Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафири адабиёти тоҷик. Чаро китоби Р. Набиевро нобуд карданд?

(Аввалаш дар шумораи №11-12-и ҳафтаномаи «Тоҷикистон»)

— Хоҳарзодаам Хуршед Нуъмонов, ишора ба низомӣ карда, ба ман рӯй оварданд Ниёзӣ. Бародари бузургам Фотеҳ Ниёзӣ ҳам низомӣ – полковник, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «За родину», «Красноармейская правда» буданд. Он кас ҳам бо далолати домулло Айнӣ ба Душанбе омаданд. Аз Бухорою Самарқанд  ба Душанбе омадани аҳли зиё хидмати домулло Айнӣ буд.  Ба гуфтан осон. Хонаю дар, замини бобоӣ, хешу табор, ҳар чи доштанд партофтанду ба хотири миллат  Душанберо интихоб карданд. Ин иқдом он замон маънии хонаи ободро ба кулбаи вайрона иваз карданро дошт. Албатта, ин кулбаи нообод обод шуд. Аммо бо ҷонфидоии аҳли зиёи он замон,  хуни ҷигар хӯрданҳо.

Фотеҳ Ниёзӣ дар Тошканд низомии обурӯманд, ҷонишини фармондеҳ- буданд. Ба Душанбе оварданашон хизмати домулло Айнӣ буд. Масъала дар Тошканд ҳал нашуд, ба Маскав баромаданд. Албатта бо кумаки домулло Ғафуров.

Дар акс: Генерал Хуршед Нӯъмонов, Шариф Ҳамдампур ва Шавкат Ниёзӣ

 Бародарам Фотеҳ Ниёзӣ чун садҳо аҳли зиёи  Самарқанду Бухоро ба Душанбе кӯч бастанд, аз ҷумлаи фотеҳони замини навшудгори фарҳанги Тоҷикистони навбунёд буданд, дар вазифаҳои котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», маҷалаи «Шарқи сурх», ҷонишини Раиси Иттифоқи нависандагон, муовини Раиси Кумитаи радио ва телевизион кор карданд. 

– Шумо бо таассуф ин куч бастанро ёдовар шудед.

– Таассуфи ман аз дигар чиз аст. Падарам мегуфтанд, ки имкон дошт ин сарнавишти талх ба сари мардуми тоҷик наояд, дар Самарқанду Бухоро таҳҷоӣ монанд.

– Чӣ гуна? Падаратон чикора буданд?

– Ин қиссаи тӯлонӣ аст.

– Берун барф меборад, хона гарм, оши палавро хурдем, ман саросема нестам.

Шавкат Ниёзӣ аз тиреза ба барфи лак -лакӣ  назар карданду як нигоҳ ба хоҳарзодаашон ва писарашон Азиз андохтанд, ки масруфи суҳбат буданд. Сипас, ба ман наздиктар нишаста, паст паст ба сухан оғоз намуданд. Ба назар чунин мерасид, ки намехостанд гапашонро каси дигар гӯш кунад. 

«-Ман тоҷик» гуфта ҷон доданд

Бобоям баззоз буданд, Шокирҷони баззози Самарқандӣ мегуфтанд. Сармоядори ҳамон давру замон, фабрикаи шоҳибофӣ доштанд. Афсус, ки инқилоб ин гуна одамонро аз реша канд. Не, шумо фикр накунед, ки ман ношукрӣ аз даврони Советӣ мекунам. Замони хуб буд, аммо камбудӣ ҳам дошт. Одами нав месозам гуфта, решаи ҳазорсоларо сӯхт. Коргару деҳқон бунёдкоранд, аммо зӯри ақл чизи дигар. Ба ақл такя накард, зиёии пешраву пешбинро кушт. Такрори он солҳо хатар дорад, ба он роҳ додан лозим нест. Одам як бор ба чоҳ меафтад. Мо тоҷикон ғалатҳои гузаштаамонро набояд такрор кунем.

— Хуб,-  қулти чойро фурӯ бурда, ба суханашон идома доданд, Ниёзӣ, баззозӣ дар авлоди мо меросӣ буд. Авлодамон, тарафи падариам самарқандӣ, тарафи модариамон аз Исфара, аниқтараш исфарагиҳои Қӯқанд. Дар Қӯқанд гузари исфарагиҳо ҳаст. Бобокалонам Сӯфирозиқ он ҷо дӯкон доштанд. Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Муқимӣ ҳам дар ҳамин гузар зиндагӣ мекарданд. Аслан Қӯқанд макони зисти тоҷикон буд. Сиёсати нодурусти тақсимоти ҳудудӣ аз рӯи миллат, халқу қавмҳоро душмани ҳамдигар кард. Фикр мекунед дар Тошканд ҳама тошкандиҳоянд? Не. Зиёиёни Бухорою Самарқанду водиии Фарғона он ҷо сукунат доштанд. Шумо насли ҷавони даврони охири Ҳукумати Советӣ ҳастед, муборизаҳо, азобу уқубати зиёиҳоро намедонед. Намедонед, ки онҳо  «- Ман тоҷик» гуфта ҷон доданд. Ҳоло, ки давлат дорем, мушт ба сари сина задан осон. Худо аз бедавлатӣ паноҳ диҳад.

– Дар бораи Набиев шунидагӣ доред?-   бодиққат ба рӯям нигоҳ карда пурсиданд Шавкат Ниёзӣ.

– Албатта, Котиби КМ, Президент буданд.

– Не, ун Набиев не. Рашид Набиев, олим, аъзо корреспонденти АИ Ӯзбекистон буданд. Китоби «Аз таърихи хонигарии Қӯқанд»– а навиштагӣ.

– Бале, маълумот дорам. Замони Шӯравӣ ин китобро чун «Тоҷикон» нобуд карданд. Муаллифаш ҳам аз ноиби президентии АИ барканор шуд, асрори маргаш (соли 1986) то ҳануз ба касе рушан нест. 

– Хуб, ки маълумот доштаед. Ана, ҳамин Рашид Набиев ҳам, ҳамсолои бародарам Фотеҳ Ниёзӣ буданд, соли 1912 дар Самарқанд таваллуд шудагӣ. Муаллифи китобҳои «Таърихи халқҳои Ӯзбекистон», «Таърихи Ӯзбекистон», «Таърихи Самарқанд»… Аммо дар ягон ҷой номи китоби  «Аз таърихи хонигарии Қӯқанд» нест. Ҳарчанд китоб дар нашриёти  «Фан»- и, Ӯзбекистон, соли 1973 чоп шула буд.

– Шунидагӣ будам, аммо тафсилоташро намедонам.

– Чунки дар ин китоб омадааст, ки тоҷикон мардуми муқимии Қӯқанд ҳастанд, ҳамаи матнҳои таърихии дар китоб овардашуда тоҷикианд. Барои ҳамин китобро аз ҳама мағозаю китобхонаҳо ҷамъ карда, нобуд сохтанд. Мувофиқи маълумоти ман раҳматӣ Набиев як миқдорашро байни ду девор пинҳон карда, аз болояш андова карда буданд. Намедонам онҳо дар куҷою дар кадом ҳолат бошанд. Шояд ворисонашон донанд. Афсӯс, ки насли имрӯза ба таърих таваҷҷӯҳ надорад. Таърих, ки набошад реша нест. Реша, ки нест, дарахт хушк мешавад. Ман китоби шумо «Тоҷикон дар сӯҳбати Ғафуров бо Сталин» ро хондам. Анча хизмат кардаед. Хизмати домулло Ғафуровро донистан даркор. Айни ҳамин хизмата Шароф Рашидов барои Ӯзбекистон кард. Мардуми ӯзбек давраи роҳбарии ӯро эҳёи Ӯзбекистон медонанд. Аммо намедонам ҳамин хел одами бофарҳанг, қадрдони аҳли илму фарҳанг барои чи олими номдор Раҳим Набиевро аз вазифаи ноиби Президентии АИ Ӯзбекистон холӣ кард. Барои тоҷик буданаш бошад? Инро бояд муҳаққиқон тадқиқ кунанд. Ин кори Иттифоқи нависандагону Академияи Илмҳост. Тоҷикистону Ӯзбекистон зери як бом ҳам бошанд, ҳаво дигар. Дар даҳ соли роҳбари аввал будан домулло Ғафуров илм, адабиёт, фарҳанги дар замин бударо савори аспи зиндор карданд, аммо роҳбари баъди он кас омада ин ҳамаро аз болои асп гирифту ба замин зад. Ёбеду гиред! Роҳбар бояд дурандеш бошад, агар қасдгиру масти ғурур бошад, ин шикасти миллат аст.

– Аз решаи авлоди шумо сар кардему дастамон ба решаи дарахти миллат рафтем.

– Тасаввур кунед, ки миллат боғ аст, афроди он дарахти ин боғ. Ҳосил аз чи вобаста аст? Албатта аз бори дарахт. Авлоди мо ҳам ҷузъи ҳамин миллат аст.

Падарам се зан гирифтагӣ. Зани якумашон духтари Мавлонбойи Самарқандӣ. Аз ӯ як писар ба дунё омада – Иброҳимҷон Ниёзӣ. Ҳангоми таваллуди фарзанди дуюм ҳамсарашон сари хишт мераванд. Зани дуюмашон аз хешовандони худашон буд. Аз вай ҳам як писар боқӣ мондагӣ –  Сулаймонҷон Ниёзӣ. Он кас иқтисодчии намоёни Самарқади навин, як ҷо бо бародари Файзулло Хоҷаев – Ҳамрохон таҳсил кардагӣ, дӯсту бародари наздик буданд. 

Падарам, тоҷири сию чорсола,  ба Қӯқанд мол меоварданд, хонаи  Ҳакимҷони дӯкондори исфарагӣ мефаромаданд. Чашмашон ба духтари Ҳакимҷон – Олия меафтад. Ба Олия, ки  он вақт 14 сол доштанд, дил мебанданд. Хостгорӣ мекунанд, ба никоҳашон медароранд. Ин соли 1911 буд. Аз Олия мо се писару ду духтар: ман, Фотеҳ Ниёзӣ (таваллудашон соли 1914), Довуд. Бародарам Довуд барвақт аз олам гузаштанд. Хоҳари калониам – София Муҳаммедовна Ниёзӣ доктори илми тиб  ҳамсари академик Баҳовиддинов, хоҳари дуюмам Нуъмонова Ҳанифа  ҳамсари академик Нуъмонов буданд.

– Хонадони шумо ҳама аҳли зиё. 

– Дар замини хушк дарахти мевадор намешавад. Охири асри 19 ибтидои асри 20 мардуми Самарқанду Бухоро ба фарзандашон баробари саводи динӣ, саводи нав меомӯзонданд, онҳоро  ба Фаранг (Аврупо) хондан мефиристоданд. Бобои ман ҳам падарам Муҳаммадҷонро хондан ба Санк Петербург мефиристанд, баъдтар дар Олмон таҳсил мекунанд. Медонед барои чи 3000 ҷавонбухориёнро амири манғитӣ аз теғ гузаронд? Барои он ки…

(Давом дорад)

Шариф ҲАМДАМПУР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Абдуҳамид Тағоев 19.06.2021 00:20

    Салом, Шарифҷон!
    Хушбахтона, нусхаи электронии китоби Рашид Набиев «Из истории Кокандского ханства»-ро метавонам ройгон пешниҳод кунам. Файлро аз сомонаи шахсии ман бо нишонии доимии https://zarowadk.ru/history_txa#nabiev1 метавонед дарёфт кунед.
    Бо эҳтиром ҳамфакултаи собиқатон Абдуҳамид Тағоев.
    18.06.2021.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.