Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эрод ба Турсунзода ва чор панди Лоиқ (мусоҳибаи пурра)

Суҳбат бо Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур

Борҳо аз устод Саидалӣ Маъмур хоҳиш кардаам, ки мусоҳиба ороем, вале ҳамеша “ягон вақти дигар” гуфта, баҳона пеш меоварданд. Пас аз марги дӯсти наздикашон Гулназар эшонро танҳо дарёфтам. Дар ҳавлии биное, ки бо муаллифи Суруди миллӣ ҳамсоя буданд, хаёлолуд офтоб хӯрда менишастанд. Салом дода, паҳлуяшон амонат нишастам, аз ину он қариб се соат суҳбат кардем…

Гулназар – дипломи дувуми ман

-Бо устод Гулназар чӣ тавр шинос шуданатонро ёд доред?

-Бале. Гулназар аз мактабхонӣ фаъол буд, дар “Машъал”-у “Пионери Тоҷикистон” шеърҳояш чоп мешуданд. Он замон “шиносоии ғоибона” гуфтанӣ гап буд, ман ҳам бо Гулназар ғоибона шинос будам. Вақте ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, (он замон Университети давлатӣ) дохил шудем, дар нахустин дарс устод Шарифҷон Ҳусейнзода вақти шиносоӣ номи донишҷӯёнро як-як мехонданду мо аз ҷоямон хеста, худамонро ба муаллим нишон медодем. Ҳамин тавр, хонданд:  Келдиев Гулназар, Маъмуров Саидалӣ…

Баъди дарс Гулназар омада дастамро фишурда, гуфт:

-Шумо Саидалӣ…

-Шумо Гулназар, ман шеъратонро аз ёд медонам:

Омад фасли баҳорон,

Пурлола кӯҳсорон,

Дар водии Зарафшон

Булбул шуда ғазалхон.

Дар Зарафшон булбул надида будам, вале Гулназар булбули Зарафшон шуд.

Аз ҳамон рӯз иборат дӯстии мо оғоз шуд ва 59 сол — аз сентябри соли 1961 то 13 августи соли 2020 идома ёфт. Мо ҳамдарс, ҳамкор, ҳамсоя, ҳамқадаҳ, ҳамқадам… будем.

Ман аз Гулназар 8 моҳ калонам, бинобар ин, маро “ако гӯ” мегуфтам. Зеро ӯ, воқеан, додарам шуд. Донишгоҳ ба ҳама диплом медиҳад. Ман аз донишгоҳ ду диплом гирифтам, яке муқаррарӣ ва дигаре Гулназар.

Инак, умр вафо накард, Гулназар маро танҳо гузошт…

Сарнавишти талхи ду ятим

-Устод Гулназар, ки ёдоварӣ кардем, дар хотироти хеш менависанд, ки Саидалӣ кӯдакии пуразоб дошт…

-Бале… Хеле барвақт, дар синни 8-9 солагӣ аз модар ятим мондам. Додарам 3 — 4 — сола буд. Марги модарро нахуст намедонистем. “Модарат ба ҷойи дур рафт”- гуфта моро тасалло медоданд. Модари ман аз шаҳри Истаравшан буданд, падарам аз деҳа. Шаҳрӣ ки буданд, паспорт доштанд. Мо як сураташонро аз паспорт канда калон карда, дар девор овехта будем ва бо дидани он хумор мешикастем. Моиндар вақте ба хона омад, баъди тӯй аввалин коре, ки кард он аксро аз девор канда дарронида партофт ва гуфт: “Модарат мурдагӣ, дигар намеояд”. Ӯ барои мо модарамро кушт ва ягона тасаллои диламро аз девор канд. Як шеър дорам, «Сурати модар», ки бо чунин мисраъҳо тамом мешавад:

Ҷудо гаштем чун аз акси модар,

Фиғону нола аз дилҳо бадар шуд.

Ба марги ӯ агар нагриста будем,

Сари акси дарида шаб саҳар шуд.

Умуман, моиндари ман зани хеле бад буд. Моро сахт азият медод. Бо вуҷуди ин, аз кӯҳ алаф ҷамъ карда, бозор бурда мефурӯхтем ва барои моиндар нос харида меовардем, зеро ӯ носкаш буд…

-Тақдири бародаратон чӣ шуд?

-Соли 1956 дар Истаравшан мактаб-интернат кушода шуд. Додари модари ӯгаям мудири ошхона таъин шуд ва «аз дасти апаам туро халос кунам» гуфта маро ба интернат бурд. Ҳамин тавр, аз синфи 6 дар он ҷо таҳсил кардам. Мехостам додарамро бо худ барам, вале ӯ хурд буд. Бинобар ин, рӯзҳои истироҳат хона омада, бо ӯ бозӣ мекардам. Дар яке аз чунин рӯзҳо, баъди ҳамроҳӣ бо додарам, соати 5 ба интернат баргаштам. Соати 7 хабар омад, ки додарат аз дунё гузашт. Намедонистам, ки бо ӯ чӣ шуд. Баъдан хабардор шудам. Тобистон мо боғ мекӯчидем, дар он ҷо моиндар мегӯяд, ки  гаҳвораи духтарамро ҷунбон, додарам якравӣ мекунад. Ҳамин тавр, моиндар ӯро зада мекушад. 

Модарам эй модари

 сисолаам,

Дар хаёли ман бимонӣ

 ҷовидон.

Додрам, эй додари

шашсолаам,

Мешавӣ ҳар рӯз

ҳамроҳам калон.

Имшабу шабҳои дигар ёди

модар мекунам,

Ин шабу шабҳои дигар ёди

додар мекунам.

Одамони нек некӣ карданам

-Шумо, як муҳассили интернатро чӣ ангеза дод, ки ба шеъру адабиёт дил бастед?

-Дар интернат Разиюлло Абдуллозода ном муаллим доштем, адибу муҳаққиқ буданд, китобҳо ҳам чоп кардаанд. Як байт аз эшон шунидаам, ки дигар дар ҳеҷ ҷой вонахӯрдам:

Машав аз халқи худ ҳаргиз

ҷудо то як нафас дорӣ,

Ки моҳӣ як нафас бе об монад,

бенафас гардад.

Ин шоҳбайт, гумон мекунам аз муаллим буд. Маҳз муаллим завқу шавқи моро ба шеъру адабиёт бедор карданд. Замони таҳсил, дар синфамон 15 нафар будем, як духтар доштем, Муҳаббат Шукурова аз Ғончӣ. Ӯ як рӯймолчаи  шилшилабофӣ ба ман ҳадя кард. Ёдам ҳаст, ки он замон аввалин шеърамро навиштам: «Ба ман рӯймолчаеро туҳфа кардӣ»… Давоми шеър ёдам нест, вале бо чунин маънӣ идома дошт, ки кай дилатро ҳадя мекунӣ. Ин шеърро ба муаллим Абдуллозода нишон додам, эшон онро таҳриру такмил карда, дар газетаи ноҳиявӣ чоп мекарданд. Он замон дар синфи 6 таҳсил мекардам. Ин маро рӯҳбаланд кард ва пайваста шеър навишта, ба устод нишон медодам. Замони таҳсил дар синфи 8, як гурӯҳи шоирон, аз ҷумла устод Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил ва Аминҷон Шукуҳӣ, ба интернати мо меҳмон шуданд. Дар ин вохӯрӣ «Марҳабо, эй шоирони хушбаён, хуш омадед» ва «Хонаи Ленин» ном шеърҳоямро хондам. Шеър ба Деҳотӣ хуш омад. Гуфтанд рӯнавис карда диҳед. Раҳим Ҷалил ҳам фармуданд, ки ҳар вақт назди ман омада ист. Рӯҳбаланд шудам.

Он ду шеърро устод Деҳотӣ дар маҷаллаи “Тоҷикистон” чоп карданд. Соли 1959 рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаи “Машъал” озмуни шеъру ҳикояи мактаббачагон эълон кард, ки дар он ҷойи якум гирифтам. Ҳамин тавр, ба муҳити адабиёт ворид шудам ва бо дастгириву кумаки устодон китобчаи нахустинам «Заврқи умед» чоп шуд.

Ман агар одам шудам маънии ин,

Одамони нек некӣ кардаанд

Эрод ба Турсунзода

-Насли шуморо парвардаҳои Мирзо Турсунзода мегӯянд…

-Бале, зеро устод Мирзо Турсунзода дар сарнавишти ҳар яки мо нақши муҳим гузоштаанд.

-Аз эшон чӣ хотирот доред?

-Бори аввал устод Мирзо Турсунзодаро аз наздик дар маҳфили адибони ҷавони университет дидам. Он кас бо устод Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ  меҳмони маҳфили мо шуда буданд. Баъди хатми донишгоҳ дар радио кор мекардем ва сармуҳаррири идораамон Иноят Рустамова ба ман фармуданд, ки рафта дар студияи телевизион баромади устод МирзоТурсунзодаро сабт кунам. Устод бо садои худашон «Роҷа дар Кремл» ном достони навашонро барои хазинаи радио қироат мекарданд. Баъди қироати достон устод аз ман пурсиданд:

-Достон чӣ хел?

-Нағз, вале як ҷояш ким-чӣ хел, — гуфтам ман аз кӯтоҳандешии ҷавонӣ.

-Куҷояш? – пурсиданд устод.

Достон чунин мисраъҳо дошт:

Падарам дошт як хари ҳангӣ,

Як хари мисли хирс барзангӣ.

То Кремл мерасонидам,

Назди Ленин менишонидам.

Гуфтам:

-Устод, ин чӣ хел мешавад, ки хар то Кремл мебурдаст, назди Ленин мешинонидаст…

Устод чизе нагуфтанд, вале вақте достон дар маҷаллаву китоб чоп шуд, дидам, ки ҳамин мисраъҳоро ҳазф кардаанд. Ин бузургии устод буд.

Баъди фаъолият дар радио ва таҳсил дар мактаби олии ҳизбӣ якбора маро ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати ҷонишини муҳаррир ба кор фиристоданд. Сармуҳаррир Бахтиёри Муртазо буд. Кори газета ба мани радиочӣ хеле душвор омад, бисёр азоб кашидам. Як рӯз устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзодаро  дар кӯча дидам. Устод пурсиданд:

-Чаро чизе наменависӣ?

-Кори газета, вақти шеърнависӣ надорам, — гуфта лаб ба шиква кушодам.

Устод Турсунзода бо Ибодат Раҳимова гапзанон карда, маро ба Бюрои тарғиби адабиёт, ки нав ташкил шуда буд, ба кор ҷеғ заданд… Яъне, ба муҳити адабиёт оварданд.

Шоирони бесарпаноҳ

— Бубинед, вақте мо Мирзо Турсунзода ё Боқӣ Раҳимзода мегӯем, ҳомиву ҳодии адибони ҷавон пеши назар меояд, ки дар шодиву ғами эшон шариканд. Фикр намекунед, ки адабиёти мо имрӯз ба Турсунзода барин пуштибон ниёз дорад?

-Албатта. Мо имрӯз адибони хуб зиёд дорем, ки аз тангдастиву бехонагӣ азият мекашанд. Салими Зарафшонфарро мисол меорам. Ҳам шоир, ҳам носир, ҳам тарҷумон, ҳам журналист… нафаре, ки барои адабиёти тоҷик, хизмати зиёд кардаву метавонад бештар аз ин хизмат кунад. Қариб 60-сола шуд, вале ҳанӯз хона надорад. Ё аз ҷавонон Толиби Луқмонро мисол меорам, ки беҳтарин шоир аст. Хона надорад, саргардон. Агар инҳо дар замони Боқӣ Раҳимзода ё Мирзо Турсунзода мешуданд, бехона намемонданд.  Ин устодон ба назди роҳбарон рафта, гапзанон карда, адибонро ба сарпаноҳ таъмин мекарданд. Ҳозир аксари адибони ҷавон иҷоранишинанд. Ҳозир ягон роҳашро ёфтан лозим аст, зеро ин вазъ то дер идома карда наметавонад.

Бовар кунед, фақат бо ишқу алоқа адабиёт сохта намешавад.

-Иттифоқи нависандагон дар ҳалли ин муаммо чӣ нақше дошта метавонад?

-Иттифоқ пул надорад. Дар ин масъала дахолати Ҳукумат лозим. Иттифоқ машварати адибони ҷавон мегузаронад, онҳоро аъзо мекунад, асарҳояшонро ба нашр мерасонад… Аммо баъд чӣ? Дар  кӯча адабиёт сохта намешавад. Барои шоиру нависанда хона лозим…

Фарёди бефарёдрас

 -“Фарёди бефарёдрас”-и устод Лоиқ Шералӣ азизтарин китоби ман аст, ки шумо муҳаррири он ҳастед. Аз устод Лоиқ чӣ хотирот доред? Чӣ сабаб шуд, ки таҳрири китоби охиринашонро ба шумо бовар карданд?

-Соли 1961 устод хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ буданду ман ҳам донишҷӯ. Дар нашрияҳо шеърҳояшонро мехондем. Шеърҳои устод барои мо шиор буданд, зеро он замон ин хел шеър гуфтан касе наметавонист. Ғаффор Мирзову Мӯъмин Қаноат дар нав кардани шеъри мо қадамҳои нахустинро гузоштанд, Лоиқ ба авҷи аъло расониданд. Мо пайравӣ кардем. Худашон як бор гуфтанд: «Мо аз остини Қаноат баромадем, шумо аз мо».

Медонистам, ки он кас ҳар рӯз «Роҳат» лагманхӯрӣ меоянд. Ин хӯроки дӯстдоштаашон буд, ки онро Турдиохуни “Роҳат” бисёр болаззат омода мекард ва дар тамоми  Осиёи Миёна машҳур буд. Чанд рӯз “Роҳат” омада интизор шудам, омаданд. Истодам, хӯрокашонро хӯрда шуданд, наздашон рафта, худамро шинос кардам.

-Шеъратонро хонед, — гуфтанд.

Ду шеър хондам. Пиёда-пиёда аз “Роҳат” то Донишгоҳи давлатии тиббӣ рафтем, ман шеър хондаму он кас гӯш карданд.

Баъдан, ҷиддӣ гуфтанд:

-Дар шеъру шоирӣ чанд ҳадаф ҳаст:

1. Шеърҳои шоирони қаблиро хон, агар гапи нав дошта бошӣ навис;

2. Тасаввур кун, ки ҳозир мемурӣ, пеш аз навиштани ҳар шеър, аз ту чӣ мемонад? 

3. Дар чопи шеър саросема нашав, мон истад, гаштаву баргашта нигоҳ кун.

4. Ҳадаф ва мақсад дар шеър муҳим аст. Мақсад аз иншои шеър чист? Чӣ гуфтан мехоҳӣ?

Ин ҳарфҳои устод Лоиқ ҳамеша дар гӯши ман садо медиҳанд.

Дар масъалаи “Фарёди бефарёдрас”. Дастхатро оварданд, хеле саросема буданд, садои пеш аз маргашон будан эҳсос мешуд. “Бобохон Маҳмадов меҳрубонӣ карда, пули чопашро медиҳам гуфт. Мехонӣ?” — пурсиданд? Розӣ шудам. Ду-се ғалати имлоӣ ва техникӣ гузашт, ислоҳ карданӣ будам. “Не, вақт нест!” — гуфтанд. Он кас саросема буданд, мехостанд, ки китоб зуд чоп шавад. “Фарёди бефарёдрас” фарёди халқи тоҷик буд…

Шеъри ман тарҷумаи ҳоли ман аст

-Биёед, дар бораи эҷодиётатон суҳбат кунем. Барои шумо, ки сарнавиштатон солҳо бо шеър пайванд аст, шеър чист?

-Шеърро тафсир зиёд аст, вале:

Шеъри ман тарҷумаи ҳоли ман аст,

Розгӯйи ҳолу аҳволи

ман аст.

Рӯзу моҳе, ки равад дар

 кори шеър,

Нақши ҳар рӯзу маҳи соли

ман аст…

Ман шеъри зиндагӣ мегӯям, зеро тақдири ман шеър буд. Ман аламамро аз қаламу қоғаз мегирам. Ду фарзандамро аз даст додам. Ҳоло як то ягона дорам, ки маро қуввати дил аст. Дар кӯдакӣ азоб кашидам, вале афсӯс ки ғаму дард маро тарк накард… Вале чӣ кор мекунам, ба тақдир тан додам, одат кардам. Ягона мушкилкушои ман шеър аст.

-Дар кадом маврид, чӣ тавр эҷод мекунед?

-Соати мушаххаси корӣ надорам, махсус шишта худамро маҷбур намекунам. Аввал мақсадамро аниқ мекунам, баъадан дар сарам мепазонам, баъдан рӯйи қоғаз меорам… 

-Шеърҳои солҳои ҷавониатонро таҳрир мекунед?

-Кӯшиш мекунам, ки таҳрир накунам. Дар китоби мунтахабам, ки “Давлати дидор” ном дорад, гулчин кардам. Лекин шеърҳои солҳои ҷавониро хат назадам, аз баҳраш нагузаштам. Шеъри ҷавонӣ самимият дорад, ки ҳоло нест…

-Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ашъори шумо дар ҷаҳон зиёд чоп мешуд. Ин ба шумо чӣ тавр муяссар мегардид?

-Дар Маскав тарҷумон доштам Вячеслав Золтсев, ки дӯсти наздику бародар будем. Шеърҳоро ман таҳтуллафз мекардам, ӯ тарҷума мекард ва ҳамин тавр ашъори ман ба дигар забонҳо роҳ меёфт. Аз ин пеш шоирони машҳур Юлия Нейман, Римма Казакова, Владимир Луговой, Валерий Краснополский ва дигарон шеърҳои маро тарҷума кардаанд. Худам ҳам, ашъори 13 шоирро тарҷума кардаам. 

-Кадом шоирро бештар мехонед?

-Аз хубаш ҳам ибрат мегирам, аз бадаш ҳам. Шоири маҳбубам Соиби Табрезӣ.   

Давлати пирӣ

-Айни замон чӣ рӯзгор доред?

-Имрӯз ба қавле давлати пирӣ меронам, дар нафақа ҳастам. Беш аз 53 сол кор кардам…

-Барои як мард давлати пирӣ чӣ кайфияту лаззат ва чӣ душвориҳо дорад?

-Ман, ки якумр аз кӯдакӣ устухонам дар меҳнат шах шуда буд, баъди нафақа баромадан азоб кашидам. Ҳозир чунон одат кардаам, ки аз хона қариб ки намебароям. Азияти давлати пирӣ бемориҳои гуногун аст, лаззаташ саломатӣ…

Мусоҳиб: Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Фурқат Саид 17.01.2021 23:29

    Аз чеҳраи устод пайхас метавон кард, ки дар ҳаёт бо душворӣ ва мушкилот зиёд рӯ ба рӯ шудаанд. Умрашон дароз бод

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.