“Халқ овози” китобхонаи “Дӯстӣ” кушод

29 январ дар маҷмаии табъу нашри “Шарқи озод” маросими кушодашавии китобхонаи “Дӯстӣ” баргузор шуд. Китобхонаи мазкурро рӯзномаи “Халқ овози”, нашрияи ӯзбекзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон таъсис додааст.

Сармуҳаррири “Халқ овози” Ёқубҷон Абдуманонзода гуфт, ки китобхони “Дӯстӣ” дар асоси супориши президенти кишвар ифтитоҳ шуда, дар он китобҳо бо чанд забон ҷамъоварӣ гардидаанд. “Китобхони “Дӯстӣ” барои тамоми хонандагон, махсусан хонандагони ӯзбекзабон дарҳои худро боз мекунад. Аз китобхонаи мо адабиёти мухталифро хонандагон метавонанд дастрас кунанд.” – гуфт номбурда.

Дар маросими кӯшодашавии китобхонаи “Дӯстӣ” раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, сардабирони нашрияҳо ва журналистон ширкат ва суханронӣ карданд. Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “ Ҷавонони Тоҷикистон” Шодихони Назар, ва сармуҳаррири рӯзномаи “ Народная газета” Маҳбуба Камолова ба китобхонаи зикршуда китоб тӯҳфа намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.