳои Офаридагор баҳс мекунанд), «Маноқиб-ул-Имом Аҳмад Ҳанбал», «Илал-ул-мақомот», шарҳи китоби Абубакр Муҳаммад Калободии Бухороӣ (ваф. 1087), «Ат-Таарруф» бо номи «Шарҳ-ут-таарруф лӣ мазҳаб-ит-тасаввуф» ва ғайра, ки ҳама доир ба масъалаҳои маслакӣ ва мазҳабӣ баҳс мекунанд. «Манозил-ус-соирин» (таълиф 1082) ҷомеътарин асари Абдуллоҳ Ансорӣ мебошад, ки дар шарҳи мақомот ва манозили роҳравони тариқат ба арабӣ тасниф ёфта, дар даҳ боб, ки ҳар кадоме даҳ қисмат аст, роҷеъ ба масъалаҳои назарӣ ва амалии тасаввуф, ҳақоиқи ирфон, сайри сулук, иршоди тариқат таълимот пешниҳод карда мешавад. Дар асрҳои баъдина ба «Манозил-ус-соирин»-и Абдуллоҳ Ансорӣ донишмандони суфимаслак шарҳҳои бисёре навиштаанд. Ин асар соли 1898 дар Теҳрон ба тарзи литографӣ ва соли 1953 дар Қоҳира ба табъ расидааст. Аз осори тоҷикии Абдуллоҳ Ансорӣ «Канз-ус-соликин», «Зод-ул-мусофирин», «Муҳаббатнома», «Сад майдон» ва «Табақот-ус-суфия» дар омӯзиши ҷаҳонбинии Абдуллоҳ Ансорӣ арзиши хос доранд.

Ансорӣ умри пурбаракат дида, соли 1088 дар зодгоҳаш аз олам чашм пӯшид.

Абдуллоҳи Ансорӣ асарҳои зиёди илмӣ ва адабӣ ба мерос гузоштааст. Асарҳои бадеии ин мутафаккир ва адиб махзани панду андарзанд.

Асарҳои «Муноҷот», «Малфузот», «Ганҷнома», «Қаландарнома», «Рисолаи дилу ҷон», «Канзус солиҳин», «Рисолаи воридот», «Ҳафт ҳисор» ва амсоли ин бо қалами Ансорӣ иншо шудаанд. Ӯ дар шаклҳои лирикии рубоӣ, ғазал, қасида низ табъ озмудааст ва дар асарҳои насриву назмиаш андешаҳои тасаввуфии хешро тарғиб кардааст.

Акнун ба Шумо аз асарҳои Абдуллоҳи Ансорӣ намунаҳо пешкаш мекунем.

НАМУНАҲО АЗ ОСОРИ АБДУЛЛОҲИ АНСОРӢ

-Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!

-Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад, дар дунёву
охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф, бо
нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф, бо бузургон ба хидмату
бо хурдон ба шафқат, бо дӯстон ба насиҳату бо душманон
ба ҳилм бо ҷоҳилон ба хомӯшиву бо олимон ба тавозуъ.

-Пурсид, ки дар ҳаққи дунё чӣ гӯӣ? Гуфт: «Чӣ гӯям дар ҳаққи чизе, ки ба ранҷ ба даст оранду ба ҳасрат бигзоранд?».

-Дигар фармуд: «Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати Ҳақро ғанимат дор!»

-Аз омӯхтан нанг мадор!

-Наҷоти нафс дар ибодат ҷӯй!

-Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!

-Аз нодони мағрур иҷтиноб намой!

-Ношунидаю нодида маҷӯй айби касон: ва ба айби худ бино бош!

-То напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав!

-Баландӣ ба сабр ҷӯй!

-Дунёпараст мабош!

-Аз омӯхтани илм маёсой!3

-Бар тоат ҳарис бош!

-Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!

-Даргузар, то даргузаранд!

-Аз худ лоф мазан!

-Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!

-Дилро бозичаи дев масоз!

-Ҳар чӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!

-Бандаи ҳирс мабош!

-То тавонӣ, нони кас махӯр ва нон аз ҳеч кас дареғ мадор!

-Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.

-Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!

-Сармоя ба суди бисёр мадеҳ!

-Худро асири шаҳват масоз!

-Офиятро ба фармони нафс аз даст мадеҳ!

-Душман агар ҳақир бувад, хораш мадор!

-Бо ношинос ҳамсафар мабош!

-Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!

-Ҳар ҷо, ки бошӣ Худоро ҳозир дон!

-Вақтро ғанимат дон!

-Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!

-То тавонӣ, ниёзи худ бар махлуқ арза макун.

-Амонат нигоҳ дор, хомӯшӣ шиор соз ва беҳудагӯиро сари ҳама офатҳо дон!

-Ҳоҷатравоиро кори бузург дон!

-Дӯсти Худойро дар камозорӣ шинос!

-Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!

-Аз нодон доман даркаш!

-Дар сухан касро хиҷил масоз! Аз сухане, ки ханда ояд, ҳазар кун!

-Миқдори моли худ бо ҳеч кас магӯй!

-Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат9 бошад.

-То хашм нанишинад, сухан магӯ!

-Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор, то туро ҳурмат бошад.

-Таоми бисёр махӯр, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боздорад.

-Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.

-Коре накунӣ, ки дар назари ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу таоло хиҷил ва шармсор гардӣ.

-Чун касе сухан гӯяд, хомӯш бош.

-Покэътиқодро безавол дон!

-Ба сабр баландӣ ҷӯй ва дунёпараст мабош!

-Аз ростӣ шафеангез10 сухан аз шаҳодат11 гӯй.

-Агар роҳат хоҳӣ, ранҷ каш, бар тоат ҳарис бош!

-Аз навкиса вом махоҳ.

-Тадбир бо мардуми доно ҷӯй.

-Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми ҷавонӣ корҳои ҳардуҷаҳонӣ бисоз, ёрон ва дӯстонро азиз дор. Харҷ ба андозаи дахл кун, илму адаб омӯз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.

-Эй азизо! Дари зулм макшой ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро кӯ ба кӯ рондан мояи бехирадист.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.