Робиаи Балхӣ аввалин зани суханвар дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ

Робиаи Балхӣ аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шинохта шудааст. Соли таваллуди шоира маълум нест, вале дар аҳди Сомониён ва дар замони Рӯдакӣ зистанашро тазкиранависон таъкид кардаанд. Ӯ бо тахаллуси Зайнулараб ашъори арабӣ ҳам месурудааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд аксари шоирони замони Сомониён соҳибдевон буданд. Эҳтимол Робиа низ девони худро бо забони форсӣ ва арабӣ мураттаб кардааст, вале мутассифона он то замони мо нарасидааст.

…Бо вуҷуди он ки Робиа ашрофзода – духтари ҳокими Балх Каъби Қуздорӣ буд, сарнавишти печидаву талхеро пушти сар кард. Пас аз марги падар бародараш Ҳорис, сарпарасти ӯ таъин шуд. Ҳорис ғуломе дошт ба номи Бектош, ки Робиа ба ӯ дил баст. Ӯ дар алангаи оташи ишқ месӯхт ва дар васфи ғуломи бародар шеърҳо мегуфт. Бектош низ алорағми қавоиди ғуломдорӣ ба ишқи моликаш посухи муҳаббат медод. Вақте Ҳорис, ки шеъргӯйии хоҳарашро намеписандид, аз асрори ишқи ӯ огоҳ гардид, дар ғазаб шуд ва амр дод, ки Робиаро ба қатл расонанд. Ҳамин тавр, ғуломони бародар раги дастони шоираро бурида, ӯро ба ҳаммоми тафсон андохтанд, то ки ҳалок гардад. Ривоят мекунанд, ки охирин мисраъҳоро Робиаи ноком бо хунаш дар деворҳои ҳаммом навишта кард…
Робиа шоири лирик аст. Шеърҳои ӯ, амсоли ашъори шоирони ҳамзамонаш содаву зебо ва муассиру дилнишин мебошад. Дили сафед, содагии латиф, назокати занона, зебогии зоҳиру ботин ва аз ҳама муҳим ишқи покаш дар нигоштаҳояш зоҳир мешаванд. Ҷолиб аст, ки ӯ зани босаводу огоҳ ва воқиф аз илмҳои замони хеш мебошад. Мушоҳидаи қонунҳои табиат ва муқоисаи он бо асарҳои санъат, мантиқи фикр ва андешаҳои шоир касро дар шигифт меорад.

Аз Робиаи Балхӣ то ба имрӯз 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт, ҷамъулҷамъ 55 байт боқӣ мондааст. Вале барои мо ин 55 байт арзиши як девони калонҳаҷмро дорад, зеро ҳамин кофист, ки шоири бузург будани Робиаи Балхиро донем ва ӯро дӯст дорем.
Намунаи ашъори Робиаи Балхиро ба хонандагони гӯшаи навтаъсиси “Хубони порсигӯ”-и маҷаллаи занони Тоҷикистон – “Фирӯза”, ки ҳадафаш муаррифии занони суханвар мебошад, пешкаш мекунем.

Ало, эй боди шабгирӣ, паёми ман ба дилбар бар,
Бигӯ он моҳи хубонро, ки ҷон бо дил баробар бар.
Ба қаҳр аз ман фикандӣ дил, ба як дидор, маҳрӯё,
Чунон чун Ҳайдари каррор дар он ҳисни Хайбар-бар.
Ту чун моҳию ман моҳӣ ҳамесӯзам ба тоба-бар,
Ғами ишқат на пас бошад, ҷафо бинҳодӣ аз бар — бар.
Танам чун чанбаре гашта, бад-он уммед то рӯзе,
Зи зулфат барфитад ногаҳ яке ҳалқа ба чанбар — бар.
Суманбар гашта маъшуқам, ҳама ғам з-ин қибал дорам,
Ки ҳаргиз суд накнад кас ба маъшуқи суманбар — бар.
Агар хоҳӣ, ки хубонро ба рӯи худ ба ҳаҷр орӣ,
Яке рухсори хубатро бад-он хубон баробар бар.
Аё муъзин, ба кору ҳоли ошиқ гар хабар дорӣ,
Саҳаргоҳон нигаҳ кун ту бад-он Аллоҳу акбар бар.
Мадор, эй Бинти Каъб, андӯҳ, ки ёр аз ту ҷудо монад,
Расан гарчи дароз ояд, гузар дорад ба чанбар — бар.


Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯи мушк аз чи маъно гирифт?!
Магар чашми Маҷнун ба абр — андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд
Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!


Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёе каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.


Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.


Турк аз дарам даромад хандонак,
Он хубрӯи чобук меҳмонак.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.