Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ОРЗУИ АМАЛИШУДАИ АБАЙ

Дар ҷаҳони бузургу бепоён сайёраи аҷибу дилфиреби Замин мавҷуд аст.  Он бо баҳру қитъаҳои худ, кӯҳҳо, биёбонҳову водиҳои ҳосилхез ва муҳимаш бо инсонҳое, ки дар Замин зиндагӣ мекунанду бо заҳмати худ онро зеботар месозанд, зебост. Дар рӯи Замин зиёда аз 200 давлат вуҷуд дорад ва ҳар як давлат ба таври худ беназир аст. Миёни онҳо чанд кишваре дар маркази қитъаи АвруОсиё ҷойгиранд, ки бузургтарини онҳо  — Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Қазоқистон аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон мақоми 9-умро ишғол мекунад ва қаламрави он ба ҳадде густурда аст, ки кӯҳҳои Уралро дар Ғарбу Олтой ва Тарбагатайро дар Шарқ фаро мегирад. Дар ҷанубу шарқ ҳамвории Устюрт ва соҳилҳои баҳри Каспий ҷойгиранд. Қисмати шарқии Қазоқистон ба Тиёншони шимолӣ такя мезанад.

Қазоқистон кишвари саҳрову биёбон ва кӯҳҳои бекарон аст, ки макони зисти ҳазорон намуди ҷонварон ва парандагон гаштаанд.

Дар ҳудуди ин кишвар ҳамвории азиме, ки бо алафи хушк пӯшида шудааст, дар охири уфуқ бо осмони соф ба ҳам мепайвандад. Саҳрои қазоқ – як қисмати Саҳрои Кабир аст, ки аз дохили тамоми АвруОсиё мегузарад. Қаламравест, ки дар он империяҳо бунёду хароб гаштаанд, ҳазорон қабилаҳои бодиянишин аз он гузар кардаанд. Саҳрои Кабири Қазоқистон дар худ ёдгории таърихро ҳифз мекунад ва ҳисси озодиву сабукиро медиҳад. Кишвари кӯчиён, саҳроҳои беканори Қазоқ ба инсон осудагиву озодии эҳсосотро мебахшад.

Қазоқистон ватани қазоқон аст. Вожаи «қазоқ» баромади туркӣ дошта, маънояш «инсони озод» аст, Қазоқистон – кишварест, ки таърихан дар он бодиянишинони озодидӯст маскун гаштаанд. Дар тӯли ҳазорсолаҳо онҳо дар чарогоҳҳо ва заминҳои ҳосилхези минтақа, дар пешдомани кӯҳҳо ва водиҳои дарёҳо рамаҳои сершуморро афзоиш медоданду мечаронданд. Роҳи бузурги абрешим аз сарзамини қазоқон мегузашт. Қазоқистон ҳалқаи муҳимтарин дар занҷираи муносибатҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Осиё ва Аврупо буд.

Зебоии ин кишвари нозанин, мардуми озодидӯсти онро нобиға Абай дар осори худ тасвиру тараннум намудааст. Таронаҳои ӯ дар даштҳои бекарон, саҳроҳои заррин, биёбонҳои сӯзон ва кӯҳҳои боазамати Қазоқистон танинандозанд. Номи ӯ ба ҳар як қазоқистонӣ ошност. Исми ӯ бо озодидӯстӣ ва садоқати бепоён ба Ватану мардуми худ ҳаммаъно гаштааст. Абай Ватани худ – Қазоқистонро дӯст медошт ва чунин мешуморид, ки дӯст доштан ин манфиат овардану ғамхорӣ кардан ба Ватани худ, эҳтироми гузаштаи он ва бунёди ояндаи зебо аст.

Номи фарзанди фарзонаи саҳро, шоири бузурги мардуми қазоқ, мутафаккир, олим, бастакор Абай Қунанбоев дар замони мо дар ҷаҳон машҳур аст. Шеъру сурудҳо, ақидаҳои фалсафӣ, суханҳо ва андешаҳои ӯ бо одамият, муҳаббат ва умқи худ дар қалбҳои инсонҳо роҳ ёфтаанд.

Қарори ҳукумати Қазоқистон дар бораи рӯзи ҷашнӣ эълом кардани санаи таваллуди шоири барҷаста, мутафаккир, ходими давлатии Қазоқистон Абай Қунанбоев қонунӣ гардид.

4 августи соли 2020 дар кишвар ҷашни нав – Рӯзи Абай пайдо шуд, ки ҳамасола 10 август таҷлил карда мешавад.

Шоири бузурги мардуми қазоқ, файласуфи инсондӯст, оҳангсоз, устоди сухани бадеӣ Абай (Иброҳим) Қунанбоев 10 августи соли 1845 дар шаҳристони Семипалатинск ба дунё омадааст.

Дар ибтидо ба шоир Иброҳим ном гузоштанд, аммо модаркалонаш Зере набераи дӯстдоштаашро Абай номид, ки маънояш «эҳтиёткор, оқил, зебо» аст. Аз ҳамон замон атрофиён низ ба писарак бо ҳамин ном муроҷиат мекарданд ва воқеан, касе ӯро бо номи аслиаш садо намекард.

Абай аз авлоди маъруфу  сарватманди беку ашрофзодаҳо буд. Бобокалони Абай Иргизбой баҳодур ва беки авлоди «Тобикти» буд. Вожаи «батир» на танҳо мардонагии шахсӣ, ҷасорат ва неруи инсонро, балки иштирок дар задухӯрдҳои ҳарбиро низ ифода мекунад. Ва ҳамаи ин хусусиятҳо баъдан ба насли ин авлод — Абай низ гузашт.

Кунанбойкажи – падари шоир ҳамчун шахсияти бузургу барҷаста дар ташаккули хислату рафтори Абай ва дидгоҳи ӯ, сифатҳои шахсии инсондӯстӣ ва ҳадафмандӣ нақши бузурге дошт.

Зиндагӣ ва осори Абай ба андозаи муайян бо муқаррарот ва бардоштҳои падари машҳуру баъзан сахтгир, аммо одили ӯ вобаста буданд.

Модари шоири бузург Улжан аз авлоди давлатманду ашрофи «Шаншар», аз қабилаи «Қарақесеқ» буд. Ин авлод ҳамеша бо забони тез ва ҳаҷвияҳои худ шуҳрат дошт. Сифатҳои тезҳушӣ, қобилияти тамасхур кардани камбудиҳои инсониро Абай аз ҷониби модарӣ ба мерос гирифтааст.

Шахсе, ки аз ҳама зиёдтар ба тамоюли барвақтии Абай ба санъати сухан ва дониш таъсир кардааст, модаркалонаш Зере буд. Чун донандаи хуби ганҷинаи шифоҳии мардумӣ, ӯ дар наберааш хоҳиш ва муҳаббат ба донишро бедор сохт, аввалин мураббӣ ва устоди ӯ гашт. Модаркалон бо меҳрубонӣ ва дарки нозуки ҷаҳони атроф аз дигарон фарқ мекард. Абай модаркалони худро хеле дӯст медошт. Рӯзу шабҳо дар канори ӯ буд, пайваста хоҳиш менамуд, ки афсона ё ривояте нақл кунад. Модаркалон Зере, ки ба наберааш бо навозиш муносибат мекард, бо хушнудӣ ҳамаи сарвати осори лафзиро барои наберааш боз кард. Зере дар афсонагӯӣ устод буд, нақлҳои дилпазиру ҷолиб мекард.

Улжани оқилаву меҳрубон низ вақти зиёди худро бо Абай мегузаронид. Ӯ шеърҳои зиёд, достонҳои қадима ва айтисҳои оқинонро азёд медонист.

Маҳз ба шарофати бибиву модар дар ниҳоди Абай майл ба эҷоду шеър бедор шуд. Таҳти таъсири зиёди онҳо Абай ба роҳи душвори мубориза барои саодати инсонӣ дохил шуд.

Абай замони кӯдакиаш дар назди мулло таълим гирифта, дертар омӯзишро дар мадраса давом медиҳад ва забонҳои арабӣ, форсӣ ва дигар забонҳои шарқиро меомӯзад. Ҳамзамон, ӯ ба мактаби русӣ мерафт. Дар охири таълими панҷсола Абай ба навиштани шеър оғоз кард, аммо дар ибтидо муаллифии онҳоро ба номи дӯсташ Кокпай Жантасов нисбат медод.

Аммо падар ба Абай имкон надод, ки таҳсилашро дар шаҳр ба анҷом расонад, ӯ писарбачаи 13-соларо ба авул баргардонида оварда, батадриҷ ба фаъолияти ояндаи судӣ ва маъмурии сарвари авлод омода мекард. Дар ин давра Абай усулҳои бурдани сабқатҳои лафзиро азхуд намуд, ки дар ин гуна сабқатҳо сухандонӣ, зиракӣ ва ҳозирҷавобӣ ҳамчун силоҳ хизмат мекард. Мурофиаи додгоҳӣ дар асоси қонунҳои дар тӯли асрҳо вуҷуддоштаи маъмулии қазоқон баргузор мегардид. Абай, ки дар байни баҳсу зиддиятҳои қабилавӣ монда буд, бо беадолатӣ ва бераҳмӣ муросо карда наметавонист ва аксар вақт бар зидди манфиатҳову кӯшишҳои падараш Қунанбой баромада, оид ба бисёр парвандаҳо қарорҳои одилонаву холисона мебаровард. Байни падару писар хусумат ва ҷудоӣ ба вуҷуд омад.

Дар синни 28 — солагӣ Абай аз фаъолияти маъмурӣ дур шуда, пурра бо худомӯзӣ машғул мешавад ва танҳо дар синни чиҳилсолагӣ шеърҳои аввалини калонсолонаи худро меофарад. Соли 1886,  пас аз чилсолагӣ, Абай шеъри зебои «Тобистон»-ро навишт ва бори нахуст дар зиндагӣ аз эҷоди худ розӣ буд. Ӯ ба дӯсташ Кокбой ширинкома дода, ба шеърҳояш номи худашро баргардонид. Билохира, Абай неруву тавоноии шеърро эҳсос кард ва зиндагии худро пурра ба он бахшид.

Дар муддати даҳ-бист сол Абай, ки аллакай инсони комилу фарҳангӣ буд, эҷодиёти шоиронаи мардумӣ, шоирони шарқӣ ва адабиёти классикии русро меомӯзад.

Муносибат бо бадарғашудагони сиёсӣ Е. П. Михаэлис, Н. Долгополов, С. Гросс барои Абай рӯйдоди муҳим гардида, дертар ба ақидаҳои файласуфонаи ӯ таъсир расонид.

Дар ташаккули ҷаҳонбинии Абай, инчунин, шоиру донишмандони Шарқ, ки ғояҳои башардӯстонаро меписандиданд (Фирдавсӣ, Алишери Навоӣ, Низомӣ, Фузулӣ, Ибни Сино ва дигарон) ва асарҳои адибони классики рус, тавассути онҳо адабиёти аврупоӣ низ таъсиргузор буданд.

Минбаъд Абай Қунанбоев ба густариши тамаддуни русӣ ва аврупоӣ дар миёни қазоқон мусоидат намуд. Ӯ осори Крилов, Лермонтов, Пушкин, Ҳуте ва Байронро тарҷума кардааст.

Дар робита ба ин, таърихи шеъри «Қараңғытүнде тау қалғып» («Кӯҳҳо дар шаби торик ғанаб мекунанд»), ки таронаи мардумӣ шудааст, ҷолиб аст. Ҳуте шеъри «Wanderers Nachtlied» («Таронаи шабонаи оворагард»)-ро навиштааст, Лермонтов ба забони русӣ шеъри «Қуллаҳои қӯҳҳо дар зулмоти шаб хуфтаанд…»- ро офарид ва пас аз ним аср Абай Қунанбоев ин мазмунро ба забони қазоқӣ сароид.

Абай дар назми қазоқ навовар аст. Шеърҳое, ки ба фаслҳои сол бахшида шудаанд: «Баҳор» (1890), «Тобистон» (1886), «Тирамоҳ» (1889), «Зимистон» (1888), шеърҳо дар бобати рисолати назм (омӯзондани некӣ ва қазовати бадӣ) хусусияти навоварона доранд. Мазмуни достони «Масгуд» (1887) ва «Достони Азим», ки дар заминаи адабиёти классикии шарқиёна навишта шудаанд, аз ҷониби Абай дар шакли нав ба риштаи назм даромадаанд. Ин воқеаномаҳои ҷаззобу ҷолибанд, ки дар рӯҳияи ривоятҳои шарқӣ бо унсурҳои сеҳру ҷоду офарида шудаанд. Сужаи достони «Искандар»-и Абай (Искандари Мақдунӣ)-ро дар эҷоди Фирдавсӣ, Низомӣ, Навоӣ низ дидан мумкин аст, аммо дар достони Абай хирад дар симои Арасту ва ҳирси истилогар дар симои Искандари Мақдунӣ зидди ҳамдигар гузошта шудаанд.

Аммо омӯзгору мураббии аслии Абайи ҷавон худи мардуми қазоқ мебошад.

Дар айёми наврасӣ Абай саъй мекард, ки намунаҳои олии санъати сухангӯӣ, анъанаҳо ва маросимҳои мардумӣ, намунаҳои додгоҳии одилонаи масъалаҳои мураккабу баҳсии байни одамон ва қабилаҳоро омӯзад.

Дар ҳама замонҳо миёни бодиянишинон санъати сухан, сухангӯӣ қадри баланд дошт. Достонсароёни мардумӣ, наттоқон, шоирон, устодони ривоятҳои шифоҳӣ асоси бузургу маънавии осори Абайро баён мекарданд, зеро ӯ дарк карда буд, ки аксари донишҳо ва хиради зиндагӣ дар ривоятҳои халқӣ,  достонҳои баҳодурон ниҳонанд. Аз овони ҷавонӣ ӯ оқину достонсароёнро бо ваҷд гӯш мекард,  намунаҳои назми мардумиро меомӯхт ва тақлид мекард, шеърҳои аввалини худро менавишт. Абай тавассути ҳикмати мардумӣ дар бобати таърихи Саҳро дониш гирифтааст.

Дар манзили ӯ ҳамеша инсонҳои боистеъдод ва хирадмандро бо хурсандӣ мепазируфтанд. Шоири машҳур Давлат (Дулат) ба ин даргоҳ пайваста ба меҳмонӣ меомад. Ӯ истеъдоди шоирии Абайро ҳанӯз дар шеърҳои наврасиаш дарёфта, ба шоири оянда дуо дода буд:

Сын мой, подрастешь и ты,

Взлетишь на крыльях мечты.

Выше облаков, возможно, взойдешь ты,

Да сбудутся твои чудесные сны.

Ин суханон пешгӯӣ буданд. Абай дар шеъри қазоқӣ  ҳамчун навовар андоза, қофия ва шаклҳои нави шеърӣ: шеърҳои ҳашт ва шашмисрагиро ворид кард. Ӯ тақрибан 170 шеърро эҷод, 56 шеърро тарҷума кард, достонҳо, «Панднома» («Қара сөздер»)-ро навишт.

Мутаассифона, Абай эҷоди худро ҷамъу нигоҳдорӣ намекард, зеро дар замони зиндагии ӯ имкони нашри асарҳо набуд. Аз ин рӯ, бисёр осори ӯ, ки бадоҳатан ё баъзан дар ягон пораи коғаз навишта шудаанд, гум шуданд. То ба мо танҳо он шеърҳое расидаанд, ки одамон азёд медонистанд. Шеърҳои боқимонда ба дастнависҳои мулло Мирсаид (Мурсеит) ворид шудаанд.

Ҳамзамонони шоир қайд кардаанд, ки Абай навиштаҳои худро ислоҳу таҳрир намекард. Худи ӯ ҳам борҳо иқрор кардааст, ки агар эҷоди худро таҳрир мекард, онҳо комилтар мебуданд. Аммо навишатҳои Абай дар шакли ибтидоӣ низ олиҷанобанд.

Абай пайваста эҷод мекард. Нақл мекунанд, ки вақте илҳомаш меомад, шоир хома ба даст мегирифту шеърҳо худ аз худ метаровиданд. Дар ин гуна лаҳзаҳо ҳамаи неру ва асрори истеъдоди ӯ зуҳур мекард. Эҷодиёти Абай бо илҳомҷӯии шоирони  бадеҳагӯй муқоисашаванда аст.

Авули Абай, худи шахсияти ӯ дар он замон яке аз марказҳои аслии фарҳанги қазоқӣ, макони истеъдодҳо буд. Шоир дар атрофи худ ҷавонони соҳибзавқро гирд оварда, маориф, фарҳанг ва санъатро тарғиб менамуд, онҳоро ба олами бузурги назм роҳнамоӣ мекард. Ин иқдоми Абайро фарзандон, наздикону пайвандонаш бошавқ дастгирӣ мекарданд. Онҳо бисёр вақт ҷамъ шуда, Муҳаммадҷон, Алмагамбет, срипканавоз Мука ва дигар шахсони боистеъдодро гӯш мекарданд. Аксаран шомҳои авул ба ҷашни шеъру санъат мубаддал мешуданд.

Абай мактаби шоириро таъсис дод, ки намояндагони он писарони ӯ Оқилбой, Абиш, Магаш, писари бародарбузургаш Кудайберди – Шокарим, дӯстону шогирдонаш Кокбай Жанатауйли, Арип Танибергенов, Асет Найманбетов ва дигарон буданд.

Абай оҳангсоз низ буд. Ӯ наздики бист мусиқиро офаридааст, ки имрӯз низ машҳуранд. Шоир ва оҳангсоз қобилияти тарона ва тавассути оҳанг ҷилва додани зебоии ҷаҳонро хуб дарк мекард. Аз ин рӯ, Абай Қунанбоев ба баъзе шеърҳои худ мусиқӣ бастааст ва суруди  «Мардумаки чашми манӣ» бо шеъри ӯ таронаи мардумӣ гаштааст.

Абай бисёр донишҳоро азхуд кард ва эҷоди бастакорони мардумӣ, ба монанди Биржан сал, Ақан сери, Жаяу Мусо, Таттимбетро меписандид. Ӯ махсусан ба сарояндагони кюй ва санъати сарояндагии онон баҳои баланд медод.

Мою душу взял вчера слух,

Залетевший в наши края,

Столько мыслей навеяла вдруг…

Полюби эту песню, как я.

Номи фарзанди фарзонаи саҳро, шоири бузурги мардуми қазоқ, мутафаккир, олим, бастакор Абай дар замони мо дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Шеъру сурудҳо, ақидаҳои фалсафӣ, суханҳо ва андешаҳои ӯ бо одамият, муҳаббат ва умқи худ дар қалбҳои инсонҳо роҳ ёфтаанд.

Дар шеърҳои Абай нигаронӣ аз тақдиру ояндаи мардуми худ садо медиҳад.

Время — пряди тумана вдоль гребней гор.

Ты с надеждой глядишь в туманный простор,

Ты следишь за потоком безликих дней,

Вечной сменою их утомляя взор.

Абай Қунанбоев ба зиёиёни навзуҳури миллии қазоқ дар охири асрҳои  XIX – ибтидои асри XX таъсири бузурге дошт. Роҳбарони ҷараёни Алаш-Ӯрда Абайро пири маънавӣ ва ҳатто пешвои маънавии эҳёи миллати қазоқ мешумориданд.

Бар хилофи номи худ «Абай», ки аз калимаи қазоқии «абайла», яъне «эҳтиёт шав, боэҳтиёт бош, пеш аз он ки ба коре тасмим мегирӣ» баромадааст, ӯ эҳтиёткор нашуд, балки бар муқобили тӯдаи ашрофзодагони саҳроӣ, ки бераҳмона мардуми худро ғорат мекарданд, муборизаи ҷасуронаро оғоз кард. Аз ибтидо ӯ ҷонибдори умумигардонӣ ва дарки рӯйдодҳо буд, ӯ инсоне буд бо тафаккури файласуфона.

Маорифпарвар, демократ, шоир ва мутафаккири барҷаста, асосгузори адабиёти хаттии қазоқ Абай ба ворисони худ осори аз ҷиҳати миқдор на чандон бузург, вале аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа пурқудратеро ба мерос гузошт.

Абай тарғибгари ҳама чизи нав буд ва аз он муҳите, ки ӯро иҳота карда буд, як сару гардан боло меистод. Ба андешаи ӯ, ҳар як инсони соҳибфикр бояд муносибати бошууронаи худро ба воқеияти атроф ташаккул диҳад.

Маорифпарвар мехост ҷомеаи инсониро накукору бохирад ва пешраванда бубинад. Ҳар як инсон, ба ақидаи ӯ,  дар алоҳидагӣ дар ин роҳ бояд саҳми худро гузорад.

Ҷидду ҷаҳд барои рушди бонизоми ҷомеа, ки дар он инсонро «хирад, дониш ва ирода» болонишин мекунад, яке аз самтҳои асосии тамоми эҷодиёти Абай мебошад.

Ба ақидаи Абайи маорифпарвар, инсоне, ки соҳибнеруву бо дониш мусаллаҳ аст, бояд бикӯшад, ки онро ба манфиати ҷомеа истифода барад ва саъй кунад, то ба ҳама нафъе бибахшад.

Абай Қунанбоев роҳи хизмат ба ҷомеаи инсониро маҳз дар заҳмат медид. Ӯ ҳар гуна корро қадр мекард ва онро бо чунин сифатҳои ҷомеаи инсонӣ, чун хирад, некӣ, ҷаҳду талош ва хоксорӣ дар як саф мегузошт. Маорифпарвар саъй мекард, ки дар дили насли ҷавон муҳаббат ва эҳтиром ба корро бедор кунад ва ҳангоме наззора мекард, ки як қисмати ҷавонон вақти худро бо бекорӣ мегузаронанд, хеле ғамгин мешуд. Абай меҳнатро ягона роҳи расидан ба сарват ва фаровонии ҷомеа дониста, чунин мешуморид, ки «худи зиндагӣ ба мо мушкилиҳои пирӯзиро меомӯзонад»

Тамоми осори Абай пур аз ғояҳои оштинопазирӣ бо бекорӣ ва  шарми бардурӯғ аст. Хислати инсонӣ, ба андешаи ӯ, танҳо дар мубориза бо мушкилиҳо ва бартараф сохтани онҳо обутоб меёбад.

Абай ба неруи эҷодии оммаи мардум боварии комил дошт ва дарк мекард, ки дар шароити онзамонии ҳаёти омма, мардум имкон надорад, ки аз самараи меҳнати худ пурра истифода кунад. Бойҳо, бекҳо, саркорон ва ҳокимони ҳама мартабаҳо дар муносибат бо мардуми одӣ симои якхела доранд.

Дар хислатҳои инсонҳои атрофаш, пайвандон ва шогирдонаш Абай зиёдтар аз ҳама ба садоқати беғаразона ба мардуми азиз ва ҳимояи манфиатҳои онҳо баҳои баланд медод. Абай дар марсияи писари бармаҳал аз ҳаёт рафтааш Абдураҳмон бо сӯзу гудоз фазилатҳои ӯро мешуморад (ҷасурӣ, самимият, накӯкорӣ ва донишомӯзӣ) ва таъкид месозад, ки «ӯ ҳимоягари камбизоатон буду муборизи шарафу ростӣ».

