Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чанд нусхаи нафиси девони Камоли Хуҷандӣ

Бахше аз осори нафис ва гаронарзиши марказҳои Мероси хаттии ҷаҳон ба дастхатҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ алоқаманд мебошад.

Ҳанӯз теъдоди зиёде аз ин осор дар камолшиносӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст. Дар ин осор асноди фаровони илмию фарҳангии миллати тамаддунсози тоҷик нуҳуфтааст. Бозшиносии онҳо мақоми ҷаҳонӣ ва сухани оламгири орифу шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандиро таъкиди бештар мебахшад. Ба ин мӯҷиб, ин ҷо чанд намуна аз нусхаҳои нафис ва то ҳол ноошнои ашъори Камоли Хуҷандиро мухтасар муаррифӣ менамоем.

1. Нусхаи шумораи 3822 аз Китобхонаи Нурусмония. Нусха шомили мунтахаби девони шуарост. Девони Камоли Хуҷандӣ дар ҳошияи варақҳои 103б-338б китобат ёфтааст. Ин нусха аз ҷумлаи куҳантарин дастхатҳои девони шоир мебошад. Нусха шомили қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва муаммо буда, соли 825/1422 китобат ёфтааст. Котиби нусха Иброҳим ибни Абдуллоҳи Абарқӯҳист.

2. Нусхаи шумораи 1747 аз Китобхонаи Лолелӣ. Нусха шомили хулосаи девони Камоли Хуҷандист. Ашъори Камоли Хуҷандӣ дар ҳошияи авроқи 219б-286б китобат ёфтааст. Ҳар варақ 21 сатр дорад. Дар оғоз бо хати сулс чунин унвон навишта шуда: «Хулосаи девони Шайх Камоли Хуҷандӣ». Соли китобат 828/1425 аст.

3. Нусхаи шумораи 2676 аз Китобхонаи халқии Мағнисо. Нусха девони комил буда, бо хати настаълиқи таҳаввулнаёфта навишта шудааст. Дорои 214 варақ аст. Матн дар авроқи 1б-212а китобат ёфтааст. Андозаи варақҳо 17,5х130 аст. Ҳар сафҳа маъмулан 14 сатр дорад. Нусха аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва муаммо фароҳам омадааст. Таърихи китобат соли 840/1436 аст.

4. Нусхаи шумораи 168 аз Китобхонаи Ҳолат Афандӣ. Нусха шомили чанд девон буда, аз 349 варақ иборат аст. Дар ҳошияи варақҳои 1б-173а девони Шайх Камол китобат ёфтааст. Навъи хат настаълиқ аст. Нусха ҷадвалкашӣ шудааст. Ҷой-ҷой холигоҳи байни ғазалҳо бо ташъири наботӣ зинат дода шудаанд. Котиби нусха Тоҷиддин ибни Муҳаммад ал-Мунаҷҷим ал-Ҷелонӣ, маъруф ба «Комраво»-ст. Соли китобат 843/1439 аст.

5. Нусхаи шумораи 1637 аз Китобхонаи Музейи Тупқописарой. Нусха комил ва музаҳҳаб аст. Навъи хат настаълиқ аст. Матн дар 218 варақ (2б-220б) китобат шудааст. Матн дар ҳар сафҳа дар ду сутуни 15-сатрӣ хушнависӣ гардидааст. Тамоми сафҳаҳо бо ҷадвали зарҳалкоришуда зинат ёфтаанд. Нусха шомили қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, муаммо ва фардбайт мебошад. Таърихи итмоми китобат миёнаи моҳи рамазони соли 865/июни 1461 қайд гардидааст.

6. Нусхаи шумораи 1314/4 аз Китобхонаи Донишгоҳи Истанбул. Нусха комил буда, дорои 565 варақ аст. Навъи хат настаълиқ аст. Нусха шомили маҷмӯаи девонҳо мебошад. Дар матни асосӣ девони Қосими Анвор ва Камоли Хуҷандӣ омадааст. Девони Камоли Хуҷандӣ аз варақи 330б оғоз гардида, дар 562б анҷом мепазирад. Нусха музаҳҳаб буда, матни асосӣ дар ду сутун хушнависӣ гардидааст. Дар оғоз дар сарлавҳи музайян бо хатти куфӣ «Девони Шайх Камол» навишта шудааст. Дар ҳошияи матни девони Камол мунтахаби девони Ҳофиз (330б-456б), девони Шоҳӣ (460б-494а) ва девони Мавлоно Тӯсӣ (494б-562а) китобат ёфтааст. Дар нусха қасидаи ломия, ғазалиёт, муқаттаот, рубоиёт, фардиёт ва маснавии шоир омадааст. Соли итмоми китобат 871/1466-1467 аст.

7. Нусхаи шумораи 2103 аз Китобхонаи Отиф Афандӣ. Нусха комил аст ва ҷадвалкашӣ шудааст. Теъдоди авроқ 263 аст. Матн аз 1б оғоз ва дар 263а анҷом меёбад. Ашъор дар ҳар сафҳа дар ду сутуни маъмулан 14-сатрӣ бо хатти настаълиқи ҷалӣ хушнависӣ шудааст. Котиб Муҳаммад ибни Алоуддини Табрезист. Нусха аз ҷониби котиб бозхонӣ шудааст. Таърихи итмоми китобат моҳи муҳаррами соли 872/августи 1467 сабт ёфтааст.

8. Нусхаи шумораи 3962 аз Китобхонаи Аясофя. Нусха комил буда, аз 211 варақ иборат аст. Матн аз 1б оғоз гардида, дар 211а анҷом меёбад. Ҳар сафҳа 15 сатр дорад. Дар сарлавҳи музайян бо хати сулс «Девони Камол» навишта шудааст. Нусха қаблан аз ҷумлаи мавқуфоти султон Маҳмудхони Усмонӣ будааст. Нусха шомили қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, муаммо ва фардиёт мебошад. Аломатҳои нусхашиносӣ далолат менамоянд, ки нусха дар охиртари асри XV ё ибтидои асри XVI китобат гардидааст.

9. Нусхаи шумораи 5679 аз Китобхонаи Боязид. Нусха комил ва муҳаззаб аст. Нусха тазҳибкорӣ шуда, матн бо хатти настаълиқи ҷалӣ хушнависӣ гардидааст. Матн аз 1б оғоз ёфта, дар 251а анҷом мепазирад. Аз заҳрия ва муҳрҳо бармеояд, ки нусха ба салотини усмонӣ тааллуқ доштааст ва соли 1266/1850 аз ҷониби волидаи султон Абдулмаҷидхон вақф гардидааст. Нусха қасида, ғазал, қитъа, муаммо, рубоӣ ва фардиёти шоирро шомил аст. Таърихи китобат моҳи раҷаби соли 884/октябри 1479 аст.

10. Нусхаи шумораи 2764 аз Китобхонаи халқии Анқара. Нусха комил аст. Аз оғоз то 6а муқаддимае роҷеъ ба аҳволу рӯзгори Шайх Камол ба сурати рисола таҳти унвони «Тарҷумон-ул-ҳол ли асҳоби-л-камол» омадааст. Аз 6б девон оғоз меёбад ва дар 216б анҷом мепазирад. Матн дар ду сутуни 15-сатрӣ китобат шудааст. Аз оғоз то варақи 9а ва аз 208б то охири нусха навъи хат ва шеваи имло бо матни асосӣ фарқ дорад. Чунин бармеояд, ки матни асосӣ солҳо муқаддамтар китобат гардидааст. Хусусиятҳои нусхашиносӣ далолат менамоянд, ки матни асосии девон дар асри XV навишта шудааст. Қобили зикр аст, ки аз чаҳор нусхаи муқаддимадор, ки имрӯз шинохта шудааст, танҳо матни ҳамин нусха пурра мебошад. Аз ин рӯ, нусха дар тасҳеҳу барқарорсозии матни муқаддимаи куҳани девон хеле арзишманд аст.                                                            

11. Нусхаи шумораи 2673 аз Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоб. Нусха комил аст. Адади авроқ 179 аст. Андозаи авроқ 16х24,4 аст. Матн аз 1б оғоз шуда, дар 179а тамом мешавад. Ашъор дар ҳар сафҳа дар ду сутуни 15-сатрӣ навишта шудааст. Навъи хат настаълиқ мебошад. Нусха шомили қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ва муаммо мебошад. Аломатҳои нусхашиносӣ далолат менамоянд, ки нусха дар асри XVI китобат гардидааст. Дар ин нусха ашъори нав ва ҳанӯз ноомӯхтаи Камоли Хуҷандӣ зиёд аст.

12. Нусхаи шумораи 77 аз «Дор-ул-кутуб ва-л-васоиқ ал-қавмийя»-и Қоҳира. Нусха аз охир каме афтодагӣ дорад. Дорои 408 варақ аст. Андозаи авроқ 13Х21 аст. Матн дар ду сутун ба хати настаълиқ китобат ёфтааст. Ҳар сафҳа дорои 17 сатр мебошад. Дар сарлавҳаи музаҳҳаби нусха «Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ» навишта шудааст. Нусха пурра ҷадвалкашӣ гардида, байни он бо оби тилло зарҳалкорӣ гардидааст. Нусха шомили қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва фардиёт аст. Ба сабаби афтодагии авроқи охир, котиб ва соли китобат дақиқ маълум нест.

Дар маҷмӯъ, нусхаҳои хаттие, ки мухтасар муаррифӣ ёфтанд, аз ҷумлаи қадимтарин дастхатҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ буда, то ҳол дар нашри девони ӯ истифода наёфтаанд. Ба муомилоти илмӣ кашидани онҳо метавонад дар тасҳеҳу такмили девони Камоли Хуҷандӣ муфид воқеъ гардад.

Фахриддин Насриддинов,  доктори илми филология

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj