Лолаи Саидакбар: Мадҳгӯӣ ҳунар шудаасту ҳарзасаро болонишин

Дар маҳфиле иштирок доштам, он ҷо шоире шеър хонд, ду хонуми ҳампаҳлуи ман ба шеърхонии ӯ, ки дар васфи Ватан буд, гӯш надода, байни худ ӯро ғайбат мекарданд:

-Ҳамихел балоҳай, и ғалчаи лақайсурат, бо «подхалимӣ» соҳиби ҳама чиз шид. Ба фалон мансабдор шеър навишта, соҳиби хона шуду ба бисмадонаш маҳдия навишта, соҳиби мансаб…

Тарафи шоирро гирифта гуфтам:

— Баъд чӣ шудааст, шоири бечора дуздида натавонад, пора хӯрда натавонад, агар ҳамин «ѓалчаи лақайсурат»-и мегуфтагии шумо дар ҳамин замони «зиёикуши нодонпарвар» бо маҳдиянависӣ соҳиби хонаю мансаб шуда бошад, хуш ба ҳолаш!

Аслан гуфтаҳои он ду зан ҳақиқат доштанд, афсӯс имрӯз ҳарзасароӣ, мадҳгӯйӣ ҳунар шудаасту ҳарзасаро болонишин.

Боре дар ин бора бо як шоири маъруф суҳбат карда будам, он кас бо шӯхӣ гуфтанд, ки ҳеҷ гап не духтарам, аз падари шеъри форсӣ Рӯдакӣ сар карда, то Ҳофизу Мавлоною дигару дигар ба аҳли ҷоҳ маҳдия бахшидаанд.

Вале чанде пеш шарҳи ҳоли Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедилро хонда, дар ин росто далели аҷибе ба дастам афтод…

Ба шоири маънисаро қисмат он қадар меҳрубон набудааст, вале дар натиҷаи омӯзиши зиёд соҳиби фазлу дониш гаштааст, вале аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ доштааст. Асалан аҷдодони шоир сипоҳиён будаанду ӯ низ дар дарбори писари Аврангзеб — Аъзамшоҳ  чун сипоҳӣ ба фаъолият мепардозад. Яке аз дӯстони Бедил ба Аъзамшоҳ мерасонад, ки ӯ шоир аст ва шоҳ аз ӯ хоҳиш мекунад то барояш маҳдияе нависад. Аз ин беадабии султон қаҳри шоир меояду дарборро тарк мекунад, ки инро дар мисраъҳои зерин тасвир кардааст:

Эй басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.
В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ
Рӯсиёҳии абад аз мадҳи амиру шоҳ аст…


Ногуфта намонад, ки Бедили фалаксайр танҳо дар синни 41 солагӣ соҳиби манзили шахсии хеш гаштааст, аз ин бармеояд, ки на ҳама ба хотири  маишати худ, ҷавонмардияшонро зери суол мегузоранд. Хубтар мебуд, аз рӯзгори ин гуна бузургон панде гирем:

Бедил, маро ҳарзасароӣ шон нест.

Мадҳи миру ситоиши султон нест.

Лолаи Саидакбар, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *