Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бахтиёр Муртазо: Рози дилро бо қалам гуфтем мо…

Журналист, публитсист ва нависандаи маъруф Бахтиёр Муртазо 80-сола шуданд. Эшон ин санаи мубораки ҳаёташонро бо нашри китоби нав “Хӯшаҳо аз киштаҳо” пешвоз гирифтанд, вале суҳбати мо бо нависанда аз суоле оғоз шуд, ки солҳо мехостам аз эшон бипурсам…

— “Наҳанги ҷумҳурӣ”, ин сифатро шумо нисбати Абдумалик Абдуллоҷонов, мансабдори воломақоми давр сохта будед. Оё гумон мекардед, ки ин лақаби ҳамешагии ӯ хоҳад шуд? 

-Соли 1991 дар рӯзномаи “Садои мардум” ба сифати мудири шӯъба ва узви ҳайати таҳрир кор мекардам. Боре ба унвонии идораи рӯзнома роҷеъ ба ҷанбаҳои манфии Вазорати ғаллаи ҷумҳурӣ мактуби шикоятӣ омад. Барои тафтиши ин нома ман муваззаф шудам. Чун ба назди вазир рафтам, мактуби шикоятиро фаҳмида, ба ҳар баҳона суҳбат кардан нахост. Ҳамин тавр, ин ҳолат се маротиба такрор шуд. Ба котибаи вазири муқтадир рақами телефони хидматии худро монда гуфтам, ки ҳар вақт вазир камкор шаванд, маро огоҳ намоянд. Ин ҳам натиҷае надод. Дар мактуби шикоятӣ зикр меёфт, ки Абдуллоҷонов аз кишвари Қазоқистон хӯроки чорворо барои сокинони Тоҷикистон бо нархи арзон оварда, онро ғаллаи навъи аввали Канада сабт мекардааст. Найрангҳои вазири собиқ он буд, ки вай пойгоҳи автомобилии вазоратро барҳам дода, мошиноҳоро ба Русияву Қазоқистон ба иҷоракорӣ мефиристодааст. Боз далелҳои зиёде, ки муллифро ба навиштани мақолаи танқидӣ такон бахшиданд. Ба ҳамин минвол “Наҳанги ҷумҳурӣ” навишта шуд ва сару садои бисёре ба бор овард…

— Шумо як умр дар матбуот хизмат кардед. Дар даврони Шӯравӣ сармуҳаррири “Комсомоли Тоҷикистон” дар оғози соҳибистиқлолӣ ва ҷанги шаҳрванди ҷонишини сардабири “Садои мардум” ва аввалин сармуҳаррири “Минбари халқ” будед. Бигӯед, дар кадоме аз ин давраҳо матбуоти мо ба талабот ҷавобгӯ, касбӣ ва дархӯри ҳаёти халқ буд?

-Бале, банда як умр дар матбуот хизмат кардам ва ҳоло ҳам хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ” дар сохтмони Неругоҳи “Роғун” ҳастам. Тибқи мушоҳидаи камина, матбуот воқеияти даври худро инъикос менамояд. Албатта, даврони Истиқлолияти Ватан барои матбуот имкониятҳои фаровон фароҳам овардааст. Имрӯз дар силки ҷароиди расмӣ рӯзномаҳои зиёди хусусӣ мунташир мешаванд.  Қаблан, “Чархи гардун”-и Акбари Сатторро мехондам, ҳоло “Тоҷикистон”, “Азия плюс”, “Минбари халқ” ва “СССР”-ро пайваста мутолиа мекунам.  Вазъи матбуот мусбӣ аст, ҳаёти халқ дар ҳар як нашрия инъикос меёбад…

— Яке аз ангуштшумор нависандагоне ҳастед, ки ба жанри очерк, ки дар даврони шӯравӣ хеле маъруф буд ва онро “ҳамосаи инсони кор” ном мебурданд, содиқ мондед. Ба назари шумо оё очерк куҳна нашудааст?

-Ба назари камина очерк мисли ғазал куҳна нашудааст. Азбаски аксари нашрияҳо ин жанрро чандон талаб надоранд, ба ин ваҷҳ нигорандагон ҳам эҷоди онро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳодаанд. Лекин аслан очерк ғазали кор аст.

— Дар бораи “Роғун” зиёд навиштанд, шумо ҳам асарҳои калонҳаҷм нашр кардед, вале гумон мекунам, ҳанӯз “Роғун” инъикоси бадеии худро ба таври шоиста наёфтааст. Сабаб чист?

-Фаъол гардидани чархаи аввалин Нерӯгоҳи “Роғун” воқеаи бузурги таърихист. Дар даврони Шӯравӣ андар ситоиши сохтмони Неругоҳи “Норак” адибони номвари мо Юсуф Акобиров ва Муҳиддин Хоҷазод, романҳои “Норак” ва “Об – рӯшноӣ”-ро эҷод намуданд, ки аз тарафи хонандагон баҳои сазовор гирифта буданд. Ҳамчунин, дигар адибон низ симоҳои нурофарони Норакро ба таври шоиста офариданд. Итминони комил дорам, ки тасвири бедеии сохтмони оламшумули Роғун ба шакли қиссаҳо, достонҳо, романҳо ба хонандаи закитабъ пешниҳод мегардад…

-Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумо бештар ба сохтмонҳои азими кишвар таваҷҷуҳ кардед ва романи нахустинатонро ҳам дар мавриди нақби “Истиқлол” офаридед. Дилбастагӣ ба ин мавзуъҳо аз куҷост?

-Дилбастагии ман ба ин мавзӯъ аз фаъолият дар матбуот аст. Муҳимтарин ва аввалин сохтмони даврони Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб – нақби “Истиқлол” аст, ки марказу шимоли мамлакатро васл менамояд. Ин сохтмон бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат 20 майи соли 1999 аз нав эҳё гардид. Аслан сохтмони он дар замони шӯравӣ, солҳои 80-уми қарни гузашта оғоз шудааст. Камина муддати се сол ба сифати хабарнигори “Минбари халқ” ба ин сохтмон муваззаф гардидам. Дар фарҷом романи мустанади “Нақби Истиқлол”-ро навиштам. Қабл аз ин асарҳоям “Одами ҷавҳардор”, “Ман чароғ афрӯхтам”, ва “Чашмаи офтоб” дастраси хонандагон гардида буданд. Романи мустанади “Нақби Истиқлол” аз тарафи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон “Беҳтарин китоби соли 2007” эълон гашт ва ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор шуд. Қаблан барои қиссаи “Ман чароғ афрӯхтам” ба мукофоти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шарафёб шудам…

— Яке аз корҳои муҳиме, ки шумо анҷом додед, тарҷумаи “Сурх ва сиёҳ”-и Стендал аст. Чӣ шуморо ба ин кори пурмашаққат такон дод?  

-Вақте ки дар идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар вазифаи мудири шуъбаи таблиғ ва тарвиҷ кор мекардам, маро ба сохтмони шоҳроҳи Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғони Афғонистон ба кори тарҷумонӣ даъват намуданд. Он солҳо Ҳукумати Шӯравӣ ба давродаври мамлакати ҳамсоя роҳ сохта, марокизи вилоётро ба пойтахти он шаҳри Кобул пайваст менамуд. Он замон дар Афғонистон роҳи мошингард мавҷуд набуд ва мардум молу колои худро тавассути қофилаи шутур интиқол медоданд.Табиист, ки тибқи зарурат бештар истилоҳот ва каломи техникиро тарҷума менамудам. Биноан, бо ҳадафи гум накардани навиштани ҷумлаҳои тоҷикӣ қарор додам илоҷе ёфта, ба тарҷумаи баедеӣ машғул шавам. Қабл аз ин повести “Роҳи каҳкашон”-и нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматовро тарҷума ва нашр карда будам. Романи “Сурх ва сиёҳ”-и нависандаи Фаронса Стендалро чанд сол қабл мутолиа карда будам. Онро бори дигар бодиққат хондам, баъзе калимаҳои душворфаҳмро дар дафтари луғат ёддошт кардам. Инчунин, чор ҷилд тарҷумаи “Ҷанг ва сулҳ”-и Л. Толстойро, ки устод Ҳабиб Аҳрорӣ анҷом дода буданд, мутолиа намудам. Баъд аз фарҷоми ин корҳо тарҷума шурӯъ шуд. Мо он вақт дар шаҳри Мазори Шариф зиндагӣ доштем. Дар ин шаҳр, оромгоҳи Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб ҷойгир аст ва номи шаҳр низ ба шарафи ҳамин мазор мебошад. Ҳар рӯз соати 4-и субҳ, шайхи мазор баландгӯякро фаъол намуда, аҳли исломро ба намози бомдод даъват мекард. Ман ҳам бо овози муаззин аз хоб бедор шуда, ба кори тарҷума омода мегардидам. Кори расмӣ соати 8-и субҳ шурӯъ мешуд. Ин шуғли ман ду-дуюним сол тӯл кашид ва тарҷумаи роман ҳам поён ёфт.  

Баъди бозгашт аз Афғонистон тарҷумаро таҳрир карда, аз бародари арҷмандам, шоири соҳибистеъдод ва донишманд, устод Гуланзар хоҳиш кардам, ки онро мутолиа намояд ва дар хусуси сифати он фикру мулоҳизаҳои худро бигӯяд. Ман аз Гулназар миннатдорам, ки аввалин шуда романро хонда гуфтанд, ки шоистаи чоп аст. Вақте тарҷумаро ба нашриёт бурдем, маслиҳат доданд, ки бояд дар ҳалқаи мутарҷимон соҳибистеъдод муҳокима шавад. Муҳокима бо ширкати Ҳабиб Аҳрорӣ, Шамсӣ Собир, Шариф Шароф, Нусур Холмуҳаммадов бо роҳбарии Убайд Раҷаб гузашт ва баъди андаке таҳрир нашриёт онро барои чоп пазируфт.

Аз ҷониби нашриёт устод Шамсӣ Собир муҳаррири тарҷумаи “Сурх ва сиёҳ” таъин шуданд. Он кас тарҷумаро бо худ гирифта, ба тафреҳгоҳи Қрим бурданд ва дар ҳамон ҷо мутолиа карда, баробари баргаштанашон маро ба нашриёт даъват намуданд ва табрикоти устод Сотим Улуғзодаро расониданд. Сотим Улуғзода, низ дар ҳамон тафреҳгоҳ истироҳат мекардаанд. Рӯзе он кас ба назди Шамсӣ Собир омада, пурсон шудаанд, ки чиро мехонӣ?

-Тарҷумаи романи “Сурх ва сиёҳ”-и Стендалро ҷавоб медиҳанд Шамсӣ Собир.

-Магар ин асар тарҷума шуд? Бароям ду саҳифа бихон, — хоҳиш кардаанд устод.

Шамсӣ Собир ҳашт саҳифа қироат карда, ба устод Сотим Улуғзода менигаранд ва мепурсанд?

-Муаллим ба ҷойи ду саҳифа ҳашт саҳифа хондам, чизе нагуфтед?

Устод Сотим Улуғзода хушҳолона ҷавоб медиҳанд:

-Мешавад!

Ва илова мекунанд:

-Мутарҷим аз арӯз ҳам огоҳӣ доштааст.

Ҳамин тавр, бо дуои устодон ин тарҷума чоп шуд. Солҳои баъд китоби нависандаи бузурги руси Константин Паустовский “Садбарги заррин”-ро тарҷума кардам, ки он низ чоп шуд. Дар Намоиши ҳафтуми байналмилалии китоби Душанбе “Садбарги заррин” беҳтарин тарҷумаи соли 2018 эълон шуд  ва дипломи дараҷаи аввалро сазовор гардид…

-Устоди азиз, ташаккур барои суҳбати самимӣ. Ба худатон чӣ орзу доред?     

-Пеш аз ҳама, ба дигарон сонӣ ба худам орзуи сиҳатмандӣ дорам.

Мусоҳиб Одил Нозир       

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.