Зиндагии сахти мардуми одиро дида, Абай на танҳо беадолатиҳоро рӯирост фош мекард, балки  талаб менамуд, ки барои ислоҳи ин беадолатӣ амалҳое рӯи кор гирифта шаванд. Дар хитоб ба ҷомеа ӯ суол медод: «Чаро бадкорон тавоноянд? Барои чӣ камбағалон норизо?»

Роҳи беҳсозии ҳаёти оммаи меҳнаткашро Абай, пеш аз ҳама, дар дигаргунсозии заминаҳои иқтисодии ҷомеа медид. Рушди қазоқонро Абай бо рушди кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат пайванд медод. Ин се бахши иқтисод ҳамеша дар мадди назари маорифпарвари қазоқ меистод ва ба андешаи ӯ оммаи мардум ба онҳо бояд рӯ оварад.

Ҳарчанд аксари сокинони Қазоқистон чорвопарвариро идома медоданд, Абай рушди ояндаи иқтисодиро ба густариш ва беҳсозии кишоварзӣ вобаста медонист. Ӯ воқеан чунин мешуморид, ки кишоварзӣ аз садамаву ҳодисаҳои тасодуфии иқлими саҳрои қазоқӣ камтар осеб мебинад. Ӯ навишта буд:

Тяжел труд земледельческий – вспашка, посев,

Но земля все же сторицей воздаст под конец.

Аҳамият ва мавқеи ҳунарро дар рушди иқтисодии ҷомеа муайян намуда, Абай ошкоро мегӯяд: «Бояд ҳунар омӯхт», зеро «ҳунар ҳамеша дар даст мемонад, ва ҳунарманде, ки бе фиреб маҳсули дасташро мефурӯшад – беҳтарини қазоқон аст».

Ҳамзамон, ӯ шоҳиди он буд, ки дар роҳи ҳунармандони ростқавл ҳангоми фурӯши молҳои омодакардаашон чӣ қадар монеаҳо мавҷуданд. Алипсаторон – харидорон ва ҳаннотоне, ки метавонистанд дар саҳроҳо бигарданд ва аз дасти истеҳсолкунандагон маҳсули кори онҳоро арзон бихаранд, як шарри азиме буданд. Алипсаторон зуҳуроти асри XIX буда, бо рушди муносибатҳои савдову пулӣ густариш меёфтанд.

Абай чунин мешуморид, ки тавсеаи ояндаи тиҷорат қисмати ҷудонашавандаи шукуфоии иқтисоди кишвар аст. Ӯ тиҷоратро воситаи муносибати байни мардумон, ҳавасмандкунии рушди неруҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа медонист, аз ин рӯ, тарғибгари фаъоли тавсеаи он дар Қазоқистон буд.

Шиддат гирифтани зулми мустамликавӣ ва асосҳои ҳанӯз мустаҳками муносибатҳои падархудоӣ дар Қазоқистон дар ақидаҳои Абай оид ба масъалаҳои идоракунӣ бозтоб ёфтанд. Вай ҳеҷ гоҳ дар бораи шӯришҳои мардумӣ ҳарф назадааст, аммо Абай аз мавқеи демократӣ манфиатҳои оммаро ҳимоят карда, доимо роҳҳои рушди пешрафтаи ҷомеаро меҷуст. Вай чунин мешуморид, ки шахсони поквиҷдон, ки ба фаъолиятҳо ба манфиати мардум манфиатдоранд, бояд ба вазифаи ҳокимон интихоб карда шаванд. Ин одамон набояд қонунҳоро нақз кунанд, набояд аз мақоми хизматии худ суиистифода кунанд.

Аммо Абай роҳ ҳалли низоъҳои байни ҳокимон ва манфиатҳои аксари оммаи мардумро ёфта натавонист. Ӯ натавонист то ба охир аниқ кунад, ки ҷомеа, қонун ва шахсият бо ҳам чӣ гуна вобастаанд.

Неруи асосиро, ки метавонад ба бадӣ ғолиб ояд, чун бисёриҳо ӯ дар илму дониш медид. Ӯ аҳамияти дониш ва маърифатро барои ҷомеа ошкор намуда, ба мутобиқат накардани онҳо бо «бадӣ, дурӯғ, лофзанӣ, бекорӣ ва исрофкорӣ» боварӣ дошт. Ин хусусиятҳои ҷомеаи қазоқиро мутафаккири барҷаста бад медид, ӯ мубориза бар зидди онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонист.

Мутафаккири барҷаста чунин ақида дошт, ки танҳо тавассути кор ва андӯхтани дониш метавон ба шукуфоии илм расид. Коре, ки барои андӯхтани дониш сарф шудааст, ба андешаи ӯ, ҳамеша наҷибу босамар аст. Ҷаҳду талоши Абай барои дар дили ҷавонон бедор кардани муҳаббат ба донищ дар фошгӯии камбудиҳои ҷомеаи қазоқӣ аён мегардад, ки дар навбати аввал бо ҷоҳиливу торикӣ алоқаманданд.  Абай тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи қазоқиро омӯхта, ба хулосае омад, ки ин иллатҳоро дар ҳамбастагӣ бо тамоми ҷомеаи қазоқӣ мағлуб кардан мумкин аст. Ва гарчанде ки ҳар як шахс соҳиби сарнавишти худ аст, тақдири тамоми мардум дар маҷмӯъ вуҷуд дорад. Берун аз ҷомеа зиндагӣ кардан ва ё беҳтар аз он будан ғайриимкон аст.

Дар нисбати муносибатҳо бо дигар мардумони муқими Россия Абай нуқтаи назари равшани худро дошт. Принсипи асосие, ки ӯ роҳнамоӣ мекард, принсипи эҳтиром, дӯстӣ ва баробарҳуқуқӣ буд. «Инсон дӯсти башарият аст», — гуфта буд ин шоири башардӯст. Ғояи сиёсии ҳамраъйии байналмилалии оммаи ранҷдида ва ваҳдати он дар заминаи дастовардҳои бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамеша дарку асоснокии файласуфонаи худро ёфтааст.

Бо қадршиносӣ аз хизматҳои ӯ ҳамчун файласуф ва маорифпарвар, бояд хотирнишон сохт, ки Абай, пеш аз ҳама, шоир буд. Яъне, ӯ дар доираҳои васеи ҷомеа ҳамчун шоир шинохта шудааст. Ин ҳақиқат аст.

Соли 1904 Абай ба шастсолагӣ нарасида, вафот кард. Кулли мардуми қазоқ ин рӯйдодро чун фоҷиаи шахсии худ паси сар намуд. Ӯ инсони бузурге буд, ки осораш боз солҳои тӯлонӣ чун чашмаи зулолу мусаффои озодагии маънавӣ барои чандин наслҳои инсонӣ хизмат хоҳад кард.

Орзуи шоир ин буд, ки мардуми худро миллати бомаърифат, пешрав ва озод бубинад ва ин орзу дар эҷодиёти ӯ бозтоб ёфтааст. Маҳз бо ҳамин сабаб асарҳои Абай наслҳои қазоқонро барои хизмат ба мардуми худ илҳом мебахшад, саъйи ин мардумро ба донишу маърифат,  ба рушди миллат тавассути фарҳанг дастгирӣ мекунад.

Шоири бузург то рӯзҳои  ба даст овардани истиқлоли мардуми қазоқ нарасид, аммо ворисони ӯ имрӯз давлати соҳибихтиёрро бунёд намуда, орзуи тамоми зиндагии ӯро амалӣ мегардонанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj