Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муаррихи тоҷик Лидия Сечкина дар Амрико даргузашт

Санаи 11 январи соли равон дар Бостони ИМА, муаррихи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Лидия Петровна Сечкина аз олам даргузашт. Сироят ёфтан ба короновирус ду моҳ қабл аз 94 сола шудан риштаи умри ӯро канд.

Номи Лидия Сечкина барои илми тоҷик ошност. Ӯ яке аз олимони маъруфи кишвар ва муҳаққиқи баноми таърихи Тоҷикистон дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Асарҳое, ки номбурда дар ин замина навиштааст, дар зоти худ беназир буда, нақши Тоҷикистон ва саҳми тоҷикистониёнро барои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ инъикос мекунад.

Лидия Петровна Сечкина 12 соли 1927 дар шаҳри Орёл таваллуд шудааст. Соли 1951 баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград ба сифати муаррихи шарқшинос ба филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамон сол ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил ёфт ва имрӯз ниҳоди миллии илмист, ба кор даъват шуд. Замони ба кор омадани Лидия Сечкина устод Садриддин Айнӣ президенти Академияи илмҳои кишвар буд. Ҳамин тавр, фаъолияти муаррих ба Тоҷикистон пайваст ва ӯ шуруӯъ аз соли 1951 то соли 1992 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ба сифати ходими хурд, ходими калон ва ходими пешбари илм фаъолият кард. Дар ин ҷо рисолаи номзадиву докторӣ дифо намуд ва барои омӯзиши таърихи Тоҷикистон нақши мунир гузошт. Бо шуруъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ соли 1993 Лидия Сечкина ҳамроҳи оилааш ба Амрико кӯч баст.

Тӯли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон Л. П. Сечкина зиёда аз  70 асари илмӣ нашр кард, ки муҳимтарини онҳо китобҳои «Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Отечественной войны (1941-1945 гг.)»; «Твои герои, Таджикистан: Об участниках Великой Отечественной войны из Таджикистана, удостоенных звания Героя Советского Союза»; «Таджикистан в годы Великой Отечественной войны, 1941-1945» мебошад. Таълифоти охири Л. Сечкина дар ҷилди 5-уми китоби “Таърихи халқи тоҷик” (2012) ба нашр расидааст.  Саҳми Л. П. Сечкина дар илми тоҷик дар энсиклопедияи «Historical Dictionary of Tajikistan», ки соли 2018 дар ИМА ба нашр расид, қайд шудааст.

Муаррих Камолиддин Абдуллоев, ки муддате дар Амрико зиндагӣ мекард, хотироти хешро дар мавриди Л.П. Сечкина чунин арзёбӣ мекунад:

“Лидия Петровна дар баробари олими боистеъдод будан ҳамчунин, бонуи зебо, инсони наҷиб ва зиндадил буд. Ӯ забони тоҷикиро хуб медонист, бо қаҳрамонони китобҳои хеш, аз ҷумла қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз наздик ошно буд.

Як умр дар як ҷо, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон таҳти роҳбарии нухбагоне чун  А. А. Семенов, Зариф Раҷабов ва Баҳодур Искандаров кор кард. Солҳои тӯлонӣ ҳамкори Раҳим Масов, А. Н. Секретов, К. П. Марсаков, Б. А. Антоненко, Р, Абулҳаев, Н. Ҳотамов ва дигар олимони маъруф буд.

Ҳамсараш Г. Я. Куртсер, иқтисодчии тавоно, мушовири роҳбарони вақтро тоҷикистониён ёд доранд. Ӯ модари меҳрубони Ирина ва Дмитрий буд.

Ман чандин маротиба Лидия Петровнаро дар Амрико зиёрат кардаам ва то охирин рӯзҳои ҳаёташ тариқи интернет бо ӯ дар алоқа будам. Зимни суҳбатҳоямон ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки Тоҷикистон ватани ӯст”.

Одил Нозир 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.