Cайидалӣ Маъмур: Танҳо бо ишқ ва дар кӯча адабиёт сохта намешавад

Борҳо аз устод Саидалӣ Маъмур хоҳиш кардаам, ки мусоҳиба ороем, вале ҳамеша “ягон вақти дигар” гуфта, баҳона пеш меоварданд. Пас аз марги дӯсти наздикашон Гулназар эшонро танҳо дарёфтам. Дар ҳавлии биное, ки бо муаллифи Суруди миллӣ ҳамсоя буданд, хаёлолуд офтоб хӯрда менишастанд. Салом дода, паҳлуяшон амонат нишастам, аз ину он қариб се соат суҳбат кардем…

Шоирони бесарпаноҳ

— Бубинед, вақте мо Мирзо Турсунзода ё Боқӣ Раҳимзода мегӯем, ҳомиву ҳодии адибони ҷавон пеши назар меояд, ки дар шодиву ғами эшон шариканд. Фикр намекунед, ки адабиёти мо имрӯз ба Турсунзода барин пуштибон ниёз дорад?

-Албатта. Мо имрӯз адибони хуб зиёд дорем, ки аз тангдастиву бехонагӣ азият мекашанд. Салими Зарафшонфарро мисол меорам. Ҳам шоир, ҳам носир, ҳам тарҷумон, ҳам журналист… нафаре, ки барои адабиёти тоҷик, хизмати зиёд кардаву метавонад бештар аз ин хизмат кунад. Қариб 60-сола шуд, вале ҳанӯз хона надорад. Ё аз ҷавонон Толиби Луқмонро мисол меорам, ки беҳтарин шоир аст. Хона надорад, саргардон. Агар инҳо дар замони Боқӣ Раҳимзода ё Мирзо Турсунзода мешуданд, бехона намемонданд.  Ин устодон ба назди роҳбарон рафта, гапзанон карда, адибонро ба сарпаноҳ таъмин мекарданд. Ҳозир аксари адибони ҷавон иҷоранишинанд. Ҳозир ягон роҳашро ёфтан лозим аст, зеро ин вазъ то дер идома карда наметавонад.

Бовар кунед, фақат бо ишқу алоқа адабиёт сохта намешавад.

-Иттифоқи нависандагон дар ҳалли ин муаммо чӣ нақше дошта метавонад?

-Иттифоқ пул надорад. Дар ин масъала дахолати Ҳукумат лозим. Иттифоқ машварати адибони ҷавон мегузаронад, онҳоро аъзо мекунад, асарҳояшонро ба нашр мерасонад… Аммо баъд чӣ? Дар  кӯча адабиёт сохта намешавад. Барои шоиру нависанда хона лозим…

 Тафсилоти бештари мусоҳибаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *