Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Абулқосим Фирдавсӣ (935-1020)

Абулқосим Фирдавсӣ соли 940 дар рустои Божи шаҳристони Тус дида ба ҷаҳон кушодааст.

Абулқосим лақаб ва Фирдавсӣ тахаллуси шоир аст. Волидон ӯро Мансур ном ниҳода буданд. Зодгоҳи ӯ деҳаи Божи ноҳияи Табарони вилояти Тӯс буд, ки ҳоло ба вилояти Хуросони Эрон дохил мешавад. Бож деҳе бузург буда, аз он, ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XII), ҳазор мард берун меомадааст. Падари Фирдавсӣ Ҳасан ном дошт ва аз деҳқонон Тӯс ба ҳисоб мерафт. Дар он замон табақаи давлатманду заминдор ва аъёну ашрофро деҳқон мегуфтанд.

Бинобар ин шароити моддӣ имкон дод, ки Мансури ҷавон ба таҳсили илмҳои гуногун пардозад ва маълумоти хубе гирад. Аз Шоҳнома пайдост, ки Фирдавсӣ ғайр аз забони форсии модариаш боз аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ огоҳии комил доштааст. Адабиёти форсиву арабӣ, таърих, илоҳиёт, ҳикмат (фалсафа) ва амсоли инҳоро хуб медонистааст. Баъдан, ӯро бо унвони ифтихории Ҳаким ёд кардан гувоҳи он аст, ки Фирдавсӣ то ба дараҷаи донишманди забардасте расидааст.

Баъди таҳсил ба кадом кору вазифаи расмӣ машғул шудани ӯ маълум нест. Аммо ҳамин қадар маълум аст, ки қариби 25-солагӣ хонадор шуд. Ҳамсараш зани босавод ва донандаву хонандаи китобҳои бостон буд, ки бо хоҳиши ӯ соли 365 ҳ. (975 м) достони “Бежан ва Манижа”-ро навишт. Ин маъниро худи Фирдавсӣ дар оғози достони “Бежан ва Манижа” зикр мекунад. Шоир ҳамсари худро бо сифатҳои зиёд ёд оварда, ҳикоят мекунад, ки ҷуфти меҳрубонаш он қиссаро аз китоби қадимаи паҳлавӣ ба ӯ хондааст ва сипас шоир онро ба риштаи назм кашидааст.

Инчунин маълум аст, ки дар сини 28-солагии Фирдавсӣ яке аз фарзандони ӯ ба дунё меояд ва баъдтар соли 999 дар синни 37-солагӣ вафот мекунад, ки дар ин вақт Фирдавсӣ 65-сола буд.

Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста, ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.

Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва сеюмин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст.

Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, «Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст, ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча, ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст.

Тазкиранависони баъдӣ ҳамин таърихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое, ки Фирдавсӣ аз синну сол ва нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.

Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Абулқосим Фирдавсӣ яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «Шоҳнома» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Осори адабии Абулқосим Фирдавсӣ

Фирдавсӣ дар давраи таҳсил ба навиштани шеър cap кард ва ба ояндагон осори гаронбаҳо ва пурғановате боқӣ мондааст.

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.

Ки бар анҷуман марди бисьёргӯй,
Бикоҳад зи гуфтори хеш обрӯй.
Агар донише мард ронад сухан,
Ту бишнав, ки дониш нагардад куҳан.

Зи фарзонагон чун сухан бишнавем,
Ба рою ба фармоншон бигравем.
К-аз эшон ҳаме дониш омӯхтем,
Ба фарҳанг дилхо барафрӯхтем.

Ҳама рои ту бартарӣ ҷӯстан аст,
Ниҳони ту чун ранги Аҳриман аст.
Ба гети ҳама тухми зафтӣ макор,
Битарс аз газанду бади рӯзгор.

Бибахшой бар мардуми мустаманд,
Зи бад дар бошу битарс аз газанд.
Бибахшой аз дард бар мустаманд,
Маёвар дилаш сӯи дарду газанд.

Мабодо ба ҷуз бахт ҳамроҳатон,
Шуда тира дидори бадхохатон.
Ба некахтару тандурустӣ шудан,
Ба пирӯзиву шод боз омадан.

Ҳар он кас, ки бигрезад аз коркард,
Аз-ӯ дур шуд ному нангу набард.
Ҳама коҳили мардум аз баддилист,
Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.

Чу некӣ намоянд, подош кун,
Мамон то шавад ранҷи некон кухун.
Ҳунармардро шоду наздик дор,
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.