Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Давлат Сафар: Китоб аз андоз озод карда шавад!

Давлат Сафар, шоир ва ношири маъруфи тоҷик, директори yашриёти “Адиб”, ки имрӯз 50-сола шуд, пешниҳод мекунад, ки китоб аз андоз озод карда шавад. Ӯ мегӯяд, яке аз омилҳои асосии боло рафтани нархи китоб дар кишвар андози гарон аст.

“Агар чопи китоб, ҳамчунин фурӯши китоб аз андоз озод карда шавад, хеле хуб аст ва ба манфиати хонандагон мешавад. Нархе, ки имрӯз мо ба китобҳо мегузорем, ҳаққи ҳамон андозҳост, ки болои китоб мемонем. Ин паҳлуро дидан лозим аст. Мо китобро тайёр мекунему ба чопхонаҳо месупорем, худ чопхона надорем. Аз ин рӯ, маблағи калон барои он сарф мешаваду метавонад, ба нархи китоб таъсири худро гузорад. Аммо дар мавриди чопи маводҳои конселярӣ нақша дорем, ки дар оянда инро ба Парлумон пешниҳод кунем. Шояд воридоти рангу қоғазро аз андозҳои гумрукӣ озод кунанд. Дар ин ҳолат китобҳо арзон мешаванд, вале асос аз андоз озод шудани фурӯши китоб ва чопи он мебошад” – мегӯяд номбурда.

ДАВЛАТ САФАР, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Номбурда, 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд.
Барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002) ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2013) аст.

Ёдовар мешавем, ки 9 марти соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили шеъри Давлат Сафар баргузор мегардад, ки алоқамандони эҷодиёти ӯ метавонанд ширкат кунанд.

P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj шоир Давлат Сафарро ба муносибати 50-солагии мавлудаш табрик гуфта, ба ӯ умри дароз, парвози баланди эҷодӣ ва комёбиҳои нав ба навро орзу мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.