Абдунабӣ Сатторзода: Пушаймон нестам (видео)

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, шахсияти саршиноси кишвар, адабиётшиноси номвар, сиёсатмадор ва дипломат 80-сола шуданд. 5 сол қабл банда ба устод дар мавриди фаъолияти сиёсиашон мусоҳиба доштам. Ин навбат кӯшиш кардам, ки ин суҳбат бидуни сиёсат бошад…

Зарурати тағйири имло дар чист?

Гарчанде рӯзи мавлуди шумост, суҳбатамонро мехоҳам аз масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ оғоз кунам, ки дар ин шабу рӯз мавриди баҳсу мунозираҳои зиёд қарор гирифтааст. Оё чунин  зарурате ҳаст?

Бале, зарурат ҳаст. Дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бори охир 4-уми  октябри соли 2011 тасдиқ шуда буд, чанд мавриде ҳаст, ки солиёни зиёд боиси баҳс гардид ва яке аз он мавридҳо имлои ду ҳарфи “саргардон” (истилоҳи профессор Абдуҷамол Ҳасанов) – “ӯ” ва “у” мебошад. Лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ду сол пеш дар ниҳодҳои марбута ва Раёсати АМИТ низ баррасӣ шуда буд. Ман ҳам дар он ҷаласаҳо иштирок доштам ва 29 –уми октябри соли 2019 ёздаҳ пешниҳоди хаттӣ  карда будам. Ҳоло такрори чаҳортояшро бо истифода аз фурсати муносиб лозим медонам:

1. Барои ҳалли дурусти имлои ду ҳарфи “саргардон” – “ӯ” ва “у” ва бидуни агару магар ва шарту шароити зиёдатӣ, аз қабили “дар ҳиҷоҳои бастаи охири реша”, “пеш аз ҳарфи “й”, “дар оғози калимаҳои иқтибосӣ”, “дар байни калимаҳои аслии тоҷикӣ”, “дар ҳиҷои аввали калимаҳои иқтибосии арабӣ” ва ғайраро  бояд дар “Қоидаҳои имло” дарҷ кард, ки:

— дар калимаҳое, ки мувофиқи талаффузи адабӣ ва навишти урфӣ дар хатти арабиасос ҳарфи “вов” доранд, ҳарфи “ӯ” навишта шавад: анбӯҳ, андӯҳ, гурӯҳ, макрӯҳ, рӯҳ, тӯтӣ, тӯй, бӯй, рӯй, мӯй, кӯс, некӯ, нерӯ, нӯҳ ва ғйра;

— дар калимаҳое, ки мувофиқи талаффузи адабӣ ва навишти урфӣ дар хатти арабиасос ҳарфи “вов” надоранд, ҳарфи “у” навишта шавад: умед, усто, бузург, суруд, суҳбат, муҳлат, шуъба, шуъла, таваҷҷуҳ, куҳна, Суҳроб ва ғйра.

2. “Ъ” ҳарф аст, на аломат. Онро бояд дар навишти калимаҳои решагӣ дар ҳамаи ҳолат ҳифз кард: шамъ, шамъи…, ҷамъ, ҷамъи…, мавзӯъ, мавзӯъи…, самоъ, самоъи…, тулӯъ, тулӯъи…, шурӯъ, шурӯъи…, маҷмӯъ, маҷмӯъи…, навъ, навъи…, бадеъ, бадеъи…, воқеъ, воқеъи… ва ғйра.

3. “Ҳамза” аломат аст. Онро бояд бо аломати кома “,”  ифода кард, на бо аломати сакта “Ъ”: му,мин, мас,ала, мас,ул, та,рих ва ғйра.

4. Ҳифзи ҳарфи “Й” дар навишт дар ҳамаи ҳолат: бӯй, бӯйи…, рӯй, рӯйи…, кӯй, кӯйи…, сӯй, сӯйи…, пой, пойи…, ҷой, ҷойи… ва ғйра.

Баҳсе, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ дар бораи ворид кардани ҳарфҳои “Щ», «Ц», «Ь» ва «Ъ» оғоз гардидааст, ба ёди ман як гуфтаи аҷиби шоири номии тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимиро меорад, ки дар маҷлисе дар бинои куҳнаи Иттифоқи нависандагон гуфта буд. Вақте сухан ба зарурати нигоҳ доштани аломати “Ь – мягкий знак” рафт, гуфт, ки “мо дар ин солҳо он қадар мягкий шудем, ки дигар ба мо “мягкий знак” даркор нест”. Ба ҳамин монанд, мо дар ин солҳо ин қадар “хрущевҳо”, “щука», “вывеска” ва «выставкаҳо”-ро чашидем, хондем ва дидем, ки ба он дигар эҳтиёҷ надорем.

Мавзӯи дигари пурсарусадо тоҷикӣ кардани рутбаҳои ҳарбист. Ба ин чӣ назар доред?

Аз рӯйи навиштаи охирини Умеди Ҷайҳонӣ Кумитаи забон ва истилоҳот тарҳи пешниҳодии ӯро пазируфта, бо тағйири номи чанд рутба барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод карданист. Агар рутбаҳои ҳарбӣ тоҷикӣ (форсӣ) шавад, бадӣ надорад ва далел бар он хоҳад буд, ки мо қадам ба қадам дар баробари дарёфти Истиқлоли сиёсӣ ба сӯйи истиқлоли забонӣ, фарҳангӣ ва низомӣ равонем.

Дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик

Мехоҳам дар мавриди адабиёт суҳбат кунем, чун шумо бештари умри худро сарфи таҳқиқ ва нақд кардед. Адабиёти имрӯзаи тоҷик чӣ ҳол дорад?

Хушбахтона, ҳоли имрӯзаи адабиёти тоҷикро як моҳ пеш раиси муҳтарами Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба ростӣ хеле мунсифона таҳлил карда, нақсу камоли ҳар навъи адабиро дар зарфи панҷ соли охир бо далелҳо нишон дод. Ман бо ӯ дар маҷмӯъ мувофиқ ҳастам. Аз ин сабаб аз шарҳу баёни вазъи адабиёти имрӯзаи тоҷикӣ худдорӣ мекунам. Вале таъкиди як нуктаро лозим медонам, ки барору дастовардҳои адабиётро дар ин ё он марҳала на аз рӯйи миқдори асарҳо ва ё муаллифони онҳо киҳо ҳастанд, балки аз рӯйи намунаҳои беҳтарини он муайян менамоянд ва таваҷҷуҳ ба он мекунанд, ки оё муаллифонашон дар бозтоби ҳунарии воқеъияти давр муваффақ шудаанд ё на.

— Дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” шумо ҳам дар ҳайати ҳакамони он будед, бештари довталабоне, ки дар номинатсияҳои адабиёти муосир ширкат мекарданд, аз осори адибони шӯравии тоҷик мисол меоварданд. Инро чӣ гуна метавон фаҳмид? Оё метавон чунин қазоват кард, ки адабиёти даврони истиқлол асарҳои шоиста надорад?

Чунин ҳолат табиист, зеро, аввалан,  довталабон, ғолибан, хонандагон, донишҷӯён ва муаллимони мактабҳои миёна буданд ва маълумоти онҳо бештар бар асоси барномаҳои таълимии ҷорӣ ва китобҳои дарсӣ буда, бо асарҳои адибони даврони шӯравӣ шиносоии зиёдтар доранд. Сониян, китобу маҷмӯаҳои шоирону нависандагони шӯравии тоҷикӣ дар китобхонаҳову мағозаҳои китобфурӯшӣ зиёдтар мебошанд.  Солисан, шуморагони нашри китобу маҷмӯаҳои адибони даврони Истиқлоли давлатӣ аз 1000 адад беш нест. Ниҳоят, бо дарназардошти он ки Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Гулрухсор, Гулназар, Фарзона ва чанди дигар адибони даврони Истиқлол низ ба шумор мераванд, наметавон қазоват кард, ки адабиёти даврони Истиқлол асарҳои шоиста надорад.

Шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки пештози ҷунбишҳои истиқлолхоҳу таҷаддудхоҳ ва бедориҳои солҳои 80-уми асри ХХ будед. Дар он даврон як навъ инкори арзишҳои замони шӯравӣ низ ба мушоҳида мерасид, махсусан дар факултети филология. Дар он рӯзҳо, яъне дар охири солҳои 80 ва аввали 90-и асри ХХ шумо ба адабиёти замони шӯравии тоҷик чӣ назар доштед ва имрӯз чӣ ақида доред?

Ман дар он вақт ва баъд ҳам муқобили инкори арзишҳои адабӣ ва фарҳангии замони шӯравӣ будам ва ҳастам.  Соли 1991 дар мақолаам “Шеъри Турсунзода ва асолати шеър” аз навиштаи профессор Раҳими Мусулмониён “Рӯзгор дигар-дигар аст”, ки боиси каҷфаҳмию каҷбаҳсии баъзе аз шоиронамон шуда буд,  зикр намуда, таъкид карда будам, ки ҳадафи аслии мақолаи профессори муҳтарам “гузориши масъалаи зарурати таҷдиди назар ба адабиёти ба истилоҳ шӯравии тоҷик дар заминаи шеъри Мирзо Турсунзода буд”, на инкори он ва ё наҳ задани он. Бо дарки моҳияти масъалаи мазкур, тавре ки маълум аст, аз зарурати навназарӣ ба нақду таҳқиқи адабиёти даврони шӯравӣ донишмандоне низ, монанди Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ (“Аз пайи дарёфти фаҳмиши нав” (1990), Худоӣ Шариф (“Аз нав омӯхтан зарур… Танқид дар шароити бозсозӣ” (1991) ва дигарон мулоҳиза ронда буданд.

Адабиёти замони шӯравии тоҷикӣ, бо он ҳама маҳдудиятҳои ғоявӣ ва идеологие, ки дар ҷомеаи шӯравӣ нисбат ба адабиёт вуҷуд дошт, дастовардҳое ва бозёфтҳое дорад, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон инкор кард, аз қабили асарҳои мансуру манзуме мисли “Марги судхӯр” (1937) ва “Ёддоштҳо” (1954) –и устод Айнӣ, “Ҳасани аробакаш” ва “Садои Осиё” (1957)–и Мирзо Турсунзода, “Қишлоқи тиллоӣ” (1942)–и Мирсаид Миршакар, “Субҳи ҷавонии мо” (1954”) ва “Фирдавсӣ” (1988)-и Сотим Улуғзода, “Ман гунаҳгорам” (1957)–и Ҷалол Икромӣ, ”Тобистон”-и Пӯлод Толис,  “Одамони кӯҳна” (1963) ва “Дар он дунё”-и Фазлиддин Муҳаммадиев, “Сурӯши Сталинград” (1975) ва “Гаҳвораи Сино”-и Мӯъмин Қаноат, шеърҳои Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Камол Насрулло, Гулназар, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Фарзона, ҳикояву повесту романҳои маълуми Ҷумъа Одина,  Ӯрун Кӯҳзод, Муҳиддин Хоҷазод, Сорбон, Саттор Турсун, Абдуҳамид Самадов ва ҳоказо.

Пояи адабиёт пояи нақди адабист

Ҳар ҳафта дар Тоҷикистон як-ду нафар рисоли илмӣ дар бахши филология дифоъ мекунанд, вале нақди адабии фаъол надорем. Сабаб чист?

Ба иззати нафсатон нарасад, аксарияти шумо — рӯзноманигорони тоҷик дар бораи мавзӯъҳое менависед, ки таҳқиқи дуруст надоред. Агар таҳқиқ медоштед ва аз мавзӯъ огоҳии комил медоштед, аз ҷумла агар ба баъзе мақолаҳои каминаи камтарин, аз ҷумла “Нақд дар пояи адабиёт қарор дорад…” (2005), “Нақди шеър ба шеър нек гуфтан натавон” (2010), “Нақди адабӣ, Ҳамлет ва тарзи тоҷикӣ” (2011), “Нақди адабӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамои он” (2012)  чашм медавондед, ҳаргиз ин тасаввуроти  барғалат ва куҳнаро дар бораи фаъол набудани нақд такрор намекардед.

Ин ақида як тасаввури ғалат, бардошти ғалат, як устураест, ки дар муҳити адабии мо таърихи беш аз 80-90-сола  дорад. Агарчи ба нодурустии он чандин сол пеш аз ин баъзе аз соҳибназарон суханҳои бодалел гуфта буданд, боз ҳам гоҳу ногоҳ такрор мешавад.
Дараҷаи инкишофи нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик дар марҳалаи ҳозира дар ҳамон поя аст, ки адабиёти он дар он қарор дорад. Ва ин як чизи табиӣ ва қонуние мебошад, ки на танҳо ба адабиёт ва накди адабии тоҷик, балки ба ҳамаи адабиёт ва нақди адабии миллатҳои дигар низ хос аст. 37 сол пеш аз ин устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ  ва ман дар замина баҳсе доштем ва ба хулосае омада будем, ки «савияи ғоявию назарӣ ва илмии танқиди ҳозираи тоҷик аз савияи ғоявию бадеии назму наср пасттар нест», «балки ҷараёни имрӯзаи зиндагӣ ва адабиро гоҳо нисбатан беҳтар ва равшантар дарк ҳам намудааст» ва «аз беҳтарин намунаҳои адабӣ камӣ надорад».

Агар ба қавли шумо, “ҳар ҳафта дар Тоҷикистон як-ду нафар рисолаи илмӣ дар бахши филология дифоъ мекунанд” ва ба назаратон, ҳамчун нишони фаъол будани адабиётшиносӣ ва фаъол набудани нақди адабӣ менамояд, дуруст нест. Зеро, аввалан, аз рӯйи ҳисобу китоби мо дар КОА назди Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла Шӯрои ташхиси илмҳои филология ва рӯноманигорӣ (банда масъулияти раисии онро дорам) дар се соли охир ҳамагӣ камтар аз 100- рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст.

Вазъи илми филологияро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 — Дар маҷмӯъ, бад нест. Дар чанд соли охир як силсила таълифоти арзишманди илмии Субҳон Амирзода, Садрӣ Саъдиев, Мирзо Муллоаҳмадов, Шарифмурод Исрофилниё, Бадриддин Мақсудзода, Абдухолиқ Набавӣ, Матлубаи Мирзоюнус, Аскар Ҳаким, Шамсиддин Солеҳов, Ҳокимшоҳ Қаландариён, Шамсиддин Муҳаммадив, Анзурати Маликзод, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ, Субҳони Аъзамзод ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҷилди аввали “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” (Адабиёти давраҳои бостон, арабизабон ва асрҳои ХIII ва IХ) (2019)-ро ба табъ расонд  ва ин ҳама аз рушди соҳаи мазкур гувоҳӣ медиҳанд.

Аз муҳаққиқӣ то сиёсатмадорӣ

Устод, 80 ҳам даратонро кӯфт. Бо кадом рӯҳия онро пешвоз мегиред?

Дар рӯҳияам дигаргунии хосеро намебинам. Мисли ҳамешагӣ аз паси кору зиндагии муқаррарӣ ҳастам.

  — Имрӯзҳо дар мавриди чӣ бештар меандешед?

 — Кори кирояе накардему умр зуд гузашт. Суханҳои пири хирад Саъдӣ ба ёдам мерасад:

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,

Чун нигаҳ мекунӣ, намонад басе.

Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ!

Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?

Агар аз умри Саъдии бузургвор панҷоҳ гузашта буд, аз умри камина 80 гузаштааст, оё панҷрӯзае ва ё ҳаштрӯзае боқӣ мондааст? Худованд худаш медонад.

— Шумо дар самтҳои мухталиф ва вазифаҳои гуногун кор кардед. Ба рӯзгори шумо аз чанд зовия нигоҳ кардан имкон дорад: Сатторзодаи муҳаққиқ, мунаққид, муаллим, сиёсатмадор, сиёсатшинос, дипломат, шоир, роҳбар, шавҳар, падар, бобо… Дар кадоме аз ин самтҳо худро муваффақ ҳисоб мекунед?

— Аз пешаҳое, ки ба ман нисбат додед, зикри шоирӣ зиёдатист. Зеро ман шеър нагуфтаам, чанд мисраъу байтакое, ки гуфтаам, ба ин ё он муносибатест, дар сӯгвории дӯсти ҷамолакиам устод Лоиқ, ба ифтихори ҷашни 60-солагии устод Сорбон ва ғайра. Шеъргунаеро, ки дар ин охирҳо рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохтаамон Қурбони Аламшо хеле дар саҳифаҳои матбуот ва сомонаҳои интернетӣ тарғибу ташвиқ кард, бардоште буд аз рисолаи ӯ дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам” (1999) ва таърихи 20-21 августи 2001-ро дорад ва макони эҷодаш Гармчашма аст. Он як руҷӯъе буд аз номи Шириншоҳи Шоҳтемур ва ёронаш ва чунин зернавиштае ҳам дошт: “Эҳдо ба равони поки қурбониёни соли 1937, сарсупурдагони миллати тоҷик Шириншоҳи Шоҳтемур ва ёронаш”. Қурбони Аламшо онро соли 2009 дар китоби наваш “Шириншоҳ Шоҳтемур” бидуни огоҳонидани камина иқтибос намудааст. 

Касе, ки ҳамнишину ҳамсабақи шоири бузурге мисли Лоиқ будааст ва як каме аз адабиёти гузашта ва муосир хабар дорад, ҳаргиз даъвои шоирӣ набояд дошта бошад.

Ниҳоят, навбати ҷавоб ба саволатон, дар бораи он ки дар кадоме аз ин самтҳо худро муваффақ меҳисобам, бояд бигӯям, ки ба ҳар коре, ки даст задаам, кӯшиш намудаам, ки онро бо тамоми масъулияту ҷиддият анҷом диҳам. Академик Раҷаб Амонов, фолклоршиноси забардасти тоҷик ин чизро ба мушоҳида гирифтаанд ва навиштаанд: «Хусусияти хоси Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси адабиётшинос ва мунаққид он аст, ки корҳои ӯ ҷиддӣ мебошанд. Ӯ ба анҷоми корҳои саросемавор, норасида ва нопухта майл надорад ва равшан аст, ки ҳаргиз чунин нахоҳад кард. Ҳамаи он чизҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар байни аҳли илму адаб шуҳрати сазовор ёфтаанд».

— Дар кадоме аз ин риштаҳо муваффақ нашудед?

— Иловатан мегӯям, ки ҳамкорони муҳтарамам аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҷмӯаеро бо номи “Марди бисёрфан (донишманд, омӯзгор, сиёсатмадор, дипломат)” гирд овардаанд, ки дар он ба фаъолияти банда мутахассисони соҳаҳои гуногун аз дохил ва хориҷи кишвар  баҳои мусбат додаанд. Аз он ҳам маълум мешавад, ки камина дар ҳамаи риштаҳое, ки фаъолият доштам, зиёд бад набудаам.

— Волидайни шумо чӣ кора буданд ва дар сарнавишти шумо чӣ нақше гузоштанд?

— Падарам хизматчии давлатӣ, дорандаи Ордени байрақи сурхи меҳнат буданд. Солҳои зиёд раиси колхоз, нозири замин, сардори бригадаи сохтмон буданд, вале дар ҳар вазифае, ки буданд, баробари зердастонашон хирман мекӯфтанд, бод мекарданд, побел менамуданд, каланд мезаданду обдорӣ мекарданд. Дар асл ба тамоми маънӣ деҳқон буданд. Модарам дар аввалҳо аъзои колхоз ва баъдан хонашин буда, бо тарбияи фарзандонашон машғул шуданд.

— Чанд фарзанду набера доред?

— Буду шуд ду фарзанд – Парвину Ромин, панҷ набера – Султону Меҳрон, Фариштаву Нӯшофарину Анаҳита ва ду абера – Некрӯзу Ромини хурдӣ ҳам дорам.

— Панде, ки аз падари худ шунидед ва панде, ки ба фарзандони худ гуфтед.

— Панде, ки падарам мустақиман ба ман дода бошанд, тақрибан набуд. Ҳамаи панде, ки ман аз он кас гирифтаам, ғайримустақим аз рафтору гуфтору кирдорашон буд. Меҳнатдӯстӣ, покиву покизагии ахлоқӣ, хайрҳоҳу ёрирасони одамон, кӯшишу ғайрати фавқулода, садоқат ба кору пайкорашон, далерӣ ва нотарсии он кас барои ман ибрат буд. Солҳо дар корҳои роҳбарӣ фаъолият доштанд, аммо мо манзили дурусте надоштем. Пулу мол ғун намекарданд. Ҳар чӣ меёфтанд, сарфи оилаашон ва меҳмоннашон мекарданд. Мо меҳмонхонае доштем, ки тақрибан бе одам набуд.

— Зиндагиатон бобарор буд?

— Ҷавоби ман ба ин пурсиш мусбат аст. Мактаби ҳаштсолаи деҳаро дар 6 сол хатм намуда, омӯзишгоҳ ва университетро бо дипломи аъло ба охир расонда, шогирди бонуфузтарин устоди университет профессор Шарифҷон Ҳусейнзода шудам. Рисолаи номзадиамро ба рисолаи докторӣ баробар донистанд. Давраи докториамро дар муътабартарин донишгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ – Донишгоҳи Маскав ба номи М. Ломоносов гузаронидам. Чаҳор сол дар Пуҳантуни Кобул ба сифати мутахассиси Иттиҳоди Шӯравӣ дарс гуфтам. Дар раванди сулҳ ва оштии миллӣ ба ҳайси узви Музокироти сулҳи тоҷикон, Комиссияи назорат ба Созишномаи оташбаси муваққатӣ ва Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кардам ва дар маросими имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон иштирок доштам. Дар тамоми пешниҳодҳои 30% аз ҷониби мухолифони собиқ танҳо пешниҳоди ман алтернативӣ буд. Мо ду нафар ба вазифаи муовинии вазири корҳои хориҷӣ пешниҳод шуда будем. Вақте ки қабл аз таъин дар суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарами Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон будам, он кас гуфтанд, ки ҳарифат далолатгарони бонуфузе дошт, аммо ман ба ту, Абдунабӣ, эътимод кардам ва ба хотират гир, ки “Вазорати корҳои хориҷӣ вазорати хоҷагии қишлоқ нест”. Пас аз 8 соли фаъолият дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ба нафақа баромадан дар яке аз ҷаласаҳои расмӣ чашмашон ба ман афтид ва гуфтанд: “Ту ҳоло аз ман ҷавонӣ, пагоҳ ба Маркази тадқиқоти стратегӣ ба кор меравӣ”. Ва  ба номи сардори вақти он муассиса раҳматӣ Суҳроб Шарифовро гирифта, ба ӯ бо таъкид гуфтанд, ки аз пагоҳ Сатторзода ба кор меравад”. Ман ба кор рафтам ва ба ман вазифаи бомасъулияти сардори яке аз раёсатҳои асосии Марказ- Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои берунаи иқтисодиро муносиб диданд ва 6 сол дар он ҷо будам. Мехоҳам аз як нукта ёдрас шавам, ки дар нафақа будам ва мунтазир набудам, ки чунин хоҳад шуд. Аз моҳи майи соли 2012 дар яке аз ниҳодҳои бонуфузи АМИТ- Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ мудири шуъбаи таърихи адабиёт мебошам.

Оё пас аз ин ҳама иттифоқоте, ки бо ман дар зиндагӣ рӯй дод, ман ҳаққи маънавӣ дорам, ки бигӯям зиндагиам бобарор набуд ва ё дар зиндагӣ тавфиқ надоштам? Мусаллам аст, ки не.

— Аз зиндагии хеш пушаймон нестед?

На, ҳаргиз пушаймон нестам. Бо зиндагӣ, замона ва ҷомеа ҳисоби ман пок аст. Ҳар вазифаву ваҷибае, ки дар баробари зиндагӣ, замона ва ҷомеа доштам, гумон мекунам, ба қадри тавонам иҷро кардам. Ба сухани дигар, дар назди зиндагӣ, замона ва ҷомеа, миллату Ватанам қарздор нестам. Яке аз дӯстони донишмандам дар мақолае, ки дар ин рӯзҳо дар бораам навиштааст, ишора намудааст, ки “унвонҳои баландтарини илмии таълимӣ ва академикӣ ҳанӯз нишонаи тавоноии шахсро ифода намекунанд, балки бозгӯяндаи онанд, ки кадоме аз мақомҳои расмии соҳа меҳнати касеро қадрдонӣ кардааст. Масъалаи тавоноии олим ё муаллим дар донишварии вай, дар андешаронии ӯ, дар мустақилияти  фикр кардан ва ҷасорати татбиқи андешаи солимаш зоҳир мешавад” (Профессор Иброҳим Усмон). Ман бо ӯ мувофиқам.

Паймони ман бо замона, ҷомеа, миллат ва Ватанам ин аст, ки то умр боқист, дар хидмати онҳо хоҳам монд.

Мусоҳиб Одил Нозир

P.S. Ҳайати мушовара ва аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” профессор Абдунабӣ Сатторзодаро ба муносибати мавлудашон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати рӯзгорро орзуманд ҳастанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.