Тақвими рӯз: Аз мавлуди Аскар Ҳаким то рӯйдодҳои ҷаҳон

Имрӯз, 10 октябр мавлуд доранд:

Рауф Баротов (1921-2013), 100-солагии зодрӯзи доктори илми геология, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.

Ҷумъа Зокир (1951), 70-солагии зодрӯзи журналист.

 Ҳикмат Одинаев (1946), 75-солагии зодрӯзи генерал-майор.

Абдулҳамид Паҳлавонов (1941-2009), 80-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ, профессор.

Эркин Сайфиддинов (1931-2006), 90-солагии зодрӯзи рассом.

Аскар Ҳаким (1946), 75-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Холбиш Шерматова (1926), 95-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ.

Александр Эделман (1926-1956), 95-солагии зодрӯзи адабиётшинос.

Тоиба Алиаскарова (1936), 85-солагии зодрӯзи шарқшиноси озар, муҳаққиқи забони форсӣ.

10 октябр таҷлил карда мешавад:

Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»

***

Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.

Рӯйдод:

 10 октябри соли 1997 дар Билбаои Испания яке аз калонтарин намоишгоҳи рассомӣ бо дарозии 137 м ва паҳноии 30 м кушода шуд.

***

10 октябри соли 1960 аз таъсири тӯфони шадид дар якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон дар халиҷи Бенгал тақрибан 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

10 октябри соли 1995 чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони чемпионии худро дар бозӣ бо шоҳмотбози ҳинд Виши Анандом ҳифз намуд.

***

10 октябри соли 2006 шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ба кор оғоз намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *