Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Биё, оғӯш гирем…! Камол Насрулло ба маҳфили шеър даъват мекунад

Имрӯз, 15-уми март, соати 15 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар ин маҳфили ширу шакар сарояндагони номвари кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Камол Насрулло дар суҳбати телефонӣ ба pressa.tj гуфт:
“Маҳфили эҷодии банда ба ифтихори ҷашни мубораки 30-солагии Тоҷикистони азизамон, бо иштироки сарояндагони номдори кишвар, баргузор мегардад. Бо камоли эҳтиром аз ҳама дӯстон хоҳиш дорам, меҳмони ин маҳфил бошанд. Ҳузури неки Шумо, дидори шарифатон боиси сарфарозии банда хоҳад буд. Даромадан ба толор барои ҳама хоҳишмандон ройгон аст.

Биё, оғӯш гирем осмону офтобу рӯзгоронро,
Ба гардан муҳра бандем ашкҳои поки боронро.”

Ёдовар мешавем, ки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1971 факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намуда, дар радиои Тоҷикистон, моҳномаҳои “Машъал” ва “Садои Шарқ” фаъолият карда, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буд. Ҳоло сармуҳаррири моҳномаи бачагонаи “Чашма” мебошад.
Дорандаи мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ (1998)ва аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагон мебошад. Номи ӯ чун шоир аз солҳои 60-уми асри гузашта ба хонандагон маълум аст. Муаллифи даҳҳо китобҳои назмӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.