Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нақши санъат дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи шахсиятҳои миллӣ

Дар ҳошияи мақолаи «Нақди сухан»-и Саймумин Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Чанде пеш нигоштаи пурмуҳтавои Саймумин Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро таҳти унвони «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» хонда, ҳанӯз таҳти таъсири таҳлилҳои мӯшикофонаи муаллиф қарор доштем, ки ба зудӣ матлаби дигари мавсуф таҳти унвони «Нақди сухан» нашр шуд.

Пас аз хондани «Нақди сухан» ба муҳтавои «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» бештар ворид гардидем. Беҳтарин нигошта ҳамонест, ки андешаи инсонро такон диҳад ва барои эҷоди фикри нав заминаҳои маънавӣ фароҳам орад. Маводи дар боло зикршударо метавон ба ин гурӯҳ шомил сохт. Зеро бо нигоҳи нав бархурд кардан ба мавзӯи забони давлатӣ, дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллӣ ва устокоронаву бамаврид иқтибос намудан аз суханҳои  шахсиятҳои наҷиби арсаи сиёсату фарҳангу адабиёт дар зеҳни ҳар фарди ватандӯст ҷаҳони дигаре мекушояд.

Аслан се равиши хондани матн маъмул аст: назари рӯякӣ ё сарсарӣ ба хабару гузоришу мақолаҳо дар ВАО, инчунин асарҳои алоҳида ба хотири тасаввуроти умумӣ пайдо кардан), бодиққат (асарҳое, ки ба як назари гузаро муҳтавояшон диққатҷалбкунанда аст ва хонанда баъдан диққати худро мутамарказ сохта, ба тафсил мутолиа мекунад)  ва аз рӯи зарурати корӣ (санаду ҳуҷҷатҳои алоҳидае, ки муҳлати муайяни истифода ва корбарӣ доранд). Аммо ин тартиб догма нест ва ҳар касе вобаста ба завқи худ ба ҳар мавод аз усулҳои алоҳидаи хондан истифода мекунад. Вақте дар сомонаи «Ҷумҳурият» ба «Нақди сухан» бо назари гузаро менигаристем, нахуст чизе, ки сабаби ҷалби таваҷҷуҳи инҷониб гардид, байти зерини Миробид Сайидои Насафӣ буд:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад.

Бояд гуфт, ин  матлаи ғазалест, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ, пеш аз он ки алифборо хатм карда, хондану навиштан омӯзем ва кӣ будани Сайидоро донем, аз сурудаҳои марҳум Одина Ҳошим шунида будем ва байти бештар диққатҷалбкунандаи ин ғазал барои ҷомеаи солҳои навадуми асри гузашта аслан на матлаи он, балки байти зерин буд:

Дар ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
Варна Рустам ба чи боис сари Сӯҳроб хӯрад.

Чун ба муҳтавои матлаби «Нақди сухан» пурра ворид гардидем, дар он масъалаҳои аҳамияти риояи меъёрҳои орфоэпӣ (равонгуфторӣ)-и забон, дар ҷойи худ гузоштани зада ва задаҳои мантиқӣ, ҷобаҷогузории мувофиқи калимаҳо дар ҷумла, ороиш ва сифати истифодаи сухан, нақд аз нақши телевизион ва радио, инчунин кам будани ровиёни хушсухан ва монанди ин масъалаҳое, ки ҳамарӯза дар рушди забони давлатӣ таъсири мусбат ё манфии бевосита расонида метавонанд, дар сатҳи баланд таҳлил гардидаанд.

Масъалаҳое, ки муаллиф атрофи онҳо баёни андеша намуда, тавонистааст дар доираи як матлаб чандин мавзӯи тавъамро мушаххас ҷой диҳад, дар воқеъ ҳар кадом шоистаи пажуҳиши ҷудогона ва таълифи китобҳои алоҳида буда, роҳнамоеанд барои олимони забоншинос. Ба ин хотир мо дар нигоштаи худ танҳо вобаста ба мавзӯъ дар бораи нақши шахсиятҳои алоҳидаи соҳа ва ба самти дуруст равона сохтани истеъдодҳо ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва дар маҷмӯъ маънавиёти ҷомеа иктифо мекунем.

Саймумин Ятимов дуруст дарёфтаанд, ки «офарандаи таърих дар ҳамаи самтҳои фаъолияти инсонӣ шахсиятҳо мебошанд».

Дар «Нақди сухан» гап сари шахсиятҳое рафтааст, ки «аз забони онҳо меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи қироати матн аз лиҳози талаботи орфоэпӣ садо медод». Дар ин миён атрофи шахсияти хушзабон ва оташинсухан Абдурашид Хӯҷамқулов  батафсил сухан рафтааст, ки ин кас дар ҳақиқат намунаи ибрат барои садҳо ровиён гардида, ба восита ва ё бевосита ба онҳо ҳаққи устодӣ доранд.

Чун ба он ҷои матлаб расидем, ки Абдурашид Хӯҷамқулови донишҷӯ ба идораи телевизион ва радио барои иштирок дар озмуни ровиён рафта, «Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад…»-ро хондааст, беихтиёр ба хулосае омадем, ки дар 99,9% ҳолат А. Хӯҷамқулов пеш аз он ки китоби ғазалиёти Сайидоро ба даст гирад, нахуст ғазали мазкурро аз сурудаҳои дилнишини Одина Ҳошим шунида, ба ин ғазал меҳр баста, онро аз ёд кардааст. Яъне ин ҷо «Нақди сухан» андешаҳои моро ба таҳқиқи дигар паҳлуҳои масъала такон дод. Дар ин радиф хулосаи дигари мантиқӣ баровардем, ки дар рушди забон ва тарғиби адабиёти тоҷик дар баробари шоирону адибон, ровиёни телевизион ва радио, журналистону публисистон, инчунин сарояндагон низ нақши муҳим иҷро мекунанд.

Маҳз аҳли театру кино ва сарояндагон ҳастанд, ки то хату савод пайдо кардан кӯдакро (яъне ояндаи ҷомеаро) аз лиҳози маънавӣ тарбия ё «тарбия» мекунанд. Аз таҳлили қонунияти рушди санъат ва муҳтавои он бармеояд, ки шаклгирии идеяи миллӣ маҳз аз ҳамин зовия сарчашма мегирад.

Дар ҳақиқат, замоне, ки барномаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат  зери шиорҳои «интернатсионалистӣ» забону фарҳангу адабиёти тоҷикро ноаёну ба тадриҷ дар минбарҳои расмӣ буғӣ мекарданд, маҳз сарояндаҳои халқӣ буданд, ки аз минбари тӯю маъракаҳои мардум истифода карда, худшиносии миллиро ташаккул медоданд. Дар ин миён метавон аз ҳофизони халқ Сайдалӣ Вализода, Аҳмад Бобоқул, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Хуршед Алидод, Ҷӯрабек Мурод, Нигина Рауфова, Афзалшо Шодӣ ва монанди инҳо ёд кард, ки ҳар кадоме бо интихоби матни ҷаззобу пурмаъно, қуввати табиии овоз ва андешаҳои аз ифроту тафрит покиза рӯҳи адабиёти миллиро зинда нигоҳ медоштанд. Дар ин миён беинсофӣ мебуд, агар аз Аҳмад Зоҳир ёд накунем, ки то ҳанӯз матнҳои интихобкардаи сурудҳои ӯ ва дигар ҳофизони болозикрро сарояндагони се насли охир бо каме тағйирот оҳанг баста, ба шакли нав мехонанд. Миллионҳо нафар, бо шумули ровиёни суханпардоз, адибон, рӯзноманигорон ва дигар қишрҳои ҷомеа маҳз бо шунидани сурудаҳои эшон ба шеъру адабиёт дил баста, қудрати бузурги забони модарии хешро эҳсос кардаанд. Маҳз таъсири сурудаҳои чунин ҳофизони халқӣ ба зеҳну дили ҷомеа буд, ки мардум дар рӯзҳои сахт ба худ тасалло ва дар рӯзҳои нек фараҳи хештандорӣ меёфтанд.

Дар зимн санъати сарояндагиро метавон ба сифати яроқи муҳими идеологияи давлатӣ истифода бурд. Зеро маҳз тавассути ҳамин яроқ, ки тири он аз ашъори адибони забардасти тоҷик иборат буд, тӯли беш аз ҳазор соли мубориза гурӯҳҳои ифротӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ натавонистанд андешаи миллии тоҷиконро маҳв созанд. Ин буд, ки охирҳои асри 20 ва аввалҳои асри 21 гурӯҳҳои ифротӣ бо раҳнамоиҳои хоҷагони хориҷиашон марҳилаи гузариш дар Тоҷикистони тозаистиқлолро истифода бурда, хостанд мисли асрҳои 19 ва пештар аз он минбари маъракаҳои халқро пурра аз дасти ҳунармандон бигиранд ва раванди манқуртсозии ҷомеаро дар асоси барномаҳои таҳиянамудаи стратегони инқилобҳои ранга дар шакли нав бо баҳонаҳои дурӯғини «амри маъруф дар тӯй», ё «манъи марсияхонӣ дар ҷаноза» суръат бахшанд. Дар ҷанозаҳои мардум низ миссионерҳои худро мефиристоданд, то бо истифода аз боварҳои динии мардум андешаи ҷомеаро заҳролуд созанд ва ниҳоят бо ангехтани тафриқаву фитна бародарро бо бародар ҷанг андозанд. Яъне, ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Дар чунин марҳилаҳои барои халқи тоҷик сахти таърихӣ Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омаданд ва бо рушди фарҳангу маориф, хусусан барпо намудани барномаҳои бузурги фарҳангӣ мақому мартабаи аҳли адабу санъатро баланд намуда, дар баробари хатарҳои геополитикӣ ба ҷомеаи мамлакат масуният бахшиданд. Сафарҳои гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби адибону ҳофизони халқ ба минтақаҳои гуногуни мамлакат бори дигар хотираи миллӣ ва мағзи мардуми тоҷикро, ки дар банди заҳру ҷодуи ифротгароён карахт гардида буданд, бедор кард.

Сурудаҳои ҳофизони халқ мардумро дар баробари фиребу найрангҳои тундгароён ҳушдор медод. Мардум аз сурудаҳои Аҳмад Зоҳир дарк мекарданд, ки ҳеҷ кадом як муфтиву қозиву зоҳид наметавонад аз номи Худо ҳар чизе хоҳад, сари ҷомеа таҳмил созад ё касеро ба биҳишту дӯзах «роҳхат» диҳад. Баръакс, баъзан чунин тоифа «мулло»-ҳо ҳатто худро дуруст нашинохта, ба мардум аз худошиносӣ «амри маъруф» мекунанд:

Набарӣ гумон, ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ!  (Бедил)

Чашми хиради мардум аз сурудаҳои ин сарояндаи хушбаён кушода мегардад. Ё худ замоне, ки ифротгароён бо «фатво»-ҳои ҷоҳилонаи худ муаллимро «кофар» ва нонашро «ҳаром» эълон карда буданд, Зафар Нозим он замон дарди дили аҳли фарҳангро дар суруди пураламе бо мисраи «Зери пойи бешуурон поймолам кардаӣ» баён кардааст. Одина Ҳошим низ дар моварои чунин муборизаҳои нобаробар ҳам худ ва ҳам дигар зиёиёнро бо сурудани ин мисраъҳо рӯҳбаланд намуда, мардумро ба ғалабаи ақли солим ба селоби ҷаҳл умедвор месохт:

Хотири доно зи тӯфони ҳаводис фориғ аст,
Кӯҳи гардунсойро андеша аз селоб нест! (Раҳии Муҳайирӣ)

Пас аз расидан ба рӯзҳои нек Зафар Нозим дигар он ҳунарманди «Зери пойи бешуурон поймол»-шудаву парканда набуд. Зафар Нозим таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба «Уқоби кӯҳӣ»-и пурғуруре табдил ёфта буд, ки аз сари нав болу пар бароварда, дар сурудаи машҳури худ таҳти унвони «Эй кишвари ман, эй Сарвари ман!» бо рӯҳияи баланд, мисле, ки сухани дили тамоми мардуми мамлакатро месарояд, бо шукӯҳу ҷалол ва тантанаи беҳамто мехонд:

…Аё эй тоҷики ҳушёру бедор,
Биёяд шӯҳрати пешин ба такрор
Туро рӯҳи бузургонат мададгор,
Ватандор, эй ватандор, эй ватандор…

Бисёре аз мардум ба ин мисраъҳои пур аз шукӯҳу ифтихори миллӣ шояд ҳеҷ гоҳ мисле, ки дар вақташ ба шунидани «Марши ҳуррият»-и Айнӣ бо оҳанги Марселеза (1918)  аз ҳаяҷон мӯйи бадани кас рост мешуд, бо ғуруру сарбаландӣ аз тоҷик будани худ намеболиданд, агар ин сурудро Зафар Нозим намехонд ё ба ҷойи ӯ ягон «маҳиновоз»-е онро месароид.

Ё худ ба ёд орем суруди «Аскарбача»-и Нигина Рауфоваро, ки бо суханони содаву равон, вале оҳанги мутантану овози ширини модарона номусу ғурури ватандориро дар рагу ҷони ҷавонон бедор карда, насли навро барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ аз лиҳози рӯҳиву маънавӣ пурра омода месохт… Яъне боз мерасем сари масъалаи нақши шахсиятҳо дар шаклгирии тафаккури ҷомеа, ки Саймумин Ятимов дар «Нақди сухан» ишора фармудааст…

Дар ҳақиқат, санъат ҳамчун шакли афкори умум барои қонеъ сохтани талаботи ҷомеа ва ташаккули фитрати он мавқеи аввалиндараҷа дорад. Маҳз санъат аст, ки ормонҳои ҷомеаро дар худ таҷассум мекунад ва аз ин роҳ ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар шакли мувофиқ ба хостаҳои ҷомеа рушд менамояд. Дар ин миён вазифаи аҳли санъату ҳунар аз он иборат аст, ки ҷомеаро дар рӯҳияи шинохти бештари манфиатҳои миллӣ тарбия намояд ва дар ин роҳ аз «зуҳуроти моҳиятии ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ, дар маҷмӯъ, рӯҳи инсонӣ, ки тавассути нутқи даҳонӣ, хаттӣ, асарҳои илмӣ, бадеӣ, муҷассамаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва монанди инҳо ифодаи худро меёбанд», васеъ истифода барад.

Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси шаҳри Кӯлоб

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.