Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ширин Амонзода ба хабаргирии Раъно Насриддинова омад

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ҳоли Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар беморхона хабар гирифт.

“Дар ҳоле, ки аз шиддати дард лаб мегазад, аз шунидани номи китоб чеҳрааш пуртабассум мегардад, мешукуфад. Раъно воқеан мубориз аст, дардро бо хониш саркӯб мекунад. Шифои оҷилу комил бароят, духтари хонову донои миллат!”, – навиштааст вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар саҳифаи Фейсбук.

 Сомонаи pressa.tj  чанд рӯз пеш аз бемории Раъно  Насриддинова, ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ ”ҷарроҳиро аз сар гузаронида, дар беморхона аз бемории куррӯда азият кашидааст.

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 28 – и деҳаи Сори шаҳри Панҷакент аст, ки дар моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.