Айнишиноси тоҷик Закия Муллоҷонова аз COVID-19 даргузашт

Адабиётшиноси тоҷик, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Закия Муллоҷонова дар синни 87- солагӣ бар асари бемории COVID-19 аз олам даргузашт. Дар мавриди марги марҳум фарзанди ӯ Парвиз Муллоҷонов хабар дод.

Закия Муллоҷонова, номзади илми филология ва дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва умри хешро ба пажӯҳиши осори устод Садриддин Айнӣ бахшид. Таҳқиқоти ӯ таҳлили сифати тарҷумаи осори устод Айнӣ дар забони русӣ буд.

Закия Муллоҷонова 2 апрели соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1958) ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1969) мебошад.

Солҳои 1958 – 1977 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати ходими хурд ва ходими калони илмӣ фаъолият дошт. Солҳои 1993 – 1996 дотсенти кафедраи забонҳои русӣ ва славянӣ ва аз соли 1966 мудири кафедраи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Дар конфронсу симпозиумҳои минтақаиву байнулмилалӣ, пленумҳои Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон дар Маскаву Душанбе ширкат кардааст.

Солҳои охир Закия Муллоҷонова дар кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегуфт ва гуруҳи “Тарҷумон” – и Ҷамъияти илмии дониҷӯёни кафедраи мазкурро роҳбарӣ мекард.
Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмӣ ва илмию оммавист, ки бештари онҳо ба таҳқиқи осори Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд.
Як монографияи ӯ таҳти унвони “Услуби асл ва тарҷума” (1976) ба вижагиҳои тарҷумаи осори Айнӣ ба забони русӣ ихтисос ёфтааст. Дуҷилдаи “Феҳристи осори устод Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ” яке аз корҳои муҳими ӯ дар илми филология мебошад.

Закия Муллоҷонова ҳамсари Масъуд Муллоҷонов, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи тоҷик, яке аз поягузорони маҷаллаи адабии “Помир” аст, ки соли 2015 даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *