Камоли Хуҷандӣ дар Аврупо ва Русия

Бори аввал номи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар садаи ХУ11 дар Фаронса  дар китоби ховаршиноси маъруфи фаронсавӣ Бертелеми Д’Эрбло  «Китобхонаи Шарқ» зикр гардид ва дар ибтидои асри Х1Х  шарқшиноси дигари  олмониву утришӣ  Иосиф Ҳаммер Пургштал дар асари худ «Барозандагии адабиёти форсӣ» (1818) дар бораи ӯ маълумоти ҷолиберо бо тарҷумаи дувоздаҳ ғазали Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ интишор намуд.

Дар осори дигари ин ховаршинос “Таърихи суханварии бадеии форсиён бар асоси тазкираи дусад шоири форсӣ”, “Мунтахаби муноҷоти адибони форсигӯ” ва “Таърихи ӯрдаи тиллоӣ” низ  номи Камоли Хуҷандӣ ба назар мерасад.

Ҳамчунин, дар садаи ХIХ дар охирсухани ховаршиноси маъруфи олмонӣ Иоҳанн Фридрих Козегартен ба китоби “Тӯтинома”-и Зиёуддини Нахшабӣ, дар саёҳатномаи Арминий Вамбери “Таърихи Бухоро”, дар  таълифоти шарқшинос Аусли, феҳрастнигор Рё дар  бораи ин орифи номвар иттилои ҷолиб ба даст меояд.  Дар навиштаи ховаршиноси украинӣ Агафангел Кримский дар китоби “История Персии, её литературы и дервишской теософии” санади  ҷолибе ҷой  дорад,  ки муаллиф дар бораи дар  асри Х1Х ба забони олмонӣ тарҷума шудани 12 шеъри Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби Ҳаммер-Пургштал,  тарҷумаи даҳ шеър  ба забони  англисӣ аз  ҷониби Натаниэл  Бланд ва  як шеър ба забони  итолиёӣ  аз  ҷониби Италяно Питси хабар  медиҳад.  Донишмандони дигари  Аврупо Ҳерман Эте, Эдуард Браун ва Ян Рипка низ аз  Камоли Хуҷандӣ ёд  кардаанд. Аммо азбаски  дар таълифоти Эте  ва Браун Камоли Хуҷандӣ ба шоистагӣ шинохта нашудааст, ин осор аз  ҷониби  камолшиносон мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Олими  маъруфи чехӣ  Ян Рипка дар “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” лирикаи Камоли Хуҷандиро  дар робита  бо  ашъори  Мағрибӣ  ба доираи таҳқиқ кашида, дар  бораи  Камоли Хуҷандӣ ва шеъри ӯ мулоҳизаҳои  ҷолиб  баён намудааст.

Таблиғгари дигари осори Камоли Хуҷандӣ ва  адабиёти  форсу тоҷик дар Олмон доктор Александр Ҳайзер – ховаршинос, мутарҷим  ва  пайвандгари халқҳои тоҷику олмонист, ки зодаи Хуҷанд буда, тақрибан  чаҳоряк аср аст дар шаҳри Берлини Олмон  умр ба сар мебарад ва дар таблиғи  фарҳангу адаби мо дар кишварҳои Аврупо талош мекунад. Таваҷҷуҳи А.Ҳайзер ба мавзӯи шинохти Камоли Хуҷандӣ дар  Аврупо ҳанӯз дар  солҳои 80-уми садаи гузашта зоҳир шуд. Соли 1989 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» мақолаи ӯ бо номи  «Камоли Хуҷандӣ дар энсиклопедияи асри XVII-и Фаронса»  чоп мешавад. Дертар  соли 2011 дар  китоби «Золотой венец» ва тарҷумаи тоҷикии ин китоб “Тоҷи заррин”(2015) мақолаи «Ташнагонро муждае аз  мо бубар. Камоли Хуҷандӣ дар Аврупо» ба табъ мерасад.  Мақолаи «Тарҷумаи ашъори Камол ба забони олмонӣ» – ба  китоби «Маводи Конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули  адабиётшиносӣ ва  равобити адабӣ»(Хуҷанд, 28-29 октябри соли 2016) ворид шудааст,  ки муаллифи он дар ҳамоиши мазкур дар ҳамин мавзӯъ суханронӣ дошт.   

Тибқи ҷустуҷӯҳои худ, А.Ҳайзер маълум менамояд, ки  аввалин дастхати девони Камол дар китобхонаи Дрезден дар  солҳои 30-юми  асри Х1Х пайдо шудааст ва нахустин нашри осори шоир дар Аврупо аз ҷониби Натаниэл Бленд сурат  гирифтааст. Ӯ соли 1851 тарҷумаи англисии  даҳ ғазали  Камоли Хуҷандиро дар Лондон интишор намудааст.

А.Ҳайзер, ҳамчунин, ба тарҷумаи осори Камоли Хуҷандӣ машғул шуда, соли 2018 маҷмӯаеро бо номи «Ишқи  минуӣ» мураттаб ва нашр менамояд. Ин  китоб  тарҷумаи  17 ғазали Шайх Камоли Хуҷандиро,  ки  маҳсули  заҳмати Александр Ҳайзер аст, дар  бар  мегирад.  Айни ҳол мавсуф тарҷумаи панҷоҳ ғазалро ба забони олмонӣ ба анҷом расонидааст, ки афзалияти  ин тарҷумаҳо  бевосита  аз забони тоҷикӣ  баргардонида шудани онҳо мебошанд.

Адабиёти рус  ошноии худро бо адабиёти форсу тоҷик тавассути осори ховаршиносони Аврупо оғоз намуд ва нимаи аввали асри Х1Х-ро дар Русия  метавон давраи  авҷи таваҷҷуҳ ба  адабиёти Шарқ пазируфт.        Дар  фазои  илмии кишвари  рус номи  Камоли Хуҷандӣ бори  аввал  дар  таълифоти муаррихи  номвар  В. Григорйев дар  асари  «Дар  бораи мавқеи  ҷуғрофии Сарой —  пойтахти ӯрдаи  тилоӣ» пайдо шуд,  ки  дар  ду нашри  ин мақола  (солҳои 1845 ва 1876)  сухан дар  бораи  таъсиси маркази  илмии бузурге дар  Сарой аз  ҷониби  Тӯхтамишхон меравад  ва он  ҷо  дар  радифи  асомии бузургони  илму  фарҳанг  мутасаввифи беҳамто Шайх  Камол низ  зикр шудааст.

Дар адабиётшиносии русӣ ошноӣ бо рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ дар асри ХХ бо мақолоти донишмандони ховаршинос Е.Э.Бертелс ва И.С.Брагинский  шурӯъ шуд. Дар мақолаи «Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим то асри ХУ» Бертелс Е.Э. бо маълумоти  иҷмолӣ иктифо мекунад, вале дар мақолаи дигар «Адабиёти форсӣ дар Осиёи Марказӣ» дар бораи дӯстии Камоли Хуҷандӣ бо Ҳофиз, таъсири Камол ба пасовандон, бахусус, ба ашъори Сироҷиддин Бисотии Самарқандӣ, тимсоли «саги маъшуқ» дар ғазалиёти Камол, инчунин муносибати шоир бо Ҳасани Деҳлавӣ матолиби ҷолибе ба  миён мегузорад.

Ховаршиноси дигар И.С.Брагинский низ  дар якчанд мақолаи худ  аз рӯзгору осор ва ҳунари шоирии Камоли Хуҷандӣ андеша меронад. И.С.Брагинский бо омӯзиш ва  таҳқиқи эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ асосан аз  охири солҳои чилум машғул шуд. Пешгуфтори китоби «Камол Худжанди», ки  соли 1949 ба забони русӣ интишор ёфт,  аввалин мақолаи нисбатан муфассали  И.Брагинский  дар бораи Камоли Хуҷандӣ  аст. Дар  ин мақола муаллиф ӯро  аз  бузургтарин  намояндагони шеъри  муқовимат меномад ва  яке аз  консепсияҳои  асосии   худро дар  бораи ҳузури  се тан шоирони эътирозгари  асри Х1У Ҳофиз,  Камоли Хуҷандӣ  ва Носири  Бухороӣ тавсеа  мебахшад.  Дар  асоси  байти машҳури Хоҷа Камол:

Дасти  султонон намебӯсад  Камол,

Нест  султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.

муаллиф таҳлили иҷтимоии шеъри Камолро пеш  мегирад. Ҳамин андеша  минбаъд низ  дар  мақолоти дигари ин муаллиф пайгирӣ мешавад.

Маҷмӯаи мазкур аввалин китобест, ки  40 ғазали Хоҷа Камолро дар  тарҷумаи А.Адалис (ба  истиснои  як ғазал, ки И.Селвинский тарҷума кардааст) ба хонандагони рус пешниҳод  кардааст. Ҷолиб  он нукта аст, ки ин маҷмӯа (мураттиб, муаллифи  пешгуфтор, шарҳу тавзеҳот И.С.Брагинский), аввалин  китоби  Камоли Хуҷандӣ  аст, ки дар Иттифоқи Шӯравӣ интишор ёфт. То нашри он ба забони  модарии шоир китобе  ба  табъ нарасида  буд. Бори  аввал ғазалҳои  мунтахаби  Камоли Хуҷандӣ дар таҳияи Шарифҷон Ҳусейнзода дар Сталинобод соли 1955 ба  табъ расидааст,  ки ин падида – чоп шудани  ашъори шоир аввал ба забони русӣ, баъд ба забони  модарӣ ба  назар хеле ҷолиб  ва қобили  андеша  ба назар  мерасад. Табиист, ки  дар  ин кор ҳам саҳми И.Брагинский ба мушоҳида меояд.

Мақолоти ин адабиётшиноси номвар дар китобҳои ӯ «Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик»(1956), «12 минётура» (1966), «Аз Авасто то Айни»(1981) ва маҷаллаҳо низ интишор ёфтаанд. Аз ин миён мақолае, ки бо номи «Дар бораи эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ» дар  «Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик» ба табъ расидааст, бо сабки муҳками илмӣ ва зикри сарчашмаҳои мавриди корбурди муаллиф имтиёз дорад.   

Дар камолшиносии Русия  адабиётшиносони дигар  низ  мисли А. Н. Болдырев (дар пешгуфтори худ  ба шеъри Ҳофиз аз ӯ ёд  кардааст), Л. И. Климович (шеъри Б. Лапин “Тақлид  ба Камол”-ро дар хрестоматияи худ  истифода  бурдааст),  З. В. Пономарева ва З. А. Черных (дар дастури таълимии худ ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир  кардаанд), М.Рейснер (ки дар китобаш “Таҳаввули ғазали классикии  форсӣ  дар асрҳои Х-Х1У” оид ба  вежагиҳои ғазали Камол  изҳори назар намудааст) ва дар дастури таълимии  мавсуф бо ҳамқаламии А.Ардашникова низ барои шайх Камоли Хуҷандӣ бахши мухтасаре ҷудо шудааст, ба ин мавзўъ  муроҷиат кардаанд.

Агар ба таърихи нашри тарҷумаҳои русии ғазалиёти Хоҷа Камол назар андозем, маълум мешавад, ки  то  имрӯз  ашъори ӯ 5 маротиба, аз ҷумла солҳои 1949, 1957, 1968,  1976, 1996  дар Маскав, Сталинобод ва Хуҷанд интишор ёфтааст.  Тарҷумаҳое, ки то имрӯз дастрас шудаанд, ба  қалами А.Адалис, В. Звягинцева, В.Потапова, Я.Козловский, М.Синельников, И. Сельвинский, А.Радковский, Р.Гайворонский мансубанд. Чунин ба назар  мерасад,  ки  ин тарҷумаҳо дар заминаи баргардони таҳтуллафзи  ашъори Камоли Хуҷандӣ рӯи  кор омадаанд ва  чї хуш мебуд,  агар мутарҷимон  кори худро бевосита аз забони тоҷикӣ ба  сомон мерасониданд.

Ҳамин тариқ, маълум  мешавад,  ки дар Аврупо ва Русия  то имрӯз ба шахсият  ва ашъори Камоли Хуҷандӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шудааст, аммо ин шинохт бояд мукаммалтар бошад ва заминаҳои онро камолшиносони тоҷик  дар ҳамкорӣ бо ховаршиносони хориҷӣ  метавонанд муҳайё кунанд.

Матлубаи Мирзоюнус, доктори илми филология, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *