Адибаи Хуҷандӣ: Гӯед дигар номи Худоро нафурӯшанд

Адибаи Хуҷандӣ, шоири шинохтаи тоҷик 50-сола шуд. Номбурда, 5 июли соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари шӯъбаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аст.

Феълан дар маҷаллаи “Паёми Суғд” фаъолият дорад. Маҷмӯаҳои ашъораш «Пайғоми саҳар», «Гиряи ишқ», «Ситорачин», «Ҳиҷрони офтоб», «Ғунчаборон», “Нома ба ҳеҷ кас” ва ғ. Аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтаанд. Барандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қутбӣ Киром аст. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Мо шоираро ба муносибати мавлудаш табрик гуфта, чанд шеъри тозаи ӯро пешкаши шумо мекунем.

Гӯед, дигар номи Худоро нафурӯшанд,

Гӯед, ки виҷдону сафоро нафурӯшанд.

Эй он, ки таманнои ту дар ҷони малакҳост,

Ман ошиқи ту, гӯй, ки моро нафурӯшанд.

Донишгаҳи мо, мӯъҷизаи илму амал шав,

Бар пири хирад гӯ, ки баҳоро нафурӯшанд.

Адвор тамаддуни фиреб асту фиребо,

Эй кош, ба бозор риёро нафурӯшанд.

Ман омадам аз дуртарин уфқи забарҷад,

Он ҷо, ки ба зар ишқу вафоро нафурӯшанд.

Ин аҳли тиҷорат, ки фурӯшанд ҳама чиз,

Аз баҳри Худо, гӯ, ки ҳаворо нафурӯшанд.

Қонуни заминро ҳама бишкаста чу савганд.

Гӯед, ки қонуни саморо нафурӯшанд.

Аз гумшудаҳо, кош шуниданд табибон,

«Гӯед дилу гурдаи моро нафурӯшанд».

Дар тоқи фалак шамс диҳад дарси накӯӣ, —

Ин аҳли фалак нуру зиёро нафурӯшанд.

Бар дилсияҳоне, ки фурӯшанд ҳама кас,

Гӯед, ки имони шуморо нафурӯшанд.

***

Ихтисоси ман китобат кардани ҳарфи дарахтон аст,

Ҳарфҳоям тарҷумони қиссаи мурмузи борон аст.

Ғайри сурат маълумоти нест дар ирфони оина,

Огаҳ аз асли шумо будан тариқи фанни кайҳон аст

Ман зи ёрон қиссаҳои некро киштам ба ҳар мистар,

Бадсияр бошанду бадгу, ҷурми ман не ҷурми эшон аст.

Зарру зевар доштан найранг мехоҳад басо бисёр,

Касби ман озодагӣ, хушбахтии зебою осон аст.

Садди роҳи мӯъҷиза оре, чи аҷзу нотавонӣ дошт,

Интихоби мӯъҷиза кори худовандии кайҳон аст.

Ҳеҷ кас охир намедонад рисолат дошт ишқу меҳр,

Аз бадии хеш инсон ҳолиё исноди шайтон аст.

Дӯст медорам туро, ҳиҷрони чашми сабз войи ман,

Дӯст медорам туро ҳоло, ки дар тақвим имкон аст.

Дӯст медорам туро, эй зиндагӣ шукри ту дорам ман,

Дӯст медорам туро, гарчанд умрам сангборон аст

Эй Адиба, баъд аз ин хомуш бошу гиря камтар кун,

Интиҳои доварӣ кардан сари доре пушаймон аст.

****

Аз китоби фасл мерезад,

                      саҳфа — саҳфа рӯз бар оташ.

Чеҳра — чеҳра гум шудан

                           дар ихтиёри бод.

Оҳ, аз ин оҳанги

            маҳзуни шамоли пушти  равзанҳо.

Оҳ, аз ин бечорагии дастҳои кошта дар хок.

Дастҳои норасида то ба домони ҳарири  субҳ.

Дурдасти моварои чашмҳои ту

                     ҳељ гаҳ махсуси имкони нигоҳам нест.

Шаҳри чашмони ту торик аст ё рўшан?

Ман шабамро , ки пур аз деву даду  кобус мебошад

                                               мебарам то замҳарири рўз.

Саҳфагардон мекунам такрор

                                          ин китоби лоҷувардиро.

Маънии дидорро дар он намеёбам.

****

Аз китоби офтоб анвор мехонем мо,

Аз ҳамин шоир фақат ашъор медонем мо.

Ҳеҷ кас н-омад, ки пурсад ҳоли зори мунзавӣ,

Интизори охирин дидор мемонем мо.

****

Ошноӣ охир омад, душманӣ шуд роҳӣ ту,

Бар ки даркор аст охир ҳарф ҳарфи коҳи ту.

Он ки дар арш аст, кай андеша аз гарде кунад,.

Аз чи мелофӣ, ки аҳли оламе бадхоҳи ту?

***

Кӯза — кӯза гавҳари бобои моро бурдааанд.

Он ҳама меросии зебои моро бурдаанд.

Обруву изззати авлодие дорему бас.

Бо ҳунар об оварам, дарёи моро бурдаанд.

***

Шӯру шар доранду инкор хирадмандон кунанд,

Аз ҳасад инкори ҳар якдонаи даврон кунанд.

Кори мардон эътирофу эътибору иззат аст,

Душмании шамсро курону номардон кунанд.

***

Омадам бозор, як ҷоми хурустал мехарам,

Соати тиллоиву гулдастае ҳам мебарам

Мекунам ман ҳадя бар худ шаддаи тиллоие,

То бигӯям бар ҳама, ин ҳадяҳои шавҳарам.

***

Фахру нози бехаридори ҳунар дорем мо.

Осмон рафтему бар пастӣ назар дорем мо.

Ҳеҷ бошад ганҷу гавҳар, зевари мо дигар аст

Бо ҳунар бо илму фан амвоҷи зар дорем мо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *