Садриддин Айнӣ – бунёдгузори адабиёти навини тоҷик

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрел 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст.

Кӯдакӣ ва таҳсил

Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.

Фаъолияти эҷодӣ

Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.

Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводиру-л-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои садаи XX устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад.

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда — Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» — и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Дар даврони Ҳокимяти шӯравӣ аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулҳона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъйин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Эҷодиёти устод

Шоирӣ:

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XIX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам

Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо

Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Айнӣ

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909—1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918—1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.

Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард

Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Айнӣ

Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин «Марсия» — и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,

Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.

Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,

Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

Айнӣ

Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод!

Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!

Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,

Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!

Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир,

Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Айнӣ

НАСР:

Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.

Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924—1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.

Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.

Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст. Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935—1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст.

Дар тӯли солҳои 1949—1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст.

Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардонида шудааст. Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